Оид ба буду бош дар ФР ва ба тартиб даровардани иҷозатнома барои анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ

147 просмотров

 

 

  1. Шаҳрванди ҶТ аз лаҳзаи ворид шудан ба қаламрави ФР дар муддати 15 рӯз бояд худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузорад.

 

  1. Бақайдгузории муҳоҷиратӣ огоҳ намудани Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД  ФР оид ба ҳозир шудани шаҳрванди хориҷӣ ба макони буду боши худ дар қаламрави Россия мебошад.

 

  1. Пас аз гузоштан дар қайди муҳоҷиратӣ, шаҳрванд дар ҳудуди ФР ҳуқуқ дорад то 90 рӯз буду бош намояд (агар патент нагирифта бошад) ва то ба охир расидани мӯҳлати 90 рӯза аз қаламрави ФР бояд барояд ва берун аз он 90 рӯз бошад.

 

  1. Агар шаҳрванд мақсад гузоштааст, ки дар қаламрави ФР то 15 рӯз буду бош намояд, аз қайди муҳоҷиратӣ озод аст.

 

  1. Барои гузоштан дар қайди муҳоҷиратӣ, шаҳрванд дар якҷоягӣ бо ҷониби қабулкунанда (соҳибмулк, корфармо) ба Сарраёсати минтақавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР рафта, шиноснома ва корти муҳоҷиратиро бояд пешниҳод намояд.

 

  1. Пас аз гузаштани қайди муҳоҷиратӣ, ҷониби қабулкунада ба шаҳрванд қисмати ҷудошавандаи огоҳномаро оид ба қайд медиҳад.

 

  1. Ҳангоми истиқомат дар меҳмонхона, муассисаҳои иҷтимоӣ ё тиббӣ ин муассисаҳо худашон шаҳрванди хориҷиро ба қайди муҳоҷиратӣ мегузоранд.

 

  1. Шаҳрванд бояд ҳамеша бо худ ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошад:
  • шиносномаи хориҷӣ;
  • корти муҳоҷиратӣ;
  • чипта (агар ба сафари хизматӣ омадааст ё ба мӯҳлати кӯтоҳтарин);
  • огоҳинома оид ба қайди муҳоҷиратӣ.

 

  1. Ҳамчунин, шаҳрванд ҳуҷҷатҳои номбаршударо барои эҳтиёт нусхабардорӣ намуда, онҳоро бояд дар ҷои истиқомат нигоҳ дорад.

 

  1. Шаҳрванд дар хориҷа бояд ба намуди зоҳириаш эътибор диҳад. Дар хотир дорад, ки муносибати атрофиён бо ӯ ба рафтори шоиста, муоширати бомаърифат ва сару либоси тозаю озода вобастагӣ дорад. Аз истеъмоли машруботи спиртӣ, маҳсулоти тамоку ва ғизо дар ҷойҳои ҷамъмиятӣ ва дар нақлиёт, ба ғайр аз ҷойҳои махсуси бо ин мақсад муқарраршуда худдорӣ намояд.

 

  1. Дар хориҷа дар ҷойҳои беодам шабона безарурат танҳо гаштугузор накунад. Ҳангоми эҳтимолияти ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои ҷанҷолӣ ҳеҷ гоҳ кӯшиши мустақилона ҳал кардани онро пеш нагирад. Дар чунин вазъият, вобаста ба имконият, ҳатман ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муроҷиат намояд. Ба урфу одатҳои мардуми таҳҷоӣ ҳамеша бо эҳтиром муносибат намояд.

 

  1. Ҳангоми ба тарафи шаҳрванд муроҷиат кардани корманди политсия шаҳрванд бояд ба либос ва рақами шахсии ӯ диққат диҳад. Дар асоси талаби шаҳрванд корманди политсия бояд шаҳодатномаи хизматии худро нишон диҳад. Агар ҳуҷҷатҳои шаҳрванд дуруст бошанд корманди политсия ҳуқуқ надорад онҳоро мусодира ё ба гарав гирад. Ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони политсия худро озод ҳис кардан лозим аст. Ба саволҳои додашуда бояд бурро ва оромона ҷавоб дод.

 

  1. Дар ҳудуди ҷои зисти муваққатӣ, танҳо корманди политсия, ки дар шуъбаи корҳои дохилии минтақавӣ кор мекунад,ба шаҳрванди хориҷӣ метавонад муроҷиат намояд.

 

  1. Бисёр корфармоён муҳоҷирони меҳнатии худро бо манзил, аз ҷумла хобгоҳҳо таъмин менамоянд. Муҳоҷирони меҳнатӣ низ метавонанд манзилро ба иҷора гиранд ва ба агентиҳои махсуси амволи ғайриманқул муроҷиат намуда, бо онҳо шартномаи хизматрасонӣ ба имзо расонанд.

 

  1. Агар мақсади сафари шаҳрванд ба ФР анҷом додани фаъолияти мехнатӣ бошад, он гоҳ ӯ бояд ҳатман Патент гирад. Патент имконият медиҳад, ки шаҳрванд дар назди шахси инфиродӣ ё юридикӣ фаъолияти меҳнатиро анҷом диҳад.

 

  1. Патентро шахрванд метавонад дар ҳудуди ФР аз мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР дастрас намояд.

 

  1. Дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ баъди воридшавӣ ба қаламрави ФР шаҳрванд ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани Патент ба мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР бояд пешниҳод намояд.

 

  1. Барои гирифтани патент шаҳрванд маълумотномаи тиббӣ оид ба надоштани касалиҳои сирояткунанда ва нашъамандӣ, инчунин маълумотнома оид ба надоштани бемории ВНМО, ки аз ҷониби муассисаи тандурустии ФР дода мешавад, бояд пешниҳод намояд.

 

  1. Мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза ба шаҳрванди хориҷӣ Патент медиҳад. Патент ба мӯҳлати аз 1 то 12 моҳ дода мешавад.

 

  1. Мӯҳлати амали (давомноки) Патент метавонад чандинкарата ба мӯҳлати як (ва зиёда) моҳ тамдид гардад. Мӯҳлати умумии амали Патент бо дар назардошти тамдид бояд аз 12 моҳ зиёд набошад.

 

  1. Мӯҳлати амали Патент он гоҳ тамдидгардида ҳисоб мегардад, агар андоз барои гирифтани Патент пардохт гардидааст. Дар ин ҳолат муроҷиат ба мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР зарур нест.

 

  1. Агар андоз саривақт пардохт карда нашавад, он гоҳ муҳлати амали Патент қатъ мегардад..

 

  1. Барои гирифтани Патент ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намуд:
  • ариза оид ба гирифтани Патент;
  • шиноснамаи хориҷӣ;
  • варақаи муҳоҷиратӣ бо нишондод оид ба мақсади сафар- “Работа” ва бо қайди мақомоти сарҳадӣ оид ба воридшавӣ ба ФР ё бо нишондоди мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР дар бораи дода шудани варақаи муҳоҷиратии мазкур;
  • шартнома (ё полис) оид ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;
  • ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба надоштани касалиҳои сирояткунанда ва нашъамандӣ, инчунин маълумотнома оид ба надоштани бемории ВНМО;
  • ҳуҷҷат дар бораи донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР (Сертификат);
  • ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирӣ дар ҷои истиқомат;
  • расид (квитансия) оид ба супоридани ҷарима аз 10 то 15 ҳазор рубл (дар холати пешниҳоди ариза барои гирифтани Патент баъди 30 рӯзи тақвими аз лаҳзаи воридшавӣ ба ФР).

 

  1. Патент  ба шаҳрванди хориҷӣ дар асоси муроҷиати шахсиаш бо пешниҳоди шиносномаи хориҷӣ ва расид оид ба супоридани андоз барои гирифтани патент, дода мешавад.

 

  1. Дар  муддати 2 моҳ аз рӯзи гирифтани Патент, муҳоҷири меҳнатӣ нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шахси-ҳуқуқиро оид ба иҷрои корҳо (пешниҳоди хизматрасониҳо) ба мақомоти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД  ФР, ки Патентро додааст, бояд пешниҳод намояд.

 

  1. Шаҳрванди хориҷӣ бояд ҳар 3 моҳ барои қайди такрорӣ ба мақомоти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР муроҷиат намояд.

 

  1. Муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрванди ҶТ ҳуқуқ дорад бо корфармои ФР шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шахсӣ-ҳуқуқиро оид ба иҷрои корҳо ба мӯҳлати то 3 сол ба имзо расонад.