Оид ба сафар намудан ва ворид шудан ба ФР

157 просмотров

 

 

  1. Шаҳрванд ҳангоми ба фурӯдгоҳ ва ё  истгоҳи Роҳи Оҳани ҶТ ё мошингард ворид шудан, варақаи дохилии рафту омади шаҳрвандони ҶТ бояд ҳатман пур намояд, ки он барои баҳисобгирии шаҳрвандон зарур аст. Варақаи мазкур пур карда шуда, пеш аз сафар ба намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии ҶТ супорида мешавад.

 

  1. Дар дохили ҳавопаймо ё қатора ва ё нуқтаҳои гузариши сарҳади ФР ба шаҳрванд корти муҳоҷиратӣ дода мешавад. Он аз ду қисм иборат буда, бояд бо забони русӣ пур карда шавад. Шаҳрванд бояд корти муҳоҷиратиро дуруст пур намояд (Замимаи 3. Корти муҳоҷиратӣ).

 

  1. Агар шаҳрванд бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ба ФР рафта истодааст, дар корти муҳоҷиратӣ дар қисми мақсади ворид дар зери калимаи “Работа” ҳатман бояд хат кашад.

 

  1. Пеш аз ворид шудан ба қаламрави Россия шаҳрванд корти муҳоҷиратиро бо шиносномааш бояд ба корманди сарҳадоти Россия супорад, то ин ки дар онҳо муҳр гузошта шавад.

 

  1. Пас аз гузаштани сарҳадот, шаҳрванд бояд қисми дуюми корти муҳоҷиратиро то бозгашт ба Ватан бо худ нигоҳ дорад.

 

  1. Дар мавриди гум кардани варақаи муҳоҷиратӣ дар муддати 3 рӯз ба шаҳрванд лозим меояд, ки ба мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ФР барои гирифтани нусхаи дуюм (дубликат) муроҷиат намояд.  Гирифтани дубликат Ройгон аст.

 

  1. Шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсадҳои шахсӣ, сайёҳӣ ва дигар ба ФР ворид мешаванд, дар асоси қайди муҳоҷиратӣ ҳуқуқи буду бошро то 90 рӯз доранд. То ба итмом расидани ин мӯҳлат шаҳрвандон бояд қаламрави ФР тарк намоянд ва танҳо баъд аз 90 рӯзи дигар ҳуқуқи такроран воридшавиро ба ФР доранд.