Қадами2. Омадан ба Россия

177 просмотров

 

Дар дохили тайёра ё қатора ва ё дар нуқтаҳои гузариши сарҳади Россия ба Шумо варақаи муҳоҷиратӣ дода мешавад. Он аз ду қисм иборат буда, бояд бо ҳуруфи лотинӣ ё бо забони русӣ пур карда шавад.

Дар баробари воридшавӣ ба қаламрави Россия ба Шумо зарур аст, ки ба намояндагии Хадамоти сарҳадии Россия шиносномаи хориҷӣ в аду қисми пурнамудаи варақаи муҳоҷиратиро пешниҳод намоед: як қисми варақаи муҳоҷиратиро пас аз қайд намудан Шумо бо худ нигоҳ доред.

Муҳиммаш:Варақаи муҳоҷиратӣ, ки онро Шумо бояд ҳамеша якҷоя бо шиносномаи хориҷӣ бо худ дошта бошед, ба Шумо ҳуқуқи дар ҳудуди Россия то 90 рӯз дар давоми 180 рӯз будубош намуданро медиҳад. Дар мавриди гум кардани варақаи муҳоҷиратӣ дар муддати 3 рӯз зарур аст, ки ба мақомоти ҳудудии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия барои гирифтани нусхаи дуюм (дубликат) муроҷиат намуд (ройгон).