Вазорати сохтмони Русия мехоҳад ба Ҳукумат пешниҳод кунад, то вуруди муҳоҷирон ба кишвар содда гардонда шавад

123 просмотров

 

Вазорати сохтмон барои содда кардани вуруди муҳоҷирон дар сохтмонҳо, ба ҳукумат пешниҳод омода кардааст.

         “Вазорати сохтмони Русия масъалаи содда гардонидани вурудро барои муҳоҷирон барои кор дар якчанд объектҳои сохтмонии манотиқи Русия, баррасӣ дорад”, – омадааст дар хабарнома.

Дар баробари ин гуфта мешавад, ки вуруди муҳоҷирон танҳо барои ширкатҳое иҷоза дода мешавад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя менамоянд.

Интизор меравад, ки Вазорат шумораи муайяни муҳоҷиронро барои анҷоми кор дар муҳлат муайян мекунад.

Ин пешниҳод ҳамчунин ба Роспотребнадзор ва ФМС низ равон карда шудааст.

Муҳоҷирон дар навбати худ вазифадор мешаванд, ки зимни вуруд ба кишвар бо худ ташхиси манфӣ аз коронавирусро, ки на пештар аз се рӯз санҷиш шудааст, дошта бошанд.

Пештар хабар дода шуд, ки норасоии муҳоҷиронро дар сохтмонҳо мешавад аз ҳисоби занони маҳаллӣ ҷуброн кард.

Аз авоили соли 2021 қарори Вазорати сохтмон оид ба бештар намудани рӯйхати касбҳои ҷоиз барои занон, ба амал хоҳад даромад.