Хатари терроризм ва ифротгароӣ ба олами муосир

106 просмотров

Дар олами муосир хатари терроризм ба гуруҳҳои ифротгарои яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мариди омӯзиш тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳад намуд. Ба ин маъни омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаҳои он бевосита пайваст ҳам набошад ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигаре экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамояд.

Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажуҳишгоҳҳи илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёнҳои экстремизми сиёсӣ ва терроризм пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канораи таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, бо ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз хотири зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд.

Дар марҳалаи кунуни мафҳуми терроризм ва ифротгарои динӣ ба худ маънии васеътар пайдо кардаст. Дар зери мафҳуми ифротгароии динӣ муқаррароти устувори динӣ ё яке аз намудҳои шуури динии муосир фаҳмонида мешавад. Сарфи назар аз он, ки дар заминаҳои гуногуни динӣ зуҳуроти тамоили ифротгароӣ сабабҳои гуногун дорад. Дар бори ифротгароии динӣ ҳамчун ҳодисаи махсусе сухан рондан мумкин аст, оғози арзи вуҷуд кардани он ба солҳои 70-80-уми Қарни ХХ рост меояд. Инро мо дар Шарқ дар мисоли ҳаракати “Толибон”, “Ал-қоида” ва “Ҳизб-ут-таҳрир” мушоҳида карда метавонем. Дар ғарб бошад, ифротгароии масеҳӣ низ вомехӯрад. Инро мо аз масхараю ҳаҷв кардани Қуръони Шариф аз тарафи Салмон Рушдӣ ва Пайғамбари ислом аз тарафи рассом аз Дания мисол оварда метавонем. Воситаи ахбори аксарияти мамолики Ғарб ин маводро ҳамчун сенсатсияи хурсандона чоп карданд ва касе аз нашриёти ин кори ифротгарои ҷазое надид. Фаъолияти ташкилотҳои зиддиисломӣ дар Ғарб бо номи “Не Ислом” – ро низ бояд ном бурд.

Ба ин маънӣ дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ ва байналмиллалӣ мебошад. Хусусан дар охири солҳои 70-уми ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт. Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукамали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим даровард ва идора намояд.

Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсати ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанавӣ дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дуниявӣ ва динӣ, ки дар шуури ҷамъиятии миллатҳои мусулмон хеле аниқреша давонидааст, низ нақши хеле муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур бештар дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои сиёсӣ, ки барои ба ормонҳо ва меъёри исломӣ мутобиқат сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роиҷ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд. Хусусан баъди суқути Иттиҳоди Шуравӣ ҷуғрофиёи амалкардаи созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд. Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиносӣ тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаҳои  нави диниву сиёсӣ “аз наздик шинос шуда”, характеру аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем. Ҳамчунин аз тариқи омӯзиши бонизомии ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсииТоҷикистон аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Аз ин сабаб мо бояд дар раванди омӯзиши таърих ва идеологияи ин созмонҳо ва ҳаракатҳои дуруст муайян намоем ва кадоме аз ин ҳаракатҳо бо набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок аст, аз бар намоем. Ҳамчунин натиҷаҳое, ки аз таҳқиқи ин масъала ба даст оварда мешаванд, барои матлаҳ кардани усулҳои илмиву амалии муносибати ҳуқуқӣ бо чунин падидаҳо ва ба мақоми салоҳиятдори давлатӣ пешниҳод кардани тавсияҳои заруриву саривақтӣ кӯмак мерасонанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқи гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистон соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дошта, онро дар мадди аввал гузошта, сармашқи фаъолияти хеш қарор додааст.

Воқен таъсир ва ташаккули равияи террористӣ ба фазои ҷаҳони ислом таҳдид намуда истодааст. Ҳаёти кишварҳои мусулмонӣ имрӯз нишон медиҳанд, ки таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар минтақа ва дастгирӣ ёфтани онҳо аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонӣ як мушкилоти сарбаста шудааст. Пайванд кардани фаъолияти ин ҳизбу ҳаракатҳо бо ислом масъаларо боз ҳам мураккабтар мегардонад. Бинобар ин дар чунин вазъият моро зарур аст, ки арзишҳои миллӣ ва диниро ҳифз намуда, нақши онҳоро дар ҳаёти ҷомеа муайян созем.

Чи тавре маълум аст, дар баробари ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ дар зери таъсири гурӯҳҳои алоҳидаи дохилӣ ва хориҷӣ раванди эҳёи дин хусусияти ифротгароӣ касб (пайдоиш ва ташаккули ҲНИТ) намуд. Ҷиҳати пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб ва оқибатҳои иртиҷоии он, баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабии мардуми шарифи тоҷик зарурати аз нигоҳи қонунгузорӣ танзим намудани масоили динӣ пеш омад. Хушбахотна баъд аз ба даст овардани истиқлолият соли 1994 ва 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар асоси таклифу пешниҳодоти мардуми кишвар қабул гардид. Мақсад аз қабули қонуну қарорҳои мазкур танзим ва таъмини фаъолияти ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ ва ҳифзи дини мубини ислом аз ҳама гуна хурофоту одатҳои асримиёнагӣ ва ифротгароӣ буд. Зеро имрӯз дини мубини ислом аз ҷониби баъзе гурӯҳҳо дар шаклҳои гуногун ҳамчун омили низоъ ва муноқишаҳо истифода шуда истодааст.  Дар ин замина мо бояд таҳдид ва хатарҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризмро, ки хусусияти динӣ касб кардаанд ва таҳдид ба ҳаёти мусулмонон ва умуман ислом доранд, муайян намуда, интишори онҳоро дар ҷомеа пешгирӣ намоем.

Аз таҷрибаи ташаккули тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм дар гузашта то қадри имкон маълум шуд, ки он падидаи манфии сиёсӣ буда, ҷаҳони имрӯзаро ба худ нигарон намудааст. Ин падидаҳои манфӣ бо ҳам робитаҳои асосӣ доранд, чунки тундгароӣ омили пайдоиши ифротгароӣ буда, дар навбати худ сабаби пайдоиши тозаҳуроти террористӣ мебошад.

Имрӯз ҳамаи мо тариқи моҳвораву шабакаҳои интернетӣ ва дигар васоити ахбори омма огоҳ ҳастем ва дида истодаем, ки дар ҷаҳони ислом ваъият чӣ гуна ноорому мудҳиш аст. Таҳлили коршиносон нишон медиҳад, ки расонаҳо ва технологияҳои иттилооти муосир, ба вижа шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси ифротгарову фитнаҷӯ барои таблиғи ақидаҳои тундгароёнаи худ моҳирона истифода мешаванд.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метвон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаи охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутасифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон нооромссохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тадриҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Махсусан ин нуқтаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи “мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ”ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрӯз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсадӣ амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Дар шароити кунунӣ манфиатҳои сиёсии абарқудратҳо дар зери шиору ҳизбу эҳёи ислом тарғиб гардида, омилҳои динӣ асоси нооромиву низоъҳо дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла олами ислом гашта истодаанд. Мутассифона доираҳои муайяне дар минтақа мавҷуданд, ки дар ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои минтақа даст дошта, бо ин роҳ мехоҳанд, ҳадафҳои иқтисодии худро пиёда созанд. Ин гурӯҳҳо маҳз аз заъфии дониши дунявию динии мардум истифода намуда, зери шиори “ҷиҳод” сохтори мавҷудаи кишварҳоро фалаҷ карда истодаанд, ки аз ин вабои идеологӣ ягон давлат эмин бурда наметавонад. Зеро технологияи муосир пайвандгари ин равандҳо мебошад.

Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахусус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои терорристӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амниятӣ дастаҷамъӣ сурат мегирад. Ғайр аз ин як қатор созмонҳои амниятӣ ки тибқи маълумоти мавҷуда дар ҷаҳон имрӯз аз 100 созмонҳои бузургу хурди террористӣ амал менамоянд, ки пеши роҳи ин тундгароёну террористонро гирифта наметавонанд.

Махсусан воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Покистон, Афғонистон, Лубнон, Белгия, Украина мушоҳида менамоем. Вале пайванд хурдани фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ  бо сиёсат имрӯз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сурия ва Лубнон таҷрибаи амалии худро пайдо намуда, ҳадаф на террори ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад.

Ҳаёти воқеи нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа бо таври муътадил фаъолият намудани мақоми ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфи имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмиллалӣ эътироф карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халадор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиётӣ тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Ёдрас намудан ба маврид аст, ки амалҳои террористӣ дар Қодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаҳои 179 ва 180 бандубаст карда шудааст. Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсадҳои онҳоро чунин шарҳ медиҳад: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амниятӣ ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлуқа овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро дар маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули карори ғайри ҳуқуқӣ мебошад, ки ба манфиати онҳост ва ё бо мақсади резонидани обрӯ ва мазалати мақоти давлатист”. Мутассифона дар натиҷаи чунин амалиёти террористии бо номи исломиҳо шумораи зиёди аҳолии бегуноҳ ба ҳалокат расида, нисбат ба дини мубини ислом ҳисси бадбинии мардуми ғайримусулмонро ба вуҷуд оварда, барои пешрафти давлатҳои мусулмонӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод намуда истодааст. Паёмадҳои амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бешубҳа на ба манфиати башарият ва на ба манфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Хисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои террористӣ низ беҳисоб аст.

Бо назардошти таҷрибаи солҳои 1990 – 1992 барои Тоҷикистони тозаистиқлол зарурат пеш омад, ки низоми сиёсиро интихоб кунад, то ин ки тавозуни идеологиро дар ҷомеа таъмин намуда, мақом ва нақши арзишҳои миллӣ  ва диниро дар ташкили давлатдории миллӣ муайян созад. Бинобар ин мардуми тоҷик бо роҳбарии ҳукумати кишвар низоми давлатдории дунявиро, ки таҷриба давлатдории миллатҳои гуногун мебошад, интихоб карда, мақому нақши онро дар доираи қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст. Принсипи асосии муносибати давлат ба дин дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пуррагӣ дарҷ гардидааст. Дар он дунявӣ ҳамчун низоми давлатдорӣ бо назардошти ба вуҷуд овардани шароиту имкониятҳои миллию динӣ ба расмият дароварда шуда, он тағйирнопазир мебошад. Муҳимтар ҷанбаи дунявият дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки дунявият ба сифати идеологияи расмӣ пазируфта нашудааст. Он ҳамчун арзиши ғайридинӣ принсипи гуногун ақидавиро барқарор намуда, имкон медиҳад, ки ҳеҷ кадом ақида ба ҳайси идеологияи давлатӣ ё умумихатмӣ пазируфта нашавад.

 

                                                                        Сайлон Муллоева

                                          омӯзгори МТМУ-и № 21 ноҳияи Ишкошим