Татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020

169 просмотров

Тавре бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб иттилоъ дод,  14-уми декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи гурӯҳи кори ноҳиявӣ оид ба татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 бо иштироки муовини раиси ноҳия Маҳтоб Қосимзода баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур сардорони раёсат, шуъба, бахш ва раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

Сараввал муовини раиси ноҳияи Варзоб Маҳтоб Қосимзода рӯзномаи маҷлисро ба аъзои гурӯҳи корӣ шинос намуда, баъдан иброз намуданд, ки бо дарназардошти он ки қишри зиёди ҷомеаи моро ҷавонон ташкил медиҳанд, аксари падидаҳои номатлуб ва таҳиягарони онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа таъсир расонида, қувваи бузурги онҳоро барои ҳадафҳои ғаразноки хеш истифода намоянд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки ҷавонон ва сафарбар намудани қувваи бузурги онҳо ба корҳои ҷамъиятӣ ва созандагию бунёдкорӣ яке аз самтҳое ба ҳисоб меравад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдому пешниҳодоти ин табақаи фаъолу созандаро пайваста дастгирӣ намуда, ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Сипас аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома иҷрои параграфи 8-и Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 (кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ) мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб Орифҷон Олимзода баромад намуда, дар баромади худ қайд намуд, ки ҷиҳати пешгири шомилшавии ҷавонон, занон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар вохӯриҳои доиршуда ба ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва волидайни онҳо ҷиҳати доштани эҳтиром ва арҷгузорӣ ба сунатҳову арзишҳои миллӣ, аз байн бурдани пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллати тоҷик бегона, дарки масъулият дар тарбияи фарзанд, дар муҳоҷират бовар накардан ба ваъдаҳои холии гурӯҳҳои даъваткунанда байни аҳолии ноҳия корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бурда мешавад.

Инчунин, иброз намуд, ки шаҳрвандони ноҳияи Варзоб пеш аз сафар ба хориҷа ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия муроҷиат намуда, оид ба қонунгузории давлати қабулкунанда ва хатарҳои терорристию экстремистӣ машварат гиранд.

Баъдан аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома иҷрои банди 5-и Нақшаи амал доир ба амалишавии Стратегияи мазкур (огоҳонӣ аз экстремизм ва тундгароии ба терроризмбаранда дар байни ноболиғон ва ҷавонон) мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ҷамолидин Оев баромад карда, иброз намуд, ки бо мақсади пешгирии дастзадани наврасону ҷавонон ба амалҳои номатлуб ва ҷалби бештари онҳо ба варзиш дар қаламрави ноҳия толору майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуд, ки наврасону ҷавонон ба варзиш машғул шаванд.

Ҳамчунин аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи мазкур мутахассиси пешбари шуъбаи аттестатсионии раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Хуршед Ниёзов суханронӣ намуда қайд намуд, ки барои даст назадани ҷавонону наврасон ба ин амали номатлуб дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия маҳфилҳои шоҳмот, дарсҳои кушод ва маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шуд.    Инчунин, байни хонандагон иншои беҳтарин дар мавзӯъҳои “Терроризм ва экстремизм вабои аср”, “Терроризм-хатари ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва роҳҳои пешгирии он”, “Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва ғайра гузаронида шудааст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси миллии ҷавонон нақши созгор хоҳад бозид.

Дар фарҷоми ҷаласа аз тарафи муовини раиси ноҳия ба аъзои гурӯҳи корӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

                                                                                          Бахши Хадамоти

                                                                      муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб