Корҳои таблиғотӣ гузаронида шуд

112 просмотров

 

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб якҷоя бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия дар ҳудуди деҳаҳои Зидеҳ, Варзоб-Қалъа, Сарикутал ва Харангон бо сокинон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳли оилаи онҳо бо мақсади тақвият бахшидан ҷиҳати тадбирҳои иловагӣ оиди пешгирӣ аз сироятёбии бемории “Коронавирус” COVID-19, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои таблиғотӣ гузаронид.

Тавре бахши Хадамоти муҳоҷират хабар дод, аз тарафи шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳияи Варзоб бо мақсади омодасозии сатҳи баланди безараргардонии аҳолӣ оид ба пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави “Коронавирус” (COVID-19) хонаҳои истиқоматии беморони гирифтори COVID-19, муассисаи давлатии беморхонаи марказии ноҳия, марказҳои саломатии деҳотӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия,  ташкилоту корхонаҳои ҳудуди ноҳия ва ҷойҳои ҷамъиятиву партовҷойҳо корҳои безараргардонӣ ба анҷом расонид.

Бояд гуфт, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи давлатии беморхонаи марказии ноҳияи Варзоб таҷҳизотҳои зерин аз қабили ИВЛ 3 адад, ҳавотозакунак 1 адад, таҷҳизоти қандсанҷӣ 2 адад, дефибилятор 1 адад, халати амбу 10 адад, обияткаши хирургӣ 2 адад, несту нобуткунии сӯзандоруҳо 1 адад, манитори мизии бемор 3 адад, дастгоҳи сабти барқии дил 1 адад, лорингоскоп 3 адад, газоанализатор 1 адад, маҷмӯи рахти хоб 12 адад, кати функсионалӣ 3 адад, кати интиқолдиҳандаи бемор 1 адад, ниқоби яккаратаи тиббӣ 30 ҳазор дона, хилъати муҳофизатии сарпӯшдор 1170 адад, хилъати яккаратаи таъмизнашуда 800 адад, пешдоман 800 адад, айнаки муҳофизатӣ 400 адад, маҳлулҳои безараркунанда барои даст 950 литр ва маводҳои доруворӣ дастрас карда шуд.

Муассисаи мазкур 6 ҳуҷраи изалиатсионӣ барои назоратшавандагони ҳарораткарда ташкил карда шуда, бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ муҷаҳаз гардонида шудааст. Ҳамчунин ҷиҳати захираи маводҳои доруворӣ, таҷҳизоту ҷиҳоз ва молҳои содиротии тиббӣ аз ҷумла ниқоби пешгирикунанда ва дастпӯшакҳо таъмин гардидааст.

Бахш ҷиҳати иҷрои саривақтии супоришҳои вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб чораҳои самарабахш меандешад.          Олимзода Орифҷон

                                              мудири бахши Хадамоти муҳоҷират

                                                                                     дар ноҳияи Варзоб