Роҳнамо бо ду забон

117 просмотров

 

 

Филиали «ХЕЛВЕТАС Интеркооперейшинг ГмбХ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 бо мақсади дастгирии раванди гузариш дар кишвари мо тавассути саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии он таъсис дода шудааст.

Дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳоҷир дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Филиали «ХЕЛВЕТАС Интеркооперейшинг ГмбХ» бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо «Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират» татбиқ мешавад, бо забонҳои давлатию русӣ дастурамали «Роҳнамо барои муҳоҷирати меҳнатии бехатар дар Федератсияи Россия» бо теъдоди 500 нусха аз чоп баромад. А. Якимов ва Ф. Шарифов муаллиф – таҳиягари дастурамал буда, онро ҶДММ «Контраст» бо сифати баланд, ранга ба табъ расонидааст.

Бино ба гуфти яке аз муаллифон – таҳиягарон Фирӯз Шарифов лоиҳаи «Беҳтар намудани  некӯаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ду ҳадафи асосӣ дорад:

1.Васеъ намудани дастрасии муҳоҷирони меҳнатии эҳтимолӣ ва оилаҳои онҳо ба иттилоот пеш аз сафар ва фароҳам овардани имконият барои қабули қарорҳои асоснок;

2.Дастгирии оилаҳои муҳоҷирони дар Ватан монда ва муҳоҷирони бозгашта дар беҳтар намудани идоракунии манбаъҳои молиявии онҳо ва сабук кардани оқибатҳои иҷтимоии муҳоҷират;

Дастурамали болозикр барои расонидани кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва онҳое,  ки мехоҳанд ба Федератсияи Россия сафар кунанд ё дар сафар қарор доранд, таҳия гардида, ба таври ройгон тақсим мешавад.

 

                                                              Мардон ҚУРБОНОВ