Агентии авиатсияи гражданӣ: «Somon Air» моҳи январ ба шаҳрҳои Россия 130 парвози махсус анҷом медиҳад

110 просмотров

 

ДУШАНБЕ, 08.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии ватании «Somon Air» тасмим гирифтааст, ки моҳи январ ба шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия ҳудуди 130 парвози махсус анҷом диҳад.

Директори Агентии  авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дархости ширкати ҳавопаймоии ватании «Somon Air» ҷиҳати иҷрои парвозҳои махсус ба шаҳрҳои Федератсияи Россия ба Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо бемории COVID-19 расонида шудааст.

Икром Субҳонзода афзуд, ки дар як рӯз то шаш парвози махсус аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Россия сурат мегирад.  Инчунин интизор меравад, ки моҳи январ 10 парвози махсус дар масири Душанбе-Минск –Душанбе аз сӯи ширкати «Сомон Эйр» анҷом дода шавад.

Мусофироне, ки ба ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотномаи ташхиси COVID-19 дошта бошанд, ки 72 соат пеш аз парвоз дода мешавад. Чунин маълумотнома ба кӯдакони то сесола зарур нест.