Соҳибкасбу забондон – ситора дар шабистон

96 просмотров

 

Зиёда аз 20 нафар шаҳрвандони тоҷик, ки соҳибкасбу забондонанд, дар ширкати «Мосстрой»-и шаҳри Москва бо кори доимӣ таъминанд, кору фаъолият намуда истодаанд.

Ширкати «Мосстрой» аслан бо сохтмони купрӯкҳо машғул аст. Айни замон дар ин ширкат шаҳрвандони тоҷик бо касбҳои тракторчӣ, кафшергар, ронанда, ронандаи мошини кран ва ғайра машғуланд.

Яке аз шаҳрвандони мо, ки дар ин ширкат кору фаъолият менамояд, Зарифҷон Қурбонов мебошад. Ӯ зодаи ноҳияи Файзобод буда, соли шашум аст, ки дар ин ширкат ба сифати тракторчӣ кор мекунад. Зарифҷон баъди хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Файзобод  ҳуҷҷатҳои худро ба ОМКТ №24 супорида, ихтисоси ронанда-тракторчиро соҳиб шудааст. Бояд гуем, аз тарафи роҳбарияти ширкат чанд маротиба барои меҳнати ҳалолаш ба вай мукофотҳои пулӣ тақдим кардаанд.

Мутаассифона, аз сабаби КОВИД-19 ва банд будани роҳ Зарифҷон дар ватан қарор дорад. Ӯ интизор аст, ки рӯзе роҳ кушода мешаваду ба сафар мебарояд. Аллакай, аз ширкати номбурда ба номи ӯ даъватнома омадааст.

Хушбахтона, ширкати «Мосстрой» ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони тоҷикро бо иҷозаи кор ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ сари вақт таъмин намудааст. Ба ғайр аз тоҷикон дар ин ширкат русҳо, узбекҳо, украинҳо ва беларусҳо низ кор мекунанд. Дар байни онҳо якдигарфаҳмӣ, ҳурмату эҳтиром ба урфу одати якдигар дар мадди назари аввал меистад. Аз инҷост, ки роҳбарияти ширкат аз фаъолияти онҳо розӣ мебошад.

Ба гуфти Зарифҷон Қурбонов, шахсе ки роҳи ноҳамвори муҳоҷирати меҳнатиро пеш мегирад, ҳатман бояд касбе дошта бошад, вагарна хор мегардад. Дар қаламрави Федератсияи Россия ширкатҳо хеле зиёданд, вале дар онҳо танҳо шахсони соҳибкасб соҳиби ҷойи кор шуда метавонанд. Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ гуфтаниам, ки касб омӯзеду забон, баъд азми сафари кишвари Россияро кунед. Илова бар ин, пеш аз сафар ҳатман ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус ба шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа ва МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоед. Аз тарафи кормандони масъули шуъба ва Марказ оид ба тағйиру иловаҳо ба навоварӣ ва қонунгузории муҳоҷиратии ФР маслиҳатҳои муфид гирифта, боварӣ ҳосил мекунед, ки Хадамоти муҳоҷират ҳамеша дар фикри шумост.

Агар вазниние ё проблемае дар кишвари корфармо пеш ояд, ҳатман ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Федератсияи Россия муроҷиат намоед.

Дар ҳақиқат, вақти он расидааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ пеш аз сафар ба Федератсияи Россия бояд ҳаматарафа тайёрӣ бинанд, касби муносиб омӯзанд ва забони русиро хуб сайқал дода, баъд вориди ин кишвар гарданд.

                                                                    Анвар ЮСУПОВ