Интернет василаи ошноӣ бо терроризм аст

91 просмотров

 

Чуноне, ки мо огаҳем имрўзҳо роҳу усул ва шеваҳои ҳаросафканӣ, хушунату зўроварӣ на фақат нисбат ба ҳукуматдорон ва ҳокимиятҳо, балки алайҳи аҳолии осоишта ва бедифоъ нигаронда ҳам мешаванд. Ҳамин тариқ, ниҳоятан тавассути воситаҳои ахбори омма ба ҷомеа ангезаю омилҳои аъмоли ҳаросафканӣ пешниҳод карда мешаванд ва шарту шароитҳои қатъу рафъи он низ муқаррар мегарданд.

Террористон аз шабакаи ҷаҳонии интернет ба тариқи васеъ истифода бурданро пешаи худ қарор додаанд. Тавассути ҷамъоварии маълумот оид ба ҳадафи эҳтимолӣ, аксу тасвирҳои макон ва мавқею ҳадаф ва тавсифоти онро ба роҳ монданд. Ҳатто, тавассути интернет террористон ҷамъоварии маблағу васоити молиётиро ба роҳ мемонанд. Ҳолатҳое низ ба қайд гирифта шудаанд, ки террористон дар сомонаҳои интернетӣ суратҳисобҳои бонкии худро дар мамолики хориҷӣ ҷиҳати ҷамъоварии маблағ сабт ва пахш кардаанд.

Интернетро террористон ҳамчун ташаббус ва ибтикори ба роҳ мондани терроризми рўҳию равонӣ (психологӣ) ҳам истифода мекунанд. Аз интернет, масалан, террористон чун восита ва василаи пахшу густариш додани овозаҳои даҳшатзо ва номуназзамию бетартибиҳо истифода мекунанд.

Интернет бо назардошти чунин ҷанбаю вижагиҳо мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст: дастрасии умумӣ, танзиму маҳдуднамоии нисбӣ, назорати нопурраи давлатӣ, теъдоди зиёди баҳрабарон дар тамоми ҷаҳон, равобити пинҳонӣ (бидуни ному насаб), паҳну пахши иттилоот, арзиши арзони созмондиҳии сомонаҳою торнамоҳо, имкони ҷой додани аксу тасвирҳои наворӣ ва ғайра.

Баъзан, коршиносоне ҳам вомехўранд, ки ҳаросафканию ифротгароиро сирф ба дини мубини ислом рабт медиҳанд, ки ғалат аст.

Сарвари давлат ҳамеша таъкид месозанд, ки террорист Ватан, миллат, дин ва мазҳаб надорад.

Ҳарчанд то дараҷае муғризон аз ҳар гуна дорую даво ва таблиғоту ташвиқоту шеваю усулҳои махсуси худ кор мегиранд, ки дар баъзе кишварҳо ҳаросафканон ҷиҳати ба ғарази хеш расидан, худро метарконанд. Ҳайратангез боз дар баробари ин, он нукта аст, ки таълимоти ислом худкуширо ба ҳар навъе, ки бошад, маҳкум кардааст. Дар ҳадиси Паёмбари акрам (с) омадааст: «Шахсе, ки худро дидаю дониста ба ҳалокат мерасонад, тавассути будан ба тариқи доимӣ дар ҷаҳаннам муҷозот хоҳад шуд!».

                                                               Фирўз Абдувоҳидов

                         корманди масъули бахши робита бо ҷомеаи

                                                         Хадамоти муҳоҷират