ИТТИЛОИЯ: КИҲО ОЗИМИ РОССИЯ ШУДА МЕТАВОНАНД?

238 просмотров

 

Тибқи маълумотҳои Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва Хадамоти сарҳадбонони фурудгоҳи Домодедово, Внуково ва Жуковскии шаҳру вилояти Москва, ҳамарӯза тавассути хатсайрҳои чартерии ширкати ватании “Сомон-эйр” ва ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия “Ютейр” ва “Уралавиалинии” 2-3 нафар шаҳрвандони тоҷик бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакии марказҳои тиҷоратии тиббии шаҳру вилояти Москва ҳангоми ворид шуданашон ба қаламрави Россия боздошт гардида, баъди санҷида баромадани дурустии ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва дар натиҷаи ғайри расмӣ будан, пас аз ду се рӯзи боздошт дар Хадамоти сарҳадбонии Россия, ба ватан бозпас гардонида мешаванд.

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттилои муҳоҷирон мерасонад, ки ба хотири пешгирии ҳолатҳои тақаллуб ва эмин мондан аз қаллобон, тибқи Қарори Ҳукумати Федератсияи Россия аз 16 марти соли 2020 таҳти №365-р, ки 4 декабри соли 2020 ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид, амал намоянд. Мувофиқи Қарори мазкур то кушода шудани марзҳо ва барқарории алоқаи ҳавоӣ ва нақлиётии доимӣ, категорияҳои шарвандони зерин озими Россия шуда метавонанд:

  1. кормандони аккредитатсияшуда ва таъйиншудаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷа дар Федератсияи Россия, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, дигар намояндагиҳои расмии давлатҳои хориҷӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ҷойгиранд, шахсони мансабдори Кумитаи доимии Иттиҳоди давлатҳо, инчунин аъзои оилаи шахсони болозикр, вакилон ва шахсони мансабдори Ассамблеяи Парлумонии Иттиҳоди Белоруссия ва Россия, ронандагони мошинҳои боркашии алоқаи байналмилалии нақлиётӣ, сарнишини ҳавопаймоҳои ҳавоӣ, киштиҳои баҳрӣ ва дарёӣ, сарнишини қатораҳои роҳи оҳани байналмилалӣ, ҳайати шахсӣ, ки бо созишномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан муайян карда шудаанд, кормандони Алоқаи байни ҳукуматии хаткашон, аъзои расмии ҳайатҳое, ки ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, дар ҳолати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
  2. шахсоне, ки раводидҳои дипломатӣ, хидматӣ ё оддии хусусиро доранд, ки ба муносибати фавти хешу табори наздик дода шудаанд, инчунин раводидҳои оддии хусусӣ, ки бо қарори Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дода шудааст;
  3. шаҳрвандони давлатҳое, ки бо Россия созишнома оид ба сафари бидуни раводид доранд, агар ин шаҳрвандон ба Россия бинобар марги хеши наздик (ҳамсар, волидайн, фарзанд, васӣ, парастор ва фарзандхоншуда) ворид шаванд, бо шароити пешниҳоди ҳуҷҷатҳои эътиборноки тасдиқкунандаи шахсият, нусхаи маълумотномаи фавт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хешу таборӣ ё бо шиносномаҳои эътиборноки дипломатӣ ва хидматӣ;
  4. шахсоне, ки аъзои оилаи (ҳамсар, волидайн, фарзанд, васӣ, парастор ва фарзандхоншуда) шаҳрванди Федератсияи Россия ҳастанд, бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи хешу таборӣ;
  5. шахсоне, ки дар Федератсияи Россия иқомати доимӣ доранд, ки гузаргоҳҳои ҳавоии марзи давлатии Федератсияи Россияро бидуни тарки ҳудуди он убур менамоянд;
  6. шахсоне, ки иштирокчии Барномаи давлатии мусоидат ба ҳиҷрати ихтиёрии ҳамватанон ба Федератсияи Россия ҳастанд ва аъзои оилаи онҳо пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва шаҳодатномаи иштирокчии Барнома;
  7. шахсоне, ки дар танзим ва нигоҳдории таҷҳизоти истеҳсоли хориҷӣ, ки дар рӯйхати пешниҳодшудаи ХБФ ФР ва ВКД ФР қарор доранд, иштирок менамоянд;
  8. шахсоне, ки бо мақсади муолиҷа ба Федератсияи Россия ворид мешаванд, бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, инчунин ҳуҷҷатҳо (нусхаи ҳуҷҷатҳо), ки аз ҷониби ташкилоти тиббӣ, ки зарурати муолиҷаро тасдиқ мекунанд, бо нишондоди вақти табобат ва ҳуҷҷатҳо (нусхаи ҳуҷҷатҳо), ки аз ҷониби Вазорати тандурустии Федератсияи Россия дода шудааст;
  9. шахсоне, ки барои нигоҳубини хешу табори ниёзманд (ҳамсар, волидайн, фарзандҳо, васӣ, парастор ва фарзандхоншуда) ба Федератсияи Россия ворид мешаванд бо шарти пешниҳодиҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи хешу таборӣ, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки аз ҷониби ташкилоти тиббӣ, оид ба вазъу ҳолати бемор дода шудааст;
  10. шахсоне, ки дорои иҷозат барои истиқомати доимӣ (вид на жительство) мебошанд;
  11. шахсоне, ки ҳамчун мутахассисони баландихтисоси соҳаи варзиш ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб карда шудаанд ва аъзои оилаи онҳо (ҳамсар, волидайн, фарзандҳо ва фарзандхоншуда), инчунин шахсоне, ки дар чорабиниҳои варзишӣ дар қаламрави Федератсияи Россия иштирок мекунанд ва аъзои оилаи онҳо (ҳамсар, волидайн, фарзандҳо ва фарзандхоншуда) тибқи дохил шудан ба рӯйхат (бо нишон додани гузаргоҳи сарҳади давлатии Федератсияи Россия ва санаи вуруд), ки ба Вазорати варзиши Россия, ХФБ, вазорати корҳои дохилии Россия ва Агентии федералии нақлиёти ҳавоӣ фиристода шудаанд, бо шарти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият.

Аз ин лиҳоз, аз нафароне, ки мақсади сафар ба Федератсияи Россияро доранд, хоҳиш менамоем, ки бо бовар кардан ба миёнаравони тақаллубкор ҳаёти худро зери хатар нагузоранд. Шуморо дар хона интизоранд!

Таҳияи Санҷар Абӯнасров