27 январи соли равон мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Имомуддин Сатторов бо Сардори Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Россия оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова баргузор шуд.
Дар он дидор дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия вобаста ба масоили танзими ҳуқуқии иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ, дар ҳудуди Россия мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба лағви қарорҳо ҷиҳати манъи воридшавии гуруҳи муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россияро ба таври муфассал баррасӣ намуданд. Ҳамзамон доир ба механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия табодули афкор сурат гирифт.
Аҳаммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид карда шуд.
Дар ин робита, омодагии тарафайн ҷиҳати мусоидат ба анҷоми раванди мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират иброз гардид.
Хадамоти матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Ф. Россия