Омодагӣ ба бастани созишномаҳои нав

1,316 просмотров

Имрӯзҳо дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои бастани созишномаҳои нав ва тамдид намудани мӯҳлати амали созишномаҳои қаблан басташуда вобаста ба бурдани корҳои иттилоотӣ андешидани тадбирҳои мушаххас давом дорад.

Сармутахассиси шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Равшанҷон Раҳимов маълумот дод, ки соли 2015 Раёсат дар самти болозикр бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва наздик ба 10 ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ ҳамкорӣ намуд.

Самараи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки дар давоми сол 120 чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ бо иштироки зиёда аз 16 ҳазор нафар шаҳрвандон доир гардид ва дар рафти онҳо 40 ҳазор адад маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ паҳн карда шуд.

Дар асоси нақша бастани созишномаҳои нав то охири моҳи январ ба анҷом расида, марҳилаи аввали корҳои фаҳмондадиҳӣ дар моҳи феврал ба роҳ монда мешавад.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд.