(Тоҷикӣ) Дар ҳамкорӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

965 просмотров

Дар ҳамбастагӣ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ

Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб бо сокинон корҳои иттилоотӣ – фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, дар он асосан касбомӯзоне, ки бо роҳхатҳои шуъбаи мазкур ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ – дӯзанда, қанод, дӯзанда-қуроқдӯз, дӯхти либосҳои мактабӣ сафарбар шуда буданд, гуфтугӯ қарор гирифт.
Зимни мулоқот ба ҳозирин оиди муҳтавои матни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018, эълон намудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», тарғиби Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, доир ба хатарҳои сироятёбӣ аз бемории вируси норасоии масунияти одам дар раванди муҳоҷират, воситаҳои пешгирӣ, ташхису табобати он дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тавассути саволу ҷавоб фаҳмонида шуданд.

Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар ноҳияи Варзоб