(Тоҷикӣ) Мулоқот бо аҳли литсей

857 просмотров

Мулоқот бо аҳли литсей

Дар самти роҳандозии корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамкории густурдаро бо муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба роҳ мондаанд, ки падидаи нек мебошад ва самараи хуб медиҳад. Дар доираи ҳамин ҳамкорӣ бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан дар литсейи касбии техникии №14 бо хатмкунандагони муассиса ва омӯзгорону устоҳои таълими касбии муассисаи мазкур мулоқот доир намуд. Мавзӯи асосии баррасишуда дар рафти ин чорабинӣ пешгирӣ ва мубориза ба муқобили падидаҳои номатлуби ҷомеа буд.
Баъди сухани ифтитоҳии муовини директори литсей оид ба тарбия Насиба Искандарова дар назди иштирокчиён намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират, Маркази минтақавии пешгирӣ ва мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва ташкилоти ҷамъиятии «Иқболи нек» суханронӣ карданд ва ба саволҳои додашуда ҷавоб гуфтанд.
Баъдан, дар байни иштирокчиён, ки шумораашон аз 100 нафар бештар буд, оид ба тарзи ҳаёти солим ва муҳоҷирати бехатар викторина гузаронида шуд. Нафарони ба саволҳо ҷавоби дурустдода ва ғолибомада аз ҷониби сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Амали нек» Муҳаммадӣ Бафоев бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мутахассиси пешбари бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Истаравшан Фирдавс Ҳакимов барои дастгирӣ ва ҳамкорӣ ба роҳбарияти литсей, Маркази минтақавии пешгирӣ ва мубориза бо Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва ташкилоти ҷамъиятии «Иқболи нек» миннатдорӣ баён кард.

Бахши Хадамоти муҳоҷират
дар шаҳри Истаравшан