(Тоҷикӣ) Хадамоти муҳоҷират доир ба гузаронидани интихобот ҷаласа доир намуд

76 просмотров

Хадамоти муҳоҷират доир ба гузаронидани интихобот ҷаласа доир намуд
3 сентябр дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи ҳавзаи интихоботии №3 ноҳияи Шоҳмансур ҷаласаи Комиссияи участкаи интихоботии №20-ҳавзаи интихоботии №3 доир гардид.
Дар кори он сардори Хадамоти муҳоҷират раиси комиссияи участкаи интихоботӣ Тоҳир Каримзода, намояндаи ҳавзаи интихоботии №3 ноҳияи Шоҳмансур Одиназода Латофат Амиршо, котиби комиссия участкаи интихобот Солеҳҷон Аскарзода ва дигар аъзои комиссия, вобаста ба моҳияту зарурати интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши овози ҳар овоздиҳанда дар интихоботи дар пешистода сухан гуфтанд.
Тоҳир Каримзода иброз дошт, ки интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун маъракаи муҳими сиёсӣ дар чаҳорчӯбаи Конститутсия ва қонунгузории интихоботии ҷумҳурӣ танзим карда мешавад. Бо мақсади танзими қонунии ин раванд Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шудааст. Заминаи устувори меъёрии ҳуқуқии дар ин самт мавҷуда дар Тоҷикистон имконият медиҳад, ки маъракаи зикргардида дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ, бо риояи стандарту меъёрҳои байналмилалӣ баргузор гардад.
Сипас Одиназода Латофат Амиршо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро шарҳу тафсир дода, вобаста ба ҳуқуқу ваколатҳои аъзои комиссия ва интихобкунандагон изҳор дошт, ки масъулияти ташкил ва баргузории интихоботи президентӣ дар фазои озод, ба таври шаффоф, бо риояи қоидаҳои демократӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар қаламрави Тоҷикистон маҳз ба зиммаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон вогузор шудааст. То ба имрӯз аз ҷониби Комиссияи мазкур барои дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди ҳуқуқиву ташкилӣ ва иттилоотиву ташвиқотӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, бо мақсади амалӣ намудани ин маъракаи муҳими сиёсӣ КМИР нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба тайёрӣ ва гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, гузашта аз он ба мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аъзои комиссияҳои участкавӣ ва ҳавзавӣ, бархӯрдор намудани онҳо аз мазмуну моҳияти қонунгузории интихобот дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат семинарҳои омӯзишӣ гузаронда мешаванд.
Дар фарҷом, сардори Хадамоти муҳоҷират раиси комиссия иброз доштанд, ки кормандони Хадамот бо дарки дучанди масъулиятшиносӣ ва ҳисси баланди миллӣ дар маъракаи сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба номзади арзанда овоз медиҳанд.
Анвар ЮСУПОВ