1. Skip to Menu
  2. Skip to Content
  3. Skip to Footer
FacebookGoogleLivejournalTwitterYoutubeFeed

Тоҷикони шаҳри Томск: ҷонибдори номзади арзандаи худ мебошанд!

ҶАМЪИЯТИ МИНТАҚАВИИ
ВИЛОЯТИ ТОМСКИ
ФЕДЕРАТСИЯ РУССИЯ

21.10.2013 09:13


«Ҷамъияти дўстии Руссияву Тоҷикистон»

Давлати соҳибистиқлоли мо аз қадамҳои нахустини худ баъди Иҷлосияи 16-ум ба таври возеҳ эълон намуд, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии халқро дар заминаи татбиқ ва инкишофи механизмҳои иқтисоди бозорӣ таъмин хоҳад кард. Имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад.

Сиёсати давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда метавонад. Бо ин мақсад соли гузашта Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015 таҳия гардида, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Дар ин марҳалаи рушд истифодаи самараноки имкониятҳое, ки ба шарофати пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар натиҷаи ворид шудан ба низоми байналмилалии тиҷорат муҳайё мегарданд, бисёр муҳим мебошад.

Узвияти Тоҷикистон дар ин созмони бонуфӯз ба истеҳсоли маҳсулоти дорои сифати баланди мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва қобили рақобат такони ҷиддӣ бахшида, инчунин ба зиёд шудани гардиши савдои хориҷӣ, фоидаовар гардидани истеҳсоли молҳои ватанӣ ба содирот нигаронидашуда, болоравии маърифатнокии соҳибкорони ватанӣ ва афзоиши сармоягузории хориҷӣ мусоидат менамояд. Ин хама нишонаи боло рафтани сатҳи зиндагии мардум мебошад, ки нисбат ба солхои 90-ум хело афзудааст.

Аз ин мақсадҳои нек ва созандагиву бунёдкоронаҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Точикистон, мо Точикони бурунмарзӣ хушҳол буда, пайваста аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоем.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, инкишофи босуръати иқтисодиёт ва амалӣ намудани мақсадҳои дар пеш гузоштаи роҳбарияти давлат «Ҷамъияти дўстии Руссияву Тоҷикистон» дар канор набуда, саъю талош хоҳад кард.

Ба хамаи мо маълум аст,ки 6-ноябри соли равон дар Тоҷикистон маъракаи сиёсӣ- Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ин маъракаи сиёсие, ки такдири ояндаи давлату миллатамон ҳал мешавад, моро бетараф гузошта наметавонад. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷамъияти дўстии Руссияву Тоҷикистон»-и минтақаи Сибир тасмим гирифт, ки пуштибонии худро аз номзадии пешбари намудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон эълон намояд.


            Президенти ҷамъият:                                           Холиқов М. Х.

 

Тоҷикони Ямало-Ненетскии вилояти Тюмен ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон

овоз хоҳанд дод!


21.10.2013 10:55

Тоҷикони минтақаи автономии Ямало-Ненетскии вилояти Тюмен ба ҷонибдории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод, гуфт зимни сӯҳбат ба хабарнигори махсусӣ рӯзномаи «Муҳоҷир» Анвар Юсупов Раиси ташкилоти Ҷамъияти умумии тоҷикони минтақаи автономии Ямало-Ненетскии вилояти Тюмен «Сомониён» Ҳамзаалӣ Асоев.

Ӯ иброз дошт, ки айни замон дар ҷамъияти мо зиёда аз 6 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз онҳо 150 нафарашонро занҳо ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки давлати соҳибистиқлоли мо аз қадамҳои нахустини худ баъди Иҷлосияи 16-ум ба таври возеҳ эълон намуд, ки рушди устувори иқтисоди миллӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии халқро дар заминаи татбиқ ва инкишофи механизмҳои иқтисоди бозорӣ таъмин хоҳад кард.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, инкишофи босуръати иқтисодиёт ва амалӣ намудани мақсадҳои стратегии раҳбарияти давлат ҷамъияти мо дар канор набуда, саъю кӯшиш хоҳад кард.

6 - ноябри соли равон дар Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ Интихоботи Президенти ҶТ баргузор мегардад, чамъияти тоҷикони вилояти Тюмен «Сомониён» омодагии хуб дида, тайёр аст, фаъолона иштирок намояд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷамъияти умумии тоҷикони минтақаи автономии Ямало-Ненетскии вилояти Тюмен «Сомониён» навтаъсис буда, 2 апрели соли 2012 ташкил ёфтааст. Лозим ба ёдоварист, ки барои дар ин кишвар махсусан дар шаҳри Новий Уренгой кору фаъолият намудан иҷозаи махсуси Хадамоти сарҳадӣ лозим аст, ки на ҳама вориди ин шаҳри нафту газ шуда метавонад. Айни замон, бо кӯмаки ҷамъияти тоҷикон дар ширкати «Газпром» зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ кору фаъолият намуда истодаанд. Ба ғайр аз ин, 250 нафар шаҳрвандони мо дар ширкати «СТЕЛС», ки бо маҳсулоти хӯрока сару кор дорад, фаъолият менамоянд.

Имрӯзҳо тоҷикони минтақаи автономии Ямало-Ненетскии вилояти Тюмен дар корҳои сохтмонӣ, нафту газ, хоҷагии қишлоқ ва корхонаҳои давлатии дар ин минтақа буда фаъолият намуда истодаанд. Дар минтақаи Сибир асосан шаҳрвандон аз вилояти Суғд, қисман водии Рашт ва водии Ҳисор кор мекунанд. Масалан, шаҳрвандони тоҷик аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд бо фурӯши меваҳои хушк машғуланд. Бозорҳои инҷо бо ин гуна маҳсулот таъмин карда шудааст.

Айни замон ҷамъияти тоҷикони вилояти Тюмен «Сомониён» бо як ҳисси ватандӯстӣ, омодаанд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки тақдири ояндаи давлату миллатамон ҳал мешавад, ба ҷонибдории фарзанди фарзона ва баруманди миллати тоҷик Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамъияти умумии тоҷикони минтақаи автономии Ямало-Ненетскии вилояти Тюмен «Сомониён» бурдборию муваффақият, пешравиҳо ва комёбиҳоро дар содиқ будан ба халқу ватан орзӯ менамояд.

Шуъбаи робита
бо ҷомеаи ХМнҲҶТ

 

Фарух Миров: Мо Тоҷикони шаҳри Сочӣ аз Сарвари Тоҷикони ҷаҳон

пуштибонӣ хоҳем кард! 


21.10.2013 11:00

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дорад.

Сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар ин марҳала ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда метавонад. Бо ин мақсад соли 2012 Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 таҳия гардида, аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Дар ин марҳалаи рушд истифодаи самараноки имкониятҳое, ки ба шарофати пайвастани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар натиҷаи ворид шудан ба низоми байналмилалии тиҷорат муҳайё мегарданд, бисёр муҳим мебошад.

Тавре тариқи телефонӣ ба мо раиси ҷамъиятӣ тоҷикони шаҳри Сочӣ Фарух Миров иброз дошт, зиёда аз 4 ҳазор шаҳрвандони тоҷик, ки дар шаҳри Сочӣ кору фаъолият менамоянд дар Интихоботи Президенти кишвар фаъолона ширкат хоҳанд варзид. Бояд қайд намоем, ки ҷамъият барои дар сатҳи баланд гузаронидани Интихоботи Раиси Ҷумҳур тайёрии ҳамаҷониба дида истода, кормандони фаъоли ҷамъият корҳои таблиғотиву ташвиқотиро дар байни муҳоҷирони меҳнати пурзур намуда истодаанд. Алалхусус, фаъолони ҷамъият бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар сохтмонҳои шахсӣ ва давлатии шаҳри Сочӣ меҳнат мекунанд, сӯҳбатҳо ороста оид ба муҳим будани ин чорабинии сиёсӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ фаҳмонда медиҳанд.

Аз ин мақсадҳои нек ва созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, мо Тоҷикони бурунмарзӣ хушҳол буда, пайваста аз сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба пуштибонӣ менамоем.

Чуноне, ки ба мо маълум аст, 6-ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маъракаи сиёсӣ - Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Ин маъракаи сиёсии тақдирсоз моро бетараф гузошта наметавонад. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Сочии минтақаи Краснодар тасмим гирифт, ки пуштибонии худро аз номзади пешниҳод намудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон эълон намояд.

Аз ин лиҳоз, имрўзҳо кормандони масъули ҷамъияти тоҷикони шаҳри Сочии ФР хеле серкоранд. Онҳо ба Интихоботи Президенти мамлакат омодагии хуб дида истодаанд.

Ба ғайр аз ин, фаъолони ҷамъият тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россияро ба ҳар яки онҳо фаҳмонда, чӣ гуна дар ин кишвар рафтор намуданро ёд медиҳанд.Чунин вохӯриҳо бо як қисми шаҳрвандони тоҷик, ки дар кори савдо ва дигар соҳаҳо машғуланд, ҳамарўза бо онҳо дар сӯҳбатанд.

Бояд тазаккур дод, агар участкаи интихоботӣ дар шаҳри Краснодар кушода шуда бошад ҳам, ҷамъияти тоҷикони шаҳри Сочӣ қарор доданд, ки қўтиҳои сайёр ташкил намоянд, то ин ки шаҳрвандони мо ба номзади арзанда Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

Шуъбаи робита ҷомеаи
ХМ назди ҲҶТ

Тоҷикони шаҳри Толяттӣ: интихоби Президенти кунунӣ- иродаи

халқу миллат аст!

22.10.2013 07:03

Ҷамъияти маданӣ - автономии тоҷикони шаҳри Толяттии вилояти Самараи Федератсияи Россия «Ватан» барои иштирок дар интихоботи Президенти мамлакат ҳамаҷониба тайёриҳои хуб дида истодаанд.

Тавре дар сӯҳбат бо хабарнигори махсусӣ рӯзномаи «Муҳоҷир» Анвар Юсупов раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толяттӣ Шароф Азимов иброз дошт, айни замон як участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Толятти ва ноҳияҳои гирду атрофи он кору фаъолият менамоянд таърихи 6 ноябри соли ҷорӣ, муташаккилона омада ба номзадии фарзанди барумандӣ миллат Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод.

Бояд тазаккур дод, ки Ҷамъияти маданӣ-автономии тоҷикони шаҳри Толяттӣ 500 нафар аъзо дошта, ҳар як корманди масъули он бо корҳои вобаста карда шуда машѓуланд. Яке бо қайди муҳоҷирони меҳнатӣ банд бошад, дигаре бо таъмини кори доимӣ, иҷозаи кор ва патент машѓул аст. Бояд қайд намуд, ки аъзоёни ҷамъиятро аслан шаҳрвандон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳуриамон ташкил медиҳад. Яке аз Хатлон, дигаре аз водии Ҳисор, сеюмин аз Суѓд ва чорумин аз Бадахшон мебошад. Чунин сарҷамъи ба онҳо имконият медиҳад, ки қариб ҳамаи ҷашну маросимҳои миллиро бо тантана пешвоз гиранд.

Ӯ иброз дошт, ки интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократия рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи кишварро муайян мекунад.

Конститутсия ва қонунгузории кишварамон дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, инчунин барои баргузории интихоботи демокративу шаффоф заминаи мусоиди ҳуқуқиро муҳайё намуда, иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат кафолат медиҳад.

Маҳз ба ҳамин хотир, яке аз самтҳои афзалиятноки демократикунонии ҷомеа дар Тоҷикистон таъмин намудани изҳори ихтиёрии иродаи халқ ҳангоми баргузории интихобот мебошад.

Ин иқдом дар ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толяттӣ баръало мушоҳида мегардад. Як чизи дигаро низ қайд намоем, ки дар Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толяттӣ ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон «Зарвар» ташкил карда шудааст, ки 80 нафар аъзо дорад. Раисии ташкилоти ибтидоии ҳизбиро худи ӯ ба ӯҳда дорад. Чан рӯз қалб ӯ ҳамчун вакили Анҷумани ѓайринавбатии X1 ҲХДТ аз ҳавзаи Федеролии Приволжияи ФР иштирок намудааст.

Бояд иброз дошт, ки Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон тибқи барномаи амалии худ манфиатҳо ва арзишҳои волои миллиамон, ба монанди истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, суботи иҷтимоӣ ва ваҳдати милливу ҳамбастагии тамоми сокинони кишварро муқаддас дониста ва ба хотири ҳифз кардану тақвият бахшидани онҳо саъю талош менамоянд.

Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Толяттии вилояти Самараи ФР барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барори кор орзӯ менамояд.

Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди ҲҶТ

Муроҷиати муҳоҷирон баҳри рушду нумӯъ ва тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон

23.10.2013 09:35

BullatinМан муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддинов Ҳодӣ ва як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатие, ки муваққатан дар Федератсияи Россия вилояти Иркутск кору фаъолият менамоем. Ифтихор аз Ватану ватандорӣ, аз сарвари бохираду дурандеши миллат ва мардуми бо нангу ори тоҷик менамоям. Чӣ тавре, ки ба ҳамагон ва кули мардуми Тоҷикистони азиз маълум аст, маъракаи сиёсии муҳим, ин интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеш аст.

Бояд тазаккур намуд, ки мо бояд ақли солимро кор фармуда, номзади арзандаи хешро баҳри рушду нумуи Тоҷикистони маҳбубамон интихоб намоем. Бе ягон муболиға бояд иқрор шавем, ки номзади арзандаи мо ин Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Қаҳрамонӣ ва корнамоиҳои ин абармарди бохирад тайи 22 соли истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кули мардуми кишварамон аён аст. Таҷдиду таъмири роҳҳои ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ, сохтмони Неърӯгоҳҳои Обию Барқӣ, кандани нақбҳои душворкану пурпечутоб, зиндагии орому осӯда ва бемайлон рушду тараққӣ намудани иқтисодиёти кишвар ин натиҷаи ранҷу заҳматҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оқилӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳангомаҷӯёне, ки аз хориҷи кишвар, ки онҳо худ замоне шаҳрванди кишвари маҳбуби худ буда, имрӯз ба иғвои бегонагон рафтаанд, дода нашавем.

Мо гарчанде, ки хориҷ аз кишвар дар ғарибӣ кору фаъолият менамоем намегузорем, ки ягон чашми нотавонбини бегонае бо ғарази бад ба Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ҷавони мо назар намояд.

Бино ба гуфтаҳои боло, аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии азизамон даъват ба амал меорам, ки ба номзади арзада, дилсӯз ва ғамхори миллат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз диҳанд.

Як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Иркутски Федератсияи Россия


Аслиддинов Ҳодӣ
Обидов Сулаймон
Собирҷонов Ҳамдам
Маликов Алишер
Саидов Асҳоб
Милалиев Ҷовид
Сатторов Минҳоҷ
Абубакри Миралӣ


Ҷамъ 40 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ

Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди Ҳукумати ҶТ

Дар интихобот сиёсати пешгирифтаи Эмомали Раҳмонро тарафдорӣ менамоям

23.10.2013 10:59

Bullatin 3Ман хамчун як пешбарандаи ин миллати бузург ба Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром дорам! Чунки, ин шахс тавонист чанги бемаънии шаҳрвандиро хомӯш кунад, мардуми парешонро сарҷамъ созад ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба ватан баргардонад. Ин натиҷаи он аст, ки халки точик шабона оромона хоб ва рӯзона дар фазои орому осоиштаи ин сарзаминини гул гул шукуфон умр ба сар мебаранд.

Бигузор давлати тоҷикон абадан дар рӯи замин ҷовидон бимонад. Ман аз тоҷик ва тоҷикистонӣ буданам дар ин шаҳри бегона фахр мекунам. Дур аз Ватан бошам ҳам, аммо фақат дар фикри Ватани маҳбубам ҳастам. Аз ин лиҳоз, ман ба тарафдории ин шахси бузург дар интихоботи дарпешистода овоз медиҳам.

Ориф Тошев муҳоҷир аз шаҳри Тюмени Федератсияи Россия.

Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди ҲҶТ

Дастовардҳои баланд бо Эмомалӣ Раҳмон 
 

23.10.2013 11:21

DustmurodМо як гурӯҳ муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия барои иштирок дар интихоботи Президентии мамлакат ҳамаҷониба тайёриҳои хуб дида истодаем.

Мудири Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ Дустмурод Умбаров бо як гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия муваққатан кору фаъолият менамоянд, оид ба мушкилот ва масъалаҳои ҷойдоштаи муҳоҷирон дар ин шаҳр сӯҳбат намуд.

Яке аз ҳамсӯҳбатони ӯ Холматов Иброҳим Эгамназарович, зодаи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ронандаи мусофиркаш дар шаҳри Оренбург буда, бо ҳамроҳи қариб 200 муҳоҷирони меҳнатӣ аз минтақаҳои гуногуни кишварамон, ноҳияҳои Шаҳритуз, Қабодиён, Ҷиликул, Қумсангир ва шаҳри Қурғонтеппа дар якҷоягӣ кор ва фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон чунин иброз дошт, ки айни замон дар шаҳри Оренбурги Федератсияи Россия як ҳавзаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳри Оренбург ва ноҳияҳои гирду атрофи он кору фаъолият менамоянд, таърихи 6 ноябри соли ҷорӣ, муташаккилона омада ба номзадии мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод.

Зеро, ки хизматҳои шоистаи Ҷаноби Олӣ ба ҳалқи тоҷик кам набуда, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд ва он фазои демократӣ, сулҳу амони, ободӣ, ва шаффофе, ки дар Тоҷикистон дорем заҳматҳои ин фарзанди фарзонаи миллат мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки мо як гурӯҳ муҳоҷирони шаҳри Оренбург қариб ҳамаи ҷашну маросимҳои миллиро сарҷамъона ва бо тантана пешвоз мегирем, он ҷумла маъракаи интихоботиро низ.

Ӯ инчунин иброз дошт, ки интихобот ҳамчун падидаи муҳимтарини демократи ва рӯйдоди муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он ба рушди минбаъдаи кишвар таъсир мерасонад.

Ҳамзамон, Сарқонуни ҶТ ва қонунгузории кишварамон дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон, инчунин барои баргузории интихоботи демокративу шаффоф заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам сохта, иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат кафолат медиҳад.

Маҳз ба ҳамин хотир, яке аз самтҳои афзалиятноки демократикунонии ҷомеа дар Тоҷикистон ин таъмин намудани изҳори ихтиёрии иродаи халқ ҳангоми баргузории интихобот мебошад.

Аз ин лиҳоз, мо гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Оренбург, чунин ибрози ақида менамоем, ки аз миёни 6 номзади ба мақоми Президентӣ зарур мешуморем, ки сиёсати имрӯзаи Давлатро дастгири намуда, барои боз ҳам гулгуншукуфии Ватани азизамон ба номзадии Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳем.

Мавод аз Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ
Таҳия намуд: мудири Бахш Умбаров Д.Х.

Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди ҲҶТ

Мо муҳоҷирони узбекзабон бо Эмомалӣ Раҳмонем

23.10.2013 13:27

Як гурӯҳ шаҳрвандони узбекзабони Тоҷикистон аз вилояти Хатлон, ки муваққатан дар шаҳри Санкт-петурбурги вилояти Ленинград ба ҳайси муҳоҷирони меҳнатӣ фаъолият доранд дар маъракаи интихоботии дар пешистода ба ҷонибдории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод, иброз доштанд муҳоҷирон Маҳмадов Даврон аз ноҳияи Ёвон, Шоев Фирӯз аз ноҳияи Рудакӣ ва дигарон.

Бояд қайд намуд, ки айни замон дар вилояти Ленинград зиёда аз 5 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 700 нафарашонро занҳо ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки давлати соҳибистиқлоли мо аз қадамҳои нахустини худ, баъд аз Иҷлосияи 16-ум ба таври возеҳ эълон намуд, ки рушди устувории иқтисоди миллӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардумро дар заминаи татбиқ ва инкишофи механизми иқтисоди бозорӣ таъмин хоҳад кард.

Барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, инкишофи босуръати иқтисодиёт ва амалӣ намудани мақсадҳои стратегии раҳбарияти давлат, ҷамъияти мо дар канор набуда, саъю кӯшиш хоҳад кард.

6 - ноябри соли равон дар Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки мо низ тоҷикони бурунмарзи дар ин чорабиниҳо фаъолона ширкат хоҳем варзид.

Инчунин, мо аҳолии узбекзабони Тоҷикистон аз он хурсандем, Давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократӣ дорем, ки ин ҳам бо шарофату заҳматҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардидааст.

Аз ин лиҳоз, бо як ҳисси ватандӯстӣ омодаем, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва тақдирсозӣ давлату миллат ба ҷонибдории фарзанди фарзона ва баруманди миллати тоҷик Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем .

Мавод аз Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ

Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди Ҳукумати ҶТ

 

Мо бо Президенти маҳбуби худ Эмомалӣ Раҳмон боқӣ хоҳем монд!

23.10.2013 14:15

22 октябри соли ҷорӣ, сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Хоркашев Маҳмудҷон бо интихобкунандагони участкаи интихоботии №14-и ҳавзаи интихоботии Бохтар №50 вохурӣ доир намуд.

Дар вохӯрии мазкур, ки беш аз 200 нафар ихобкунадагон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа ширкат доштанд, мулоқот доир гардида, сардори Раёсат доир ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия сӯҳбат намуд.

Хоркашев М., ҳамчун узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба интихоботи дар пешистода фикру мулоҳизаҳои хешро иброз дошта ва ҷонибдории худро аз номзадии арзанда барои пешбурди ояндаи дурахшон ва сиёсати дар пеш гирифтаи Президенти кишварЭмомалӣ Раҳмон баён намуд.

Номбурда атрофи дастовардҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти бо самар ва зери роҳбарии Ҷанлби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногуни давлатдорӣ аз ҷумла иқтисод, муҳоҷират, иҷтимоиёт, фарҳанг, саноат ва коммуникатсия истода гузашт.

Ӯ аз интихобкунандагон даъват ба амал овард, ки дар рӯзи 6-ноябр ба тарафдории номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки мулоқоти мазкур бо дастгирию кӯмаки котиби Комиссия участкаи интихоботии №14 Мирзошарипов Мирзодоим ва муовини Директори мактаби №39 Маѓзумова Калонби ташкил карда шуд.

Дар фарҷом саволу ҷавоб доир ба қоидаҳои будубош дар қаламрави Русия ва воқеъаҳои охире, ки дар Маскав рух доданд сурат гирифт.

Мавод аз Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ирсол гардидааст.

Шуъбаи робита бо ҷомеаи

ХМнҲҶТ

Сӯҳбат бо зани тоҷике, ки ба Россия сафар мекард


 23.10.2013 14:45

Иброҳимова Меҳри Соҳибназарова аз н. Ҳисор, соҳиби ду фарзанд.


Шумо ба Федератсияи Россия сафар доред?

Бале, ба назди шавҳарам ва фарзандам, ки дар шаҳри Москва тақрибан тули 6 сол ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият доранд, сафар дорам. Аз сабаби он, ки барои муолиҷаи сутунмӯҳраам маблағи лозими пайдо карда натавонистам шавҳару писарам маро ба ш. Москва бурданд. Аввал Худо ва баъдан бо мадади шавҳараму писарам ба пой хестам. Инчунин, ба духтурони рус низ минатдории худро баён менамоям.

Андешаи Шумо нисбати Ватани азизамон, дар 6 соли набуданатон чигуна аст?

Шукри Худо бовар накардаам, ки ман ба ватани худам баргаштам, чунки беҳбудиҳои зиёд мебинам. Шукронаи Сарвари давлат Эмомали Раҳмон, ки ин қадар ғамхориҳо барои миллати худ карда истодаанд. Махсусан, ғамхории Ҷаноби Олӣ нисбат ба кӯдакони бепарастор бештар ба назар мерасад.

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, 6 ноябри соли 2013 интихоботи Президенти баргузор мегардад. Ман сад дар сад бовари дорам ва бовар мекунонам, ки мо мардуми муҳоҷир якдилона ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем.

Ҷаноби Олӣ ҳангоми сафараш ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик вохӯрданд, ки шавҳарам бо дигар муҳоҷирони тоҷик дар он вохӯрӣ иштирок намуданд. Онҳо аз ин вохӯри бо як ҷаҳон руҳу илҳоми тоза баргаштанд.

Сабаби асосии бемории ман низ ин ҷанги шаҳрвандӣ буд. Имрӯзҳо бо шарофати Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон фазои Тоҷикистони азизамон ободу соф ва сулҳу ваҳдат пойдор аст. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки ман ҳамчун як зан ва модари тоҷик ҳамаҷониба ба ҷонибдории номзанди арзандаву созанда Ҷаноби Олӣ овоз медиҳам ва дигаронро низ даъват ба амал меорам, ки дар ин маъракаи сиёсӣ фаъол буда, ба ҷонибдории Сарвари давлат овоз диҳанд.


Дар охир шукрона аз он мекунем, ки дар фазои орому осоиштаи ин сарзаминини гул гул шукуфони Ватани азиз умр ба сар мебарем.

Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди ҲҶТ

Дар интихобот ба фарзанди арзандаи миллат овоз медиҳем

23.10.2013 15:24

Ман, Шарипов Анварбек бо бародарам Ҷурабек чандин сол аст, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти кориро анҷом медиҳем ва хуб медонем, ки Президенти имрӯзаи Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари хизматиашон ба Россия бо муҳоҷирони меҳнатӣ вохӯрӣ мегузаронанд ва саъю кӯшиш доранд, ки вазъияти муҳоҷиронро беҳтар намоянд.

Мо хабардорем, ки бо дастгирии Президенти мамлакат фаъолияти корӣ ва иҷозати кор барои муҳоҷирони менатии Тоҷикистон дар Россия аз 1 сол то 3 сол зиёд карда мешавад ва ин беҳбудӣ барои мо мебошад.

Аз ин хотир мо овозҳои худро рӯзи 6 ноябр ба Эмомалӣ Раҳмон Президенти маҳбубамон медиҳем.

Муҳоҷирон аз ш. Москва, Шарипов Анварбек ва Ҷӯрабек

Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди ҲҶТ

Ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск: Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик бебаҳост

23.10.2013 11:36

Ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск «Дӯстӣ» соли 2010 ташкил шуда, то ин ҷониб фаъолият дорад. Ҳадафи асосии таъсиси ҷамъияти мо, қабл аз ҳама муттаҳид намудани ҳамватанони бурунмарзӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад, ки дар вилояти Новосибирск муваққатан ва доимӣ кору иқомат доранд. Мо гарчанд дур аз Ватан ҳам бошем, пайваста дар ёди Тоҷикистони азиз ҳастем ва барои ободию шукуфоии ватани аҷдодиамон сайъю талош мекунем.

NovosibirskҶамъияти тоҷикони вилояти Новосибирск бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддунофари тоҷик дар маъракаҳои фарҳангию сиёсии вилоят фаъолона ширкат менамояд.

Дар ҳамкории зич бо сафорати ҶТ дар ФР, консулгарии Тоҷикистон дар ш.Екатеринбурги вилояти Свердлов ва Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар ФР дар минтақа тамоми ҷашну чорабинихои милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҷашни истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Рӯзи ваҳдати миллӣ, Ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ, Иди модарон, Рӯзи парчами миллиро бо риояи суннатҳои миллии худ ҷашн мегирем. Ҳамчунин бо ташаббуси ҷамъияти мо дар вилояти Новосибирск фестивали фарҳанги миллии тоҷикӣ таҳти унвони «Сайри лола» роҳандозӣ шуд ва ҳамасола дар мавсими баҳорон ин ҷашн гузаронида мешавад. Бояд гуфт, ки баргузории фестивали «Сайри лола», чун инъикосгари фарҳанги оламшумули тоҷик, миёни дигар халқияту миллатҳои маскуни вилоят мавқеи хоса касб карда, дар ҷараёни он намояндагони роҳбарияти вилоят ва шаҳри Новосибирск ширкат менамоянд. Фестивали фарҳанги тоҷикии «Сайри лола» тавассути ВАО, аз ҷумла телевизионҳои вилоят ва Шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон пахш карда мешавад.

Мо аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ҳамеша огоҳ ҳастем ва ҳамчун фарзандони содиқи Ватан дар таҳкиму рушди кишвар саҳмгузорем.

6 ноябри соли равон интихоботи Президенти ҶТ баргузор мегардад. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ бори дигар моро водор мекунад, ки бо иштироки фаъоли худ масъулияти шаҳрвандии хешро ифода намоем. Ман аз соли 2011 аъзои фаъоли ҲХДТ мебошам. Зимни мулоқоту вохӯрихо ҳамватанонро аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, сайъю талошҳои роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати рушду инкишофи Тоҷикистон пайваста огоҳ месозам.

Бо дарназардошти таҳлилу мушоҳидаҳои худ изҳор медорем, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба ҷонибдории номзади воқеан арзанда- Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳем дод. Зеро нақши Сарвари давлат дар таъмини сулҳу суботи Тоҷикистон, ҷамъовардани миллати парокандаву гуреза, эмин доштани давлати ҷавони тоҷик аз вартаи нестӣ беназир аст. Мо худ шоҳидем, бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон давлати ҷавони тоҷикро дар арсаи ҷаҳон эътирофу эҳтиром мекунанд. Бо кӯшишҳои Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, аз бумбасти коммуникатсионӣ баромад. Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ низ корҳои азиме ба сомон расонида шуд. Бунёди НБО-хои хурду бузург, хатҳои интиқоли барқ ин ҳама кӯшишҳое мебошад, ки кишвари моро ба истиклолияти энергетикӣ хоҳад расонд.

Сарвари давлат аввалин шуда миёни сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо ҳамватанони бурунмарзӣ мулоқоту вохӯриҳо анҷом дода, пайваста аз ҳолу аҳволи эшон бохабар аст. Албатта чунин мулоқоту дидорбиниҳо моро рӯҳбаланд намуда, водор мекунад, ки барои хизмати Ватани маҳбубамон боз ҳам саъйи бештар намоем.

Ба наздики сафари Ҷаноби Олиро ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон, ба хусус водии Рашт тавассути телевизион тамошо кардем. Ман ба сифати сокини минтақаи деҳоти Тоҷикистон воқеан рӯҳбаланд шудам, зеро он сохтмонҳое, ки дар тайи 10 соли охир дар минтақаҳои кӯҳистони мамлакат амалӣ шудааст, кори азимест ва боиси таҳсин аст.

Ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск дар интихоботи президентӣ фаъолона иштирок менамояд ва ба номзади арзандаи худ –Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳад.

Бо эҳтиром

Раиси Ҷамъияти минтақавии тоҷикони вилояти Новосибирск «Дӯстӣ» Абдуҷаборов Сияршо Зардакович.

 

Ба сӯи фардои дурахшон бо Эмомалӣ Раҳмон

24.10.2013 10:27

Cӯҳбати навбати дар фурӯдгоҳи ҳавои ш. Душанбе, бо Маруфов Маруф Киромиддинович, сокини ноҳияи Айнӣ, ки ӯ 16 сол боз дар шаҳри Москва ҳамчун муҳоҷир кор ва фаъолият менамуд, гузаронида шуд.

Рости гап ман ҳар сол рухсатии меҳнатӣ гирифта ба Ватан бармегардам, бовар кунед ин қадар навигариҳо дар ин бисту ду соли истиқлолият, ки ин ногуфтанист дида мешавад. Ман боварӣ дорам, ки ҳамин хел тараққиёт рафтан гирад, дар оянда Тоҷикистони азизи мо ба Шветсарияи хурдакак монанд мешавад. Ман албатта медонам, ки ҳамаи ин заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо аз Ҷаноби Олӣ хеле минатдор ҳастем, ки моро фаромӯш намекунанд ва дар ҳар баромадҳояшон моро ҳушдор менамоянд, ки дастатонро болои қалбатон монеду фаромӯш накунед, ки Шумо тоҷик ҳастед.

Абатта, ин суханҳо барои мо муҳоҷирон як малҳаме мебошад, агар ин суханҳоро фикр кунед як ҷаҳон маъно доранд. Ман шахсан худам чи имкониятҳое, ки аз дастам меояд барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон дареғ намедорам. Дар айни замон дар назди ман бештар аз 80 нафар тоҷикон дар Россия кор ва фаъолият менамоянд. Пеш аз сафар ман ҳамаи онҳоро ҷамъ намуда, як ҷаласаи хурдакак гузаронидам ва ба онҳо фаҳмонидам, ки ҳамаи Шумо тоҷик буданатонро фаромӯш накунед. Ман бояд қайд намоям, ки таи солҳои охир шумораи муҳоҷирон кам шуда истодааст, дар оянда ман бовари дорам, ки агар моро ақли солим ғолиб ояду ба марди хирад, сиёсатмадори барҷаста ва дилсӯзу ғамғори миллат якдилона овоз диҳем, умуман сафи муҳоҷир боз дучанд камтар мешавад. Ман аз номи ҷавонони тоҷики шаҳраки Саритсина дилпурона гуфта метавонам, ки мо якдилона ба марди хирад Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем.

Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди Ҳукумати ҶТ

ЁДИ ВАТАН

24.10.2013 11:35

Чашмони дилам сӯи ВАТАН раҳсипораст,
Бо ёди Ватан оҳи дилам гул ба сар аст.
Нест як нафасе ман накунам ёди ВАТАН
Зеро Ватан барои ман чун модар аст.
Гар рӯи ҷаҳон гардиву бини ҳама ҷо
Олам ҳама зебо Тоҷикистон дигар аст.....

Бале. Воқеан ҳам кишвари мо Биҳишти рӯи замин аст.
Шаҳри Новокузнецк вилояти КЕМЕРОВО, ки боз минтақаи КУЗБАСС ном дорад, дар шимолу шарқи Сибири Федератсияи РУССИЯ ҷойгир шудааст. Ҳамчун шаҳри дорои корхонаҳои бузургӣ саноатӣ; металгудозӣ, коркарди ангишт мансуб меёбад, шумораи ҳамватанони мо низ кам нестанд, ки дар баробари дигар қавму миллатҳо кору фаъолият мекунанд. Дар ҳар оила меҳру муҳаббати бародариро волидайн ба фарзандон меомузад. Дур аз Ватан бошад, ин вазифа бар души ҷамъиятхои тоҷикон буда ва боиси хушбахтист, ки онҳо аз уҳдаи ин кори басо масъулиятнок баромада истодаанд.

Ҷамъияти тоҷикони минтақавии шаҳри НОВОКУЗНЕТСК бо ташаббус ва маслиҳати чанд ҳамватани мо яъне ; РИЗОЕВ АМИРҶОН, ТОҲИРОВ ШАВҚАТ, ФАЙЗИЕВ ҲАБИБ, СОНИЕВ ИМОДУДИН, НАЗАРОВ ДАРЁ, ОДИНАЕВ РАҲМОНАЛИ барои дастгирии муҳоҷирони аз Тоҷикистон омада, дар соли 1996 ташкил шуд, ки номи "Сомон"-ро гирифт. Дар соли 2006 ташкилоти ҷамъиятии минтақавӣ бо номи "ДУСТИИ ТОҶИКУ РУС" дар кӯчаи ГОРНЯТСКАЯ- 5а шаҳри Новокузнетск ба қайд гирифта шуд. Роҳбари ҷамъият аз соли таъсисёби ТОҲИРОВ ШАВҚАТ ИСЛОМОВИЧ интихоб гардид.Ҷамъият барои кӯмаки муҳоҷирон барои дарёфти ҷои кору зист, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон, кӯмак дар ҳолатҳои нохуши ва бемор шудани онҳо, барои аз байн нарафтани расму оинҳои милли, гузаронидани чорабиниҳои илмивӯ фарҳангӣ, баҳри пойдор нигоҳ доштани дӯстӣ бо дигар миллатҳо ва меҳру муҳаббатро ба ВАТАН дар қалби муҳоҷирон талош ва дастгирӣ мекунад. Ҷамъият тавонистааст дар давоми солҳои фаъолияташ беш аз 14 ҳазор ТОҶИКИСТОНИРО дар ин минтақа бо ҳам муттаҳид намояд.
Ҳамватанони мо дар ин сарзамин дар соҳаҳои гуногун; Вазорати тандурустӣ, корҳои дохилӣ, Вазорати маориф, саноат, зироатпарварӣ, чорводорӣ, сохтмон ва тиҷорат кору фаъолит доранд. Ҳар сол ҷамьият ба донишчуёне, ки аз ТОҶИКИСТОН омада, дар донишгоҳҳои ин шаҳp дохил мешаванд, кӯмак мерасонад. Онҳо ин замон хеле хуб таҳсили илм доранд, ки баъди хатмӣ донишгоҳ, соҳиби маълумоти олӣ гашта, баҳри халқу ватанамон хизмат хоҳанд кард. Бо дастгирии ҷамъият, дарсҳои иловагӣ, барои таълимомузии фарзандони тоҷикон, барои аз байн нарафтани забони тоҷики, омӯзондани ниёгон ва таърихи бузурги форсу тоҷик, мактабе ташкил кардаанд, ки муалимони тоҷик, дар рӯзҳои истироҳати, паи таълими фарзандони мо ҳастанд.
Бо ташабусси ҷамъият, ҳамасола дар ин шаҳр ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН, ИДИ ШАРИФИ РАМАЗОН, ИДИ САИДИ КУРБОН, НАВРӮЗӢ ОЛАМАФРУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛИ ТОҶИКИСТОН ва як қатор идҳои фарҳангӣ ва таърихии ВАТАНАМОНРО бо тантана ҷашн мегиранд.Ҷамъияти тоҷикони "ДУСТИИ ТОҶИКУ РУС" бо маъмурият ва Хадамоти муҳоҷирати шаҳривӯ вилоятӣ, бо ҷамъитҳои фарҳангии дигар намояндагони миллатҳои ин минтақа робитаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дорад.

"НАВРӮЗ-2013" дар шаҳри НОВОКУЗНЕЦК бо шукуҳи шаҳомати тозае ва дар доираи васеъ бо тараддуди ҷамъияти тоҷикон ва бо дастгирии Ҳукумати шаҳр таҷлил гардид, ки ҳама қавмӯ миллатҳои ин сарзамин дар ҷашнвора ширкат доштанд.
Дар таърихи 1-уми июни соли ҷорӣ, ҷамъият, якҷоя бо Хадамоти муҳоҷирати ш.Новокузнецк бахшида ба иди "ҲИФЗИ КӮДАКОН" вохӯри ташкил карда, мактаббачагони миллатҳои гуногунро, ки зиёда аз 100 нафар дар лагери "Лаклаки сафед" истироҳат доштанд, табрик намуда бо тӯҳфаҳои идона хотири онҳоро шод намуданд.
20-уми сентябр, ҷамъият дар фестивалӣ вилоятии дӯстии миллатҳо таҳти унвони "МО ЯК ОИЛАЕМ" дар шаҳри Мыски шуда гузашт, дар шаш номинация иштирок намуда, дар чор номинация мукофотҳои аввалро ба даст овард.
Ҷамъият дар маъракаҳои идона ба кӯдакони ятимхонаи рақами 4 дасти мадад дароз мекунанд. Доимо ҷамъият ва нафарони фаъоли ҷамъият ки фарҳангдӯст ва номбардори Ватани хеш ҳастанд, ба монанди Дилшоди Рамазон, Абдураҳимов Маматкарим, Изатулло Ибодов, Али Ҷураев, гуруҳи "Нур", гуруҳи "Дусти", дастаи "Карнай", ки дар фестивалҳои шаҳри ва вилояти иштирок мекунанд ва аз таъриху фарҳанг аз санъати бузурги миллати тоҷик ба ҳозирин пешниҳод мекунанд, боиси ифтихори мост!
Ҷамъият ҳар сол чанд маротиба нафаронеро, ки ҳамчун раисони шаҳру вилоятҳои ТОҶИКИСТОН дар ин сарзамин умр басар мебаранд, интихоб шудаанд, сари хоне ҷамъ меоварад ва аз вазъи муҳочирон ва пешниҳоду камбудиҳо суҳбатҳо мегузаронанд. Чунин нишастҳо дар соли равон дар таърихи 7-уми октябр баргузор карда шуд. Яке аз масъалаҳо гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумхурии ТОҶИКИСТОН буд.
Зимни суханрониҳoи хеш, раиси ҷамъияти тоҷикон ТОҲИРОВ ШАВҚАТ ИСЛОМОВИЧ ва раиси ҷамъияти мусулмонони шаҳри НОВОКУЗНЕЦК, бо номи "АБДУРАҲМОН" ва Директори Намояндагии КВД «Тоҷикхориҷакор» дар шаҳри Новокузнетск ОДИНАЕВ РАҲМОНАЛИ ТАЛБИЕВИЧ, ҳамдиёронамонро ба интихобoти қарибулвуқӯъи ТОҶИКИСТОН даъват ба амал овард, ки дар ин маъракаи муҳим ва такдирсоз барои ояндаи ВАТАН, ба шахси баору номуси миллат Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд. Ифтихор аз он мекунем, ки мо тоҷикон ҳарчанд дур аз диёр ҳам бошем, аммо нангу номуси тоҷиконаи хешро гум накардаем!
Ҳеҷ гоҳ мо ВАТАНРО аз ёд набаровардаем ва ин ному меҳри муққаддас ҳамеша дар забону қалби мо чун нуре шуълавар аст!
Шӯълаи меҳру муҳаббат ба ВАТАН-МОДАР дар қалбҳои мо нурафшон аст, бо ҳам дусту итифоқем ва ИНШОАЛЛОҲ ин дустиву итифоқи бародариву баробари ҳамаи моро ба қуллаҳои мурод мерасонад! Ва Иншоаллоҳ Ватани моро боз ҳам ободтару зеботар мегардонад.


Раиси ҷамъияти тоҷикони
шаҳри Новокузнетск: Тоҳиров Ш. И.


Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди ҲҶТ

Тоҷикони ҶДММ «Сомонстрой»-и ш. Липетск ҷонибдори

Эмомалӣ Раҳмон мебошанд!

24.10.2013 15:41

Тоҷикони ҶДММ «Сомонстрой»-и шаҳри Липетск ба ҷонибдории Президенти кишвар, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод, гуфт зимни сӯҳбати телефонӣ ба Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Сарраёсати Хадамоти муҳоҷират, раиси Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сомонстрой» Юсуфалиев Муҳаммад Муъминович.
Ӯ дар сӯҳбати телефонӣ ибрози ақида намуд, ки дар ширкат зиёда аз 50 нафар ҳамватанони тоҷик ба корҳои сохтмонӣ машѓул мебошанд. Рости худам зодаи ин диёри бемислу монанд Тоҷикистон мебошам, вале солҳои зиёд аст, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ дорам. Баҳорӣ имсол дар ш. Душанбе будам, баростӣ ангушти ҳайрат газидам, ин қадар зебо кучаю хиёбонҳо, сохтмонҳои нави аврупоий ҳеҷ боварам намеомад, ки ман дар Душанбе ҳастам. Ин таррақиёт, ин Ватандӯстию ватандориро ман танҳо дар симои фарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон мебинам ва бовар мекунонам, ки ҳамаи он точиконе, ки дар Ширкати ман кор мекунанд ба тарафдории Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳанд, зеро танҳо ӯ ин миллатро ба қуллаҳои баланди мурод бурда мерасонад.

Директори ҶДММ «Сомонстрой»-и ш. Липетск
Юсуфалиев Муҳаммад Муъминович

Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди ҲҶТ

Пурзӯр намудани корҳои иттилоотӣ, тарғиботию ташвиқотӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хисрав


25.10.2013 08:36

Бояд қайд намуд,ки вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик сол аз сол дар қаламрави кишварҳои хориҷа печидатар мешавад, ки яке аз сабабҳои асосии он дар сатҳи пасти дониши ҳуқуқии муҳоҷирон, надоштани касб ва надонистани забони давлате, ки муҳоҷирон сафар мекунанд аз ҷумла давлати Русия, мебошад.
Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба касбомӯзии муҳоҷирон ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст.
Дар асоси супориши Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиало Девонаев Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Нақшаи чорабиниҳо доир ба бурдани корҳои иттилоотӣ ва тарғиботию ташвиқотӣ байни аҳолӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ тартиб дода, аз рӯи он дар байни аҳолии вилояти Хатлон корҳои фаҳмондаҳӣ, касбомӯзи, омӯзиши забонҳои русию англисиро дар ҳамкорӣ бо литсею омӯзишгоҳҳои касбӣ- техникиро ба роҳ мондааст.
Бо ин мақсад сардори Шуъбаи ба қайдгирии Раёсат Меҳринисо Ибрагимова дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хисрав бо шаҳрвандон - муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамбастагии мақомотҳои маҳаллӣ вохӯриҳо гузарониданд.
Дар ҳамкорӣ бо роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Носири Хусрав Баҳодур Азизов, мудири Бахши меҳнат Бозоргул Саидова бо мардуми ҷамоати номбурда вохӯрӣ гузарониданд.
Меҳринисо Ибрагимова дар мавзӯи қонунгузориҳои нави ФР дар самти муҳоҷират суханронӣ намуд. Ӯ афзуд, ки яке аз мушкилоти асосие, ки муҳоҷирони мо дар Русия дучор мешаванд ин сари вақт омода накардани ҳуҷҷатҳои худ аз ҷумла аз қайд гузаштан ва гирифтани иҷозатномаи корӣ ва набастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо мебошанд. Ё дар баъзе ҳолатҳо муҳоҷирони мо ба доми қаллобон афтода ҳуҷҷатҳои қалбакӣ омода мекунанд, ки оқибат сабаби саргардонии зиёди ҳамватанони мо мегардад.
Бояд пеш аз сафар муҳоҷир донад, ки куҷо меравад ва чӣ кор кунад. Мо барои Шумо дафтарчаҳо ва буклетҳое овардаем, ки ҳамаи қоидаҳои ба расмият дарории ҳуҷҷтҳо дар қаламрави Русия қайд карда шудааст,- илова кард Меҳринисо.
Меҳринисо ҳамчунин афзӯд, имрӯз дар қаламрави вилояти Хатлон аз ҷмула ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ зиёде фаъолият менамоянд ва Шумо метавонед худ ва фарзандони худро соҳибкасб намоед. Дар ин омӯзишгоҳҳо барои калонсолон ва ҷавонон курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ва забономӯзӣ фаъолият менамоянд, гуфт номбурда.
Бино ба гуфти Баҳодур Азизов дар ноҳияи Носири Хусрав ҳудуди 33 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки аз ин 16 ҳазору 540 нафараш занҳо буда боқимонда мардҳо мебошанд. Ба гуфти ин масъули ноҳия дар ноҳия курсҳои омӯзиши компютер, дузандагӣ, кафшергари барқӣ, барқчӣ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ ба роҳ монда шудааст, ки айни замон 130 нафар сокнинони ин ноҳияро фаро гирифтааст.
Хамзамон намояндагони Раёсат дар ҷамоатҳои Наврӯз ва Истиқлоли ҳамин ноҳия китобчаю буклетҳои тарғиботиро ба мардуми маҳаллӣ тақсим намуданд.
Чунин вохӯриҳо дар ноҳияи Шаҳритусу Қубодиён дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ин ноҳияҳо гузаронида шуд.
Дар вохӯриҳои гузаронидашуда дар ин ноҳияҳо аз падару модарон даъват карда шуд, ки пеш аз сафари ҷавонон ба хориҷи кишвар онҳоро омода кунанд ва ҳамеша дар ҷараён бошанд, ки ба чӣ кору бор машғуланд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар тайи чанд соли охир як қисми ҷавони навоҳии дурдаст дар муҳоҷират ба доми гурӯҳои ҷиноию экстреместӣ меафтанд, ки оқибаташон ё зиндонаст ва ё дигар оқибатҳои нохуш.
Сардори Шуъба ба ҷавонон муроҷиат карда, қайд намуд,ки дар сафар ё дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳо ҳамеша ҳушёрию зираки сиёсиро аз даст надиҳанд ва гапи ҳаргуна шахсони ношинос ва ҷиноятпешаро пеша накунанад. Дар кадом кишваре набошед ҷавонони азиз ҳамеша Ватандӯсту Ватанпарвар бошед ва доимо кору фаъолияти худро дар доираи қонун роҳандозӣ намоед. Бубинед, ки дар тамоми шаҳрҳои Русия намояндагиҳои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон фаъолият доранд ва дар сурати ба мушкилӣ дучор шудан ба онҳо муроҷиат кунед то ба Шумо кӯмаки худро расонанд.
Дар ҷараёни сӯҳбатҳояш Меҳринисо ҳамчунин доир ба аз назаргузаронидани ҳуҷҷатҳо ва шиносномаҳо иброз дошт, ки дар аксар ҳолатҳо сабаби баргардонидани муҳоҷирони мо аз фурӯдгоҳҳои Русия мегарданд. Ҳамватанони азиз пеш аз сафар ба ҳуҷҷатҳои худ аз ҷумла шиносномаҳояшон диқат диҳанд. Баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки муҳлати шиноснома ва муҳлати ивази расм шудаасту онро иваз накарда ба сафар мебароянд ва аз фурудгоҳ бозпас мегардонад. Хуб мешуд бо шиносномаи хориҷӣ сафар кунанд ва ба муҳлати он диқат диҳанд. Муҳлати шиносномаҳои хориҷӣ панҷ сол ва шиносномаи Биометрӣ 10-сол мебошад.
Пеш аз сафар ба ҳуҷҷатҳои худ аҳамияти ҷиддӣ диҳед то боиси саргардонии Шумо нагардад, - қайд намуд Меҳринисо Ибрагимова.


Маҳмудҷон Хоркашев и.о сардори
Раёсати хадамоти муҳоҷирати
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар вилояти Хатлон

Шуъбаи робита бо чомеаи ХМнХЧТ

Сабақи ибратомӯз ва сулҳпарвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

25.10.2013 10:25

Мо як гурӯҳ донишҷӯёне, ки дар Донишгоҳи шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия таҳсил менамоем ҳаматарафа ҷонибдори номзади арзандаи миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳастем.

Ман Олимҷон Аслонов шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳассили Донишгоҳи мазкур буда, қайд карданиям, ки мавқеъ ва ҷойгоҳи Президенти кишвар дар хориҷ аз кишвар ҳам, устувор буда, таҷрибаи сулҳофарӣ ва пойдор намудани дӯстиву бародарии ӯ ибратомӯзи халқу миллатҳои дигарон мебошад.

Мо ҷавонони даврони истиқлол ҳар чӣ бештар кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки хонда соҳиби ихтисоси ҷавобгӯи талаботи замони муосири буда, баҳри рушду нумӯъ ва пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошем, чун имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони баландихтисос ниёз дорад.

Бино бар гуфтаҳои боло, аз тамоми ҷавонон ва мардуми шарифи Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки ба ҷонибдории номзади арзандаи миллат, ба Президенти кишвари маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.

Як гурӯҳ донишҷӯи тоҷик аз шаҳри Қазон

Шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ назди ҲҶТ

Шахси миллатдӯст ва ватансоз!


25.10.2013 14:35

Ман, Назаров Акрам бо аҳли оилаам тӯли 9 сол аст, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият дошта, ба хуби дарк менамоем, ки Президенти имрӯзаи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар сафари хизматиашон аз ҳолу аҳволи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия бохабар шуда, саъю кӯшиш менамоянд, ки вазъияти муҳоҷиронро беҳтар намоянд.
Мо хабардорем, ки бо дастгирии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иҷозати корӣ дар Федератсияи Россия барои муҳоҷирони менатии тоҷик аз 1 то 3 сол ва инчунин муҳлати бақайдгирӣ аз 7 рӯз ба 15 рӯз тамдид карда мешавад ва саҳми Ҷаноби Олӣ дар ба имзо расонидани ин созишномаҳо барои беҳбудии вазъияти зиндагӣ ва кору фаъолияти мо муҳоҷирони меҳнатӣ басо калон мебошад.
Президенти малакат бо ҳамаи душвориҳо нигоҳ накарда кӯшиш карда истодаст, ки давлати мо ва сарзамини Тоҷикистонро обод гардонд.
Аз ин хотир мо бо сарбаландӣ ва бо умедҳои рӯзгори ободу ҳаёти осоишта 6 ноябр, дар интихоботи Президенти ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳем.
Мо аз дигар муҳоҷирони меҳнатӣ низ даъват ба амал меоварем, ки ба ин шахси ватандӯст миллатсоз овоз диҳанд.

Назаров Акрам бо аҳли оилааш аз ш. Москва

Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди Ҳукумати ҶТ

Тоҷикони вилояти Красноярск бо ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод!

28.10.2013 11:19

TajiksТоҷикони вилояти Красноярск дар рӯзи Интихобот бо амри дил ва ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ ба ҷонибдории Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон овоз хоҳанд дод.

Ин гуфтаҳо зимни сӯҳбат бо муовини раиси Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск «Пайванд» Ҳазарали Асламов иброз гардида, қайд намуд, ки рӯзи 6-ноябри соли равон дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ зиёда аз 4 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар вилояти Красноярск кору фаъолият менамоянд, фаъолона иштирок хоҳанд кард. Барои онҳо як ҳавзаи интихоботӣ дар Қасри маданияти шаҳри Красноярск кушода шудааст, ки интизори интихобкунандагон аст.

Ӯ таъкид намуд, ки мақсади асосии мо - тақвияти пайгиронаи рушди босуботи иқтисодии Тоҷикистон ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, бахусус тавассути таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳамзамон бо ин, инкишофи босуръати соҳаҳои бунёдӣ дар заминаи рушди бахши хусусӣ мебошад, ки дар давраи гузариш рушди устувори иқтисодиёти моро таъмин менамояд.

Мо ҳанӯз дар оғози эъмории давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорем. Таҷрибаи таърихии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон собит месозад, ки бунёди чунин давлат раванди тӯлонӣ мебошад.

Ҳарчанд, ки аз замони ба истиқлол расидани давлати мо ҳанӯз давраи зиёд нагузаштааст, вале мо аллакай шоҳиди густариши раванди гуногунандешии сиёсӣ, рушди босуръати фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон ҳастем ва дар ин самт аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти озод, ҳамаи шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Яъне, мо дар як замони начандон тӯлонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлати демократӣ– асосҳои сохти давлатдории демократӣ, аз ҷумла моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии виҷдонро эълон ва таъмин намудем.

Аз ин лиҳоз, ҷамъияти мо, тарафдор ва иҷрокунандаи ин санадҳо мебошад. Бояд иброз намоям, ки дар вилояти Красноярск бо қайди омории ин кишвар зиёда аз 30 ҳазор шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд. Як чизро қайд намоям, ки дар инҷо байни мо тоҷикон маҳалгароӣ умуман вуҷуд надорад, ки барои пешравии фаъолияти мо афзалият хоҳад дод.

Алакай ҷамъияти мо дар байни дигар ҷамъиятҳои миллатҳои гуногун, ки дар вилояти Красноярск зиндагӣ мекунанд дар назди роҳбарияти ин кишвар обрӯи хоса дорад. Ҷамъияти мо барои онҳо як намуна шудааст, ки дар ҳар як ҷаласаҳои вилоят аз тарафи роҳбарияти он гирди забон гирифта мешавад. Мо аз ин фахр мекунем.

Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Красноярск соли 1997 таъсис дода шудааст, ки дар он 15 ҳазор нафар шаҳрвандони мо номнавис шудаанд. Бояд гӯем, ки соли 2011 дар назди ҷамъият як Маркази ҷавонон аз ҳисоби донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишкадаҳои ин макон таҳсил мекунанд таъсис дода шудааст. Дар ин марказ алакай 130 нафар ҷавонони тоҷик фаъолона иштирок мекунанд, ки аз онҳо 60 нафарашон дар Донишгоҳи тиббии шаҳри Красноярск таҳсил доранд.

Ҳамаи чорабиниҳои ҷашние, ки баргузор мегарданд дар якҷоягӣ бо ин Марказ гузаронида мешавад. Як чизро иброз намоем, ки ҷамъияти мо асосгузорӣ ҷашни Сайри Лола мебошад, ки ҳамасола бо иштироки 10 ҳазор нафар одамон ҷашн гирифта мешавад. Аслан ин ҷашн моҳи июн баргузор мегардад, ки дар он намояндагони тамоми ҷамъиятҳои тоҷикони Россия ва меҳмонон иштирок хоҳанд кард. Ҳамаи маъракаҳои тоҷикӣ, аз қабили тӯйи домодиву арусӣ ва хатнасур дастаҷамъона гузаронида мешавад.

Ғайр аз ин, ҷамъияти тоҷикони Красноярск иқдоми неки тоҷиконро ба роҳ монда, ҳамасола зимни истиқбол гирифтани ҷашни Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва Иди Қурбон ба дармондагон ва хонаи ятимони вилоят сару либос ва хӯрока кӯмак менамоянд.

Ҷамъияти тоҷикон ҳамеша шаҳрвандони худро дар танҳои намегузоранд ва ба онҳо барои дастрас намудани иҷозаи кор, патент ва ба қайдгирии муввақатӣ кӯмаки хешро дареѓ намедоранд.

Бояд як чизро қайд намоем, ки ҷамъияти тоҷикон бо Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагии КВД «Тоҷикхориҷакор» дар ФР ҳамкории зич дорад. Ин ҳамкориҳо ба он оварда расонид, ки бисёри аз шаҳрвандони мо соҳиби ҷойи кори доимӣ ва муввақатӣ гардиданд. Масалан, дар корхонаи «Сосновоборский фанерний завод» зиёда аз 40 нафар тоҷикон кор карда истодаанд. Дар корхонаи мурѓпарварии шаҳри Красноярск бошад 250 нафар шаҳрвандони мо бо ҷойи кор таъмин шуданд. Дар ширкатҳои сохтмонии «Монолит-Холдинг» ва «Азия Плюс» айни замон аз 40 то 300 нафар тоҷикон кору фаъолият намуда истодаанд.

Ҷамъияти тоҷикони вилояти Красноярск «Пайванд» дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ Интихоботи Президенти кишвар, фаъолона иштирок менамояд ва номзади арзандаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ менамояд.


Мавод аз Сарраёсати муҳоҷирати меҳнатӣ дастрас гардид.

Шуъбаи робита бо ҷомеаи
ХМ назди Ҳукумати ҶТ