1. Skip to Menu
  2. Skip to Content
  3. Skip to Footer
FacebookGoogleLivejournalTwitterYoutubeFeed
  • Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Имзои Созишнома

    Имзои Созишнома

  • Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

    Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

  • Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва  нақшаҳои минбаъдаи он

    Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва нақшаҳои минбаъдаи он

  • ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

    ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

  • Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

    Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

  • Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

    Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

  • Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

  • Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

    Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

  • Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

    Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

  • Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

    Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

  • Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

    Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

  • Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон

16 июли соли 2015 дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии «Иттилоот ва муошират» нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2015 бо иштироки хабарнигорони ватанию хориҷӣ баргузор гардид.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2015 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти барномаҳои страгегӣ ва ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳ монд.
Дар нимсолаи якуми соли 2015 ҷиҳати такмил ва рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ аз ҷониби вазорат дар маҷмўъ 22 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки аз ин шумора 1 лоиҳаи қонун, 1 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравии тарафҳо ва 1 ёддошти тафоҳум ташкил медиҳанд.

Таҳия ва қабули ин санадҳо барои таъмини рушди устувори иҷтимоӣ, тадриҷан баланд бардоштани беҳсозии шароити зиндагӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатию дохилӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналмилаӣ равона гардидаанд.

Ба ҳолати 1 майи соли 2015 музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 884 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 фоиз афзудааст.

Дар бахши воқеӣ музди меҳнати баланд дар соҳаҳои сохтмон – 1747 сомонӣ, неруи барқ, газ ва таъминоти об – 1301 сомонӣ ва музди меҳнати паст дар соҳаи кишоварзӣ – 282 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар бахши хизматрасонӣ музди меҳнати баланд дар соҳаи фаъолияти молиявӣ – 2295 сомонӣ буда, музди меҳнати паст дар соҳаҳои буҷетӣ: тандурустӣ – 659 сомонӣ, маориф – 694 сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 883 сомонӣ ва мақомоти идоракунӣ 922 сомониро ташкил дод.

Музди миёнаи меҳнати кормандон дар шаҳри Душанбе – 1469,70 сомонӣ, ВМКБ – 667 сомонӣ, вилоятҳои Суғд – 731 сомонӣ, Хатлон – 655 сомонӣ ва НТҶ – 781 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Хароҷотҳои пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар моҳҳои январ-апрели соли равон 9 млрд. 445 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба даромади пулии аҳолӣ 1 млрд. 714 млн. сомони зиёд мебошад.

Ба шаш моҳи соли 2015 дар ҷумҳурӣ 69115 корхонаи новобаста аз шакли моликият арзи вуҷуд дошта, 33385 адади онҳо бо созишнома ва шартномаҳои коллективӣ фаро гирифта шудаанд, ки 48,3%-ро ташкил медиҳанд.

Дар робита ба пешгирию бартарафсозии як қатор қонунвайронкунӣ ва ҷуброни ҳаққу ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти назоратии вазорат 1108 адад гузаронида шуд, ки 872 адади он санҷишҳои нақшавӣ мебошанд. Аз маҷмўи санҷишҳо 489 санҷиш ба масъалаҳои меҳнат, 340 санҷиш ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 69 адад санҷиш ба масълаҳои муҳоҷират ва 210 санҷиш ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ рост омада, дар маҷмўъ 328 корхонаву муассисаҳои давлатӣ, 657 корхонаю ташкилотҳои хусусӣ ва 123 субъектҳои хоҷагидори шакли дигари моликиятро фаро гирифт.

Дар натиҷаи ҳамаи назорату санҷишҳои анҷомёфта 3475 адад қонунвайронкуниҳо ошкор гардиданд, ки 1491 ҳолат ба масъалаҳои меҳнат, 966 ҳолат ба масъалаҳои бехатарии меҳнат ва риояи стандартҳо, 203 ҳолат ба масълаҳои муҳоҷират ва 815 ҳолат ба масъалаҳои шуғл иртибот доранд.

Мутобиқи натиҷаҳои баҳисобгирӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 аз ҷумҳурӣ 336 625 нафар шаҳрвандони кишварамон ба хориҷи кишвар ҳамчун муҳоҷирони меҳнатӣ сафар намуда, аз инҳо 300 521 нафарашон мард ва 36104 нафар зан мебошанд.

Муҳоҷирони меҳнатии кишвар дар ин муддат ба Федератсияи Россия - 331 253 нафар, Қазоқистон – 5 372, ҷамъ дар ИДМ 357 507 нафар сафар кардаанд.

Солҳои охир бо мақсади батанзимдарории муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия ба қонунгузории ин кишвар нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди ин давлат фаъолияти муваққатии меҳнатӣ менамоянд, як қатор талаботи нав ворид гардид.

Дар ин робита аз ҷониби гурўҳи коршиносони дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, мутобиқи муқаррарот ариза ва дигар ҳуҷҷатҳои 5 категорияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст, баррасӣ карда шуданд. Айни замон, баъди баррасии аризаҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Россия ба 951 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 190 нафар донишҷўй, иҷозаи дубора ба қаламрави Федератсияи Россия ворид шудан дода шуд.

Бояд қайд намуд, ки 4 марти соли 2015 дар шаҳри Москва ҷаласаи навбатии 13-уми Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барпо гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои ба расмигардонии будубош ва фаъолияти кории муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқвайронкунии ночиз роҳ додаанд, тамдид (дароз) намудани фаъолияти корӣ тавассути Патент то се сол, эътироф гардидани ҳуҷҷатҳои муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия ва зиёда аз 30 рўз давом додани муҳлати супоридани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ва сохторҳои он, инчунин мушкилоти гирифтани Патент баррасӣ гардид.

Ҳамчунин санаи 28 майи соли 2015 ҷаласаи даҳуми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 октябри соли 2004, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Бояд зикр кард, ки дар ҷаласаи мазкур як қатор масъалаҳо аз ҷумла, ҷараёни таҳияи 4 адад лоиҳаҳои созишномаҳои байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба реадмиссия ва протокол дар бораи тартиби иҷрои он, оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, оид ба таъминоти иҷтимоӣ (суғуртаи нафақавӣ), оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бамалбарории фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Бо дахолати кормандони Намояндагӣ дар давоми шаш моҳи соли 2015 маблағи 14 млн. 19 ҳазору 482 рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи корфармоён, баргардонида шуд. Дар давоми шаш моҳи соли 2015 бо мусоидати Намояндагӣ 15 қарори суди ноҳивӣ бо қарори суди болоӣ бекор карда шуда, манъи воридоти 51 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушода шуд.

Инчунин, Намояндагӣ дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 1297 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақаҳои Федератсияи Россия бо кор таъмин намудааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2015 вазорат корро дар доираи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №677 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2013-2015» ба роҳ монда, соли 2015 дар ҷумҳурӣ 481оила: вилояти Хатлон - 227 оила, вилояти - Суғд 86 оила ва НТҶ - 168 оила ихтиёрӣ бояд кўчонида шаванд.

Ба ҳолати 22 июни соли равон дар ҷумҳурӣ ба 313 оилаи муҳоҷирони дохилӣ қитъаи замин барои сохтмони манзил ҷудо гардида ва муҳоҷирон дар мавзеъҳои нави зист ба қайд гирифта шудаанд, ки ин 65%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар вилоятҳои Хатлон 125 оила, Суғд 73 оила ва НТҶ 115 оила.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2013, №474 «Дар бораи Нақшаи миёнамўҳлати муташакиллона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016», соли равон бояд 350 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфноки экологӣ ба мавзеъҳои бехавф кўчонида шаванд: аз ВМКБ - 34 хоҷагӣ, вилояти Суғд - 55, вилояти Хатлон - 175 ва НТҶ - 86 хоҷагӣ.

Ба ҳолати 1 июли соли 2015 аз шумораи умумии 350 хоҷагӣ 170 ададаш: аз ВМКБ -12 хоҷагӣ, вилоятҳои Суғд 30 хочагӣ, Хатлон 107 хоҷагӣ ва НТҶ 21 хоҷагӣ кўчонида шуд.

Бо мақсади таъмин намудани муҳоҷирони экологӣ бо қарзи имтиёзнок ва кумаки якдаъфаинаи моддӣ ба маблағи 541100 сомонӣ тавассути сохторҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои пардохт интиқол дода шуд.

Дар нимсолаи якуми соли 2015 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 67002 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 43046 нафари онҳо ҳамчун корҷўй ба қайд гирифта шуда, ба 30877 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Тавассути татбиқи чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар маҷмўъ 22983 нафар шаҳрвандон бо ҷойҳои корӣ таъмин гардиданд. Аз ҷумла, ба воситаи ҷойҳои кории бандшуда (квотаҳо) 1897 нафар ва тавассути ташкили корҳои фардӣ 1982 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.

Дар асоси 146 шартномаҳои тарафайн бо корхонаву ташкилотҳо 3568 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 11833 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуданд. Ба 5789 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кўмакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҷумҳурӣ дар ин муддат 120404 ҷойҳои кории нав таъсис дода шуд. Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 418 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 2679 нафар корҷўён дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 3145 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд ва 1136 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардид. Бевосита тавассути ташкил ва баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ 6960 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷўён ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд.

Ҳамин тавр, дар нимсолаи якуми соли 2015 иҷроиши нишондиҳандаҳои барнома ба андозаи 70,8 фоиз таъмин гардида, маҷмўан ба 133397 нафар шаҳрвандон хизматрасонии иҷтимоӣ анҷом дода шуд.

Тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 дар миқёси ҷумҳурӣ таъсиси 142362 адад ҷойҳои корӣ пешбинӣ шуда, дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 120404 адад ҷойҳои корӣ таъсис дода шуда, 84,6 фоизи нақшаи барномаро ташкил медиҳад, ки аз он ба ВМКБ – 5253 ҷой, вилояти Хатлон – 34192, Суғд – 38010, шаҳри Душанбе – 17667 ва НТҶ – 25282 ҷойҳои нави корӣ рост меояд.

Вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт дар давраи ҳисоботӣ ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи сохтмон - 16309, саноат - 3654, кишоварзӣ - 46451, нақлиёт ва алоқа - 2120, савдо, хўроки умумӣ, таъминоти моддию техникӣ - 28947, дигар соҳаҳо – 18286 ва соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ 4637 ҷойҳои корӣ таъсис ёфтаанд, ки ба корхонаю ташкилотҳои бахши давлатӣ - 11356 ҷойҳои кории нав (9,4%), бахши коллективӣ - 12580 (10,4%), дар корхонаю ташкилотҳо бо шаклҳои гуногуни моликият - 24037 (20,0%) ва дар сектори хусусӣ - 72431 (60,1%) ҷойҳои кории нав рост меояд.

Аз ҷойҳои кории дар давраи ҳисоботӣ таъсисдодашуда 36513 адад (30,3%) ҷойҳои кории доимӣ, 40698 адад (33,8%) ҷойҳои кории муваққатӣ ва 43193 адад (35,9%) ҷойҳои кории мавсимӣ мебошанд.

Бо мақсади таъин ва пардохти қарзҳои имтиёзнок ба 1982 нафар шаҳрвандон 6 миллиону 175 ҳазору 762 сомонӣ ё худ ба ҳар як шаҳрванд ба андозаи 77,9 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ дода шуд, ки он ба ҳамин давраи соли 2014 дар муқоиса 22 нафар зиёд буда, нисбати дурнамои барнома 60,1 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра ба занони соҳибкор ва ҷавонон ба 1134 нафар занону духтарони бекор дар ҳаҷми 3 миллиону 532 ҳазору 536 сомонӣ ва ба 743 нафар ҷавонони бекор барои рушди соҳаҳои гуногуни соҳибкорӣ ба андозаи 2 миллиону 322 ҳазору 087 сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид, ки дар таносуб ба ҳамин давраи соли 2014 аз ҳисоби занон 23 нафар ва аз ҳисоби ҷавонон 6 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра аз ҷониби шаҳрвандон 5 миллиону 854 ҳазору 105 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок баргардонида шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2015 дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ 4818 нафар (1395 занҳо) шаҳрвандон ба касбомўзӣ фаро гирифта шуд.
Ҳамзамон аз рўи ихтисосҳои «Дўзанда», «Либосдўз», «Бурранда» барои тайёр кардани коргарони ихтисоснок Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таҳия карда шуд. Инчунин, барномаҳои таълимӣ барои тайёр кардани коргарони тахассуснок дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рўи ихтисосҳои «Монтёри барқ оид ба хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти барқӣ», «Кандакорӣ дар чўб», «Гаҷкори ҷузъҳои меъморӣ», «Дўзанда», «Мошинисти борбардор-муҳлати таҳсил 3-моҳ» ва Дастурамали методӣ – саволҳои тестӣ-санҷишӣ аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ тасдиқ карда шуданд.

Ҷиҳати фароҳам овардани заминаи мусоид барои ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазорат ҳамкориро дар доираи созишномаю лоиҳаҳо бо ташкилоти байналмилалии Ҷамъияти Олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат (ТБМ), Фонди глобалии СММ, Созмони Байналмилалӣ оид ба Муҳоҷират (СБМ), Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Туркия (ТИКА), Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Исломии Рушд, Кумитаи имдоди имом Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Шуъбаи Оперейшн Мерси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Муассисаи давлатии «Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар ин давра тибқи нақшаи кор 20 курси такмили ихтисос ва бозомўзиро бо фарогирии 315 нафар кормандони соҳа, аз курси такмили ихтисос гузаронид, ки ба ҳамин давраи соли 2014 дар муқоиса 9-то ё 45, 0 фоиз зиёд аст.

Дар нимсолаи якуми соли 2015 Маркази матбуоти вазорат бо аксарияти рўзномаҳои ватаниву хориҷӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва радио ҳамкории мустақим дошта, чорабиниҳои вазорат дар давраи ҳисоботӣ дар бисёр барномаҳои рўзмарраи соҳа пахш, инъкос ва шунавонида шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба дастгоҳи марказии вазорат 2459 адад ҳуҷҷат ворид гардидааст, ки ин шумора назар ба 6 моҳи соли гузашта 110 адад зиёд мебошад.
Вазорат маълумотро оид ба гузоришҳои матбуотӣ, вобаста ба баргузории чорабиниҳо ва вохўриҳои роҳбарият бо намояндагони шарикони рушд омода намуда, ба сомонаи «www.mehnat.tj», «www.migration.tj» ва тариқи сомона ва радиои АМИТ «Ховар» мунтазам пешниҳод менамояд.

Дар сохтори вазорат КВД «Рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» фаъолият менамояд. Айни ҳол рўзномаи мазкур дар ҳаҷми 16 саҳифаи моҳе ду маротиба, ранга ва бо теъдоди 4250 нусха интишор меёбад.

Иловагӣ

Миқдори ҳозирон

004453367
Имруз
Дируз
Хамин хафта
Хафтаи гузашта
Хамин моҳ
Моҳи гузашта
Хамаги
2483
3776
13288
4417814
52228
132562
4453367

IP шумо 54.159.124.79
Алъон: 2017-08-16 17:24:34

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
Ду Се Чо Па Чу Шб Як
31 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ

(USD)  7.9019

(EUR)  8.4953

(RUR) 0.1296