1. Skip to Menu
  2. Skip to Content
  3. Skip to Footer
FacebookGoogleLivejournalTwitterYoutubeFeed
  • Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Имзои Созишнома

    Имзои Созишнома

  • Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

    Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

  • Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва  нақшаҳои минбаъдаи он

    Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва нақшаҳои минбаъдаи он

  • ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

    ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

  • Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

    Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

  • Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

    Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

  • Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

  • Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

    Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

  • Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

    Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

  • Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

    Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

  • Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

    Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

  • Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

 Sardor istk 14 сентябри соли равон дар толори Хадамоти муҳоҷират мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Шӯрои кӯҳансолони ҳаракати Ваҳдат ва Эҳёи Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи улуми педагогӣ ва иҷтимоии Россия, профессор Нодир Одилов баргузор гардид.

Дар он роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират иштирок намуданд.

Зимни баромади хеш профессор Нодир Одилов иброз намуданд, ки истиқлолият дастоварди муҳимтарину бузург, неъмати бебаҳои ҳама гуна халқу миллат ба шумор меравад. Шарофати ҳамин истиқлолият аст, ки мо соҳиби Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Артиши миллӣ, Қувваҳои сарҳадӣ, пули миллӣ ва узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва аъзои чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳастем.

Таърихи бою кӯҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе доранд.

Таърих гувоҳ аст, ки замони салтанати Сомониён даврони гулгулшукуфӣ ва тиллоӣ, ташаккул ёфтани миллати тоҷику эҳёи маданият, фарҳанг, иқтисодиёт ва давлатдории ин миллати шарафманд аст, ки ҳамаи ин дар заминаи соҳибистиқлолӣ ва озодии чунин як давлати муқтадир имконпазир буд. Оре, фазои озодӣ ва соҳибистиқлолӣ ба рушди тамоми рукнҳои давлатдорӣ, соҳаҳои мухталифи ҷамъият замина мусоид фароҳам оварда метавонад. Маҳз дар давлати соҳибихтиёр арзишҳои миллӣ, монанди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ ташаккул ёфта метавонанд.

Хушбахтона, баъди садсолаҳо орзую омоли чандинасраи миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшид. Нӯҳуми сентябри соли 1991 дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Эъломия қабул карда шуд, ки ин ҳуҷҷати асосӣ барои таъмини истиқлолияти кишвари азизамон гардид. Ҳамин тариқ, бори дигар баъд аз ҳазорсолаҳо миллати тоҷик соҳиби давлати хеш – Тоҷикистони соҳибистиқлол шуд. Воқеан, истиқлолият ҳастии миллат ва неъмати бебаҳои давлат аст. Истиқлолият омили асосиест, ки рушди иҷтимоию иқтисодии ҳар як миллату давлатро таъмин менамояд. Ҳамин аст, ки дар давраи на чандон тӯлонии истиқлолият кишвари азизамон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Тӯҳфаи арзишманди даврони истиқлолият барои миллати тоҷик, ин ба сари давлат омадани фарзанди фарзона ва барӯманд Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бояд қайд кард, ки аз замони ба сари қудрат омадани ин марди воқеан сарсупурдаи миллат, миллати тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфта, хавфи аз байн рафтани Тоҷикистон бартараф карда шуд. Дар таъмин намудани истиқлолияти пурраи кишварамон саҳми Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихӣ ва хеле муассир мебошад. Дар фазои истиқлолият, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои иқтисодӣ, илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ғайра рӯз то рӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гашта истодаанд, - афзуд Нодир Одилов.

Сипас, дар назди ҳозирин сармутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Абдуллоҳи Қодирӣ сухан ронда, қайд намуданд, ки Дар саҳифаҳои таърихи инсоният ҳодисаву воқеаҳое вуҷуд доранд, ки бо гузашти солҳо арзишу мақоми бештар касб намуда, аҳамияти махсуси ахлоқиву маънавиро соҳиб мегарданд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷумлаи ҳамин гуна падидаҳои нодири таърихи умумибашарӣ ва миллати тоҷик мебошад.

Бисту чор сол аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи истиқлолиятро дар радифи халқу миллатҳои дигар ҳамеша бо арҷгузориву қадрдонӣ аз корномаҳои абармардони миллат ва ҷоннисориҳои фарзандони худ таҷлил мекунанд.

Ҳарчанд Истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд.

Имрӯз Тоҷикистон роҳи мустақили инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавиро пеш гирифта, бо шарофати истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон пайваста боло меравад ва ташаббусҳои кишвари мо ба хотири саодати тамоми сокинони сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд.

Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшид ва дарвозаҳои чаҳор самти олами бекаронро ба рӯяш боз намуд. Танҳо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ мо тавонистем, ки аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамонро ҳадафи стратегии худ қарор диҳем ва бо заҳмати содиқонаи мардумамон ба сӯи ин ҳадаф босуръат пеш равем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 24-солагии худро дар шароити идома доштани равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони пур аз тазодҳо таҷлил менамояд.

Барои эмин мондан аз таъсири раванди фарогири ҷаҳонишавӣ бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳем, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоем ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем.

Ҷавонону наврасони мо бояд аз решаҳои тамаддуни бостонӣ, забону фарҳанги миллӣ ва ойинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллӣ саъю талош намоянд. Дар шароити басо мураккабу печидаи ҷаҳони муосир ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он вазифаи ҷонӣ, масъулияти виҷдонӣ ва қарзи имонии ҳар як фарди бонангу номуси миллат мебошад. Имрӯз мо метавонем бо эҳсоси ифтихор таъкид намоем, ки асосҳои ҷомеаи демократиро ба вуҷуд оварда, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи арзанда пайдо намудаем.

Ҳар як фард, ҳар як шахс бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки соҳибватан будан хушбахтӣ ва ифтихори бузург аст.

Ҳамзамон бо ин, ба қадри ин неъмати бебаҳо - яъне ватан ва истиқлолияти он расидан масъулияти аз ин ҳам бузургтар мебошад. Мардуми мо ва махсусан ҷавонон бояд ба рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ - Конститутсия, Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлоли мо пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд.

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқамон саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад.

Бар асоси формулае, ки ман навиштаам мо метавонем ҷомеаи худро дар якҷоягӣ бо дигар ҳизбу созмонҳо ва ҳаракатҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ ва дар як калом ҷомеаи шаҳрвандӣ Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта ва тараққикарда табдил диҳем:

Истиқлолият + Демократия + Рушд + муттаҳидии ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон= кишвари пешрафта.

Sardor istk 2

Дар фарҷом роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират ба профессор Нодир Одилов барои баромади мубталло изҳори миннатдорӣ баён намуда, ӯро бо таҷлили 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Анвар Юсупов
хабарнигори рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират».

Иловагӣ

Миқдори ҳозирон

004453292
Имруз
Дируз
Хамин хафта
Хафтаи гузашта
Хамин моҳ
Моҳи гузашта
Хамаги
2408
3776
13213
4417814
52153
132562
4453292

IP шумо 164.132.161.51
Алъон: 2017-08-16 17:09:09

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
Ду Се Чо Па Чу Шб Як
31 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ

(USD)  7.9019

(EUR)  8.4953

(RUR) 0.1296