1. Skip to Menu
  2. Skip to Content
  3. Skip to Footer
FacebookGoogleLivejournalTwitterYoutubeFeed
  • Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Имзои Созишнома

    Имзои Созишнома

  • Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

    Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

  • Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва  нақшаҳои минбаъдаи он

    Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва нақшаҳои минбаъдаи он

  • ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

    ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

  • Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

    Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

  • Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

    Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

  • Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

  • Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

    Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

  • Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

    Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

  • Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

    Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

  • Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

    Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

  • Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

Idi zabon 1 22 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ мизи мудаввар бахшида ба муносибати таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ баргузор гардид.

Дар он роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи Хадамоти муҳоҷират, инчунин, дар ин ҷамъомад узви Иттифоқи нависандагон, Шоири маҳбуби мо Хайрандеш иштирок намуданд.

Idi zabon 1 1

Нахуст Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода ҳозиринро бо ин санаи фархунда, бо фаро расидани 6-умин солгарди Рӯзи забони давлатӣ ҳамаи ҳамкоронро табрику таҳният гуфта, забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддас ва муҳимтарини хизматчиёни давлатӣ метавон донист.

Сипас, сармутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Абдуллоҳи Қодирӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки дар давлатдории Сомониён нақши забони форсии дарӣ ё тоҷикӣ дар иттиҳоди қавмҳои сокини ин минтақа хеле назаррас будааст.

Омӯзиши забони модарӣ, ки аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мегардад, пеш аз ҳама аз падару модар ва муаллим ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти тамомро дар донистани забон дар тарбияи наслҳо тақозо дорад.

Дар тарбияи забономӯзии кӯдакону ҷавонон, ки синни хеле хуби рушди малакаҳои зеҳнист, бояд падару модарон масъулияти бештар дошта бошанд.

Дар донистани забони модарӣ масъулияти падару модар, бахусус масъулияти модаронро бояд боло бурд. Кӯдак сухани нахустинро аз модар меомӯзад ва ҳамеша ба кӯмаку роҳнамоии модар ҳамчун мураббии худ ниёз дорад.

Забони модарӣ дар ҳама давру замон чеҳра ва шинохти ҳар миллат буда, имрӯз низ дар муаррифии тамаддуну фарҳанг ва давлатдории миллии мо омили муҳим дониста мешавад.

Чунки миллати тоҷик маҳз бо забони зебову шево ва ширину шоиронаи худ - забони тоҷикӣ зиндаву поянда монд.

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ донистани чандин забонро ҳамеша дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда ва менамояд.

Забони тоҷикӣ, ки забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарист, гузаштагони мо низ маҳз бо ҳамин сифатҳои олии он, ситоиш кардаанд.

Бояд қайд намуд, ки аз соли 2009 инҷониб дар ҷумҳурӣ ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи Забони давлатӣ таҷлил мегардад. Забони точикӣ аз забонҳои бостонии ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавcӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон асарҳо эҷод кардаанд.

Idi zabon 1 4

Забони тоҷикӣ диққати олимон ва нависандагони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони порсӣ - тоҷикӣ яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва садҳо вожаҳои нав ба таркиби луғавии забони тоҷикӣ ворид мешаванд.

Забони тоҷикӣ - забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии aсосии Ҷумҳурии Tоҷикистонро ташкил медиҳад (88%), ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳаллӣ дар қисмати аъзаме аз шаҳру ноҳияҳои кишвари Ӯзбекистон (бахусус дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд ва ҳатто Тирмизу Намангон) ба ҳайси забони модарии xеш зиёда аз 15 миллион мешиносанд ва ҳамчун воситаи гуфтугузори ҳаррӯза истифода мебаранд. Ҳатто дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд гуфтугӯи мардуми ин шаҳрҳо ба тоҷикӣ сурат мегирад.

Дар асри ҷаҳонишавӣ форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ ба ҳам наздик шуда истодаанд ва дар оянда метавон гуфт, ки ин се шоха боз як забони умумиро ифода кунанд ва барои 222 миллион порсигӯ забони ҳаставӣ қарор гирад.

Бояд қайд кард, ки дар ташаккул ва боло рафтани нуфузи забони тоҷикӣ саҳми одамушшуаро, сардафтари адабиёти классики тоҷику форс хеле бузург аст. Маҳз Абуабдуллои Рӯдакӣ нахустин шуда, забони тоҷикии дариро дар эҷодиёти худ васеъ истифода бурд. Ӯ забони гуфтугӯии мардуми оддиро ба сатҳи адабӣ ва илмӣ бароварда, дар назм калимаҳои соддаву осонбаён ва ҳамзамон пурмаъниро роворид намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки забони тоҷикӣ дар асари дигаргуниҳои сиёсиву фарҳангӣ, истилову кашмакашиҳо ба мисли забонҳои дигар рӯ ба нобудӣ намонд, баръакс рушду нумӯъ кард.

Ҳоло бошад, забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар марҳилаҳои бедоршавии миллат ва эҳёи ҳисси миллӣ, ҳанӯз дар солҳои охири давлати Шӯравӣ эълон гаштааст, ки дастоварди муҳимтарин дар он замон ба шумор меравад.

Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ роҳбарияти Ҷумҳурии Шӯравии Тоҷикистон ба ҳифзи забони тоҷикӣ, ҳамчун муқаддасоти миллӣ аҳмияти махсус зоҳир карда, дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 июли соли 1989 ин сана ба ифтихори бузургдошти забони давлатӣ, ҳамчун Рӯзи забони тоҷикӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллии мо ворид карда шуд ва баъдан тағйирот ворид карда шуд.

Имрӯз, Хадамоти муҳоҷират, ки сохтори танзимкунандаи умури муҳоҷират мебошад ва тибқи оморҳои мавҷуда зиёда аз 800 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар дар хориҷа ба сар мебаранд ва қисмате аз онҳо муқимӣ гаштаанд, бояд ба нигоҳдории забони тоҷикӣ, анъана, расму ойин ва тарзи зиндагонии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бояд диққати ҷиддӣ дод.

Имрӯз, боиси ифтихор аст, ки шаҳрвандони мо дар дигар кишварҳо зисту зиндагонӣ доранд ва забони модарии худро дар ҳаёти пурталотуми кишварҳои мутараққӣ гум накардаанд ва бо забони модарии хеш сухан мегӯянду фарзандони хешро бо ин забон ба воя мерасонанд ва тарбия мекунанд.

Чуноне, ки Лоиқ Шералӣ мегӯяд:
…Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст…

Idi zabon 1 3

Бояд тазаккур дод, ки дар замони муосир давлатҳои пешрафта кӯшиш ба харҷ медиҳанд медиҳанд то дар кишварҳои дигар расму ойин ва забони худро ворид созанд ва нуфузи кишварашонро вусъат диҳанд ва мо сиёсатро дар мисоли давлатҳои абарқудрат ба хубӣ мушоҳида мекунем. Мо бояд дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ кӯшиш намоем, ки забони модарии хешро тақвият бахшем.

Бигузор забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди сокинони Тоҷикистони азиз ҳамеша устувору поянда бошад!

Дар фарҷом дар назди ҳозирин узви Иттифоқи нависандагон Шоир Хайрандеш(Қурбонов Хайриддин Шарифович) баромад намуда аз ашъори худ замзама намуд.   

      хабарнигори рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират».                                                                              Анвар Юсупов

Иловагӣ

Миқдори ҳозирон

004453292
Имруз
Дируз
Хамин хафта
Хафтаи гузашта
Хамин моҳ
Моҳи гузашта
Хамаги
2408
3776
13213
4417814
52153
132562
4453292

IP шумо 164.132.161.51
Алъон: 2017-08-16 17:09:09

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
Ду Се Чо Па Чу Шб Як
31 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ

(USD)  7.9019

(EUR)  8.4953

(RUR) 0.1296