1. Skip to Menu
  2. Skip to Content
  3. Skip to Footer
FacebookGoogleLivejournalTwitterYoutubeFeed
  • Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Имзои Созишнома

    Имзои Созишнома

  • Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

    Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

  • Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва  нақшаҳои минбаъдаи он

    Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва нақшаҳои минбаъдаи он

  • ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

    ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

  • Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

    Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

  • Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

    Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

  • Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

  • Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

    Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

  • Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

    Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

  • Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

    Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

  • Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

    Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

  • Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

Tamoshoi dastajamii payomi Prezidenti JT 201620 январи соли 2016 кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳочират дар қатори дигар намояндагиҳои расмии Тоҷикистон дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар тамошои дастаҷамии Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлисии Олии кишвар ширкат намуданд.

Зимни ироаи паём Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ҷорӣ ва солҳои минбаъда муайян намуда, дар баробари дигар масъалаҳои муҳим ба соҳаи иҷтимоии аҳолӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард. Беҳдошти тадриҷии вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар шароити мураккаби иқтисоди сиёсии минтақа ва ҷаҳон яке аз вазифаҳои муҳимми ҳукумату давлат арзёби шуд. Қайд гардид, ки бо вуҷуди таъсири буҳронҳои сиёсию иктисодии ҷахон ва афзоиши фишори он ба иқтисоди милли бо талошу кушиши мардуми шарафманд нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисоди таъмин ва дар ин замина сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 31 фоиз паст гардид.

Пешвои миллат ба масъалаи шуғли аҳолӣ дахл намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки дар соли 2015 дар доираи барномаҳои давлативу соҳавӣ беш аз 205 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Мувофиқи суханони Сарвари давлат танзими давлатии муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, касбомӯзӣ ва муҳоҷирати аҳолӣ ба суботи иҷтимоӣ ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири бевосита дорад.

- Амалӣ гардидани барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ имкон дод, ки дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд, - изҳор дошт Президенти мамлакат ва афзуд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат ба вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илмро дастур дод, ки ҷиҳати тақвият бахшидан ба омодагии касбии шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ раванди таълими касбиро ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ гардонанд.

Ҳамчунин Сардори давлат афзуд, ки бо дарназардошти вазъи имрӯзаи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ ва бо ҷойи кор таъмин кардани шумораи ҳарчи бештари шаҳрвандон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, инчунин соҳибкорон, масъулони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро зарур аст, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати таъсиси курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Баъд аз анҷоми суханронии Президенти мамлакат Сафири ҶТ дар ФР Имомуддин Сатторов чихати тартиби накшаи чорабинихо вобаста ба ичрои бандхои дахлдори паёми Президенти кишвар машварат доир намуд.

Таъкид шуд, ки дар суханронии Пешвои миллат таҳкими муносибатхои ҳамкори бо Федератсияи Россия, ба сифати шарики стратеги яке аз афзалиятхои сиёсати хориҷии ҶТ арзёби шуд ва ин омил дар навбати худ масъулияти мо, намояндагиҳои расмиро дар рушду инкишофи муносибатҳо дар кулли самтхо бештар менамояд.
Дар ҳошияи паёми Президенти мамлакат дар дафтари Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират низ маҷлис баргузор шуд. Роҳбари Намояндаги Зоҳир Мирзоев бандҳои дахлдори паёмро шарҳ дода, изҳор намуд, ки нақшаи солонаи фаъолияти Намояндаги бо дарназардошти дастуру супоришҳои Сардори давлат вобаста ба муносибатҳои меҳнати, бо истифода аз потенсиали дохиливу хориҷи мусоидат намудан ба раванди бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнати ва омузиши онҳо ба касбу ихтисосҳои ба талаботи бозори меҳнати кишвари қабулкунанда чавобгу ва ҳимояи хуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон тартиб дода мешавад.

- Дар асоси ин нақша афзалияти бештар ба масъалаи бокортаъминкуни ва бозомузии муҳоҷирон дода мешавад, - изҳор дошт З.Мирзоев ва вобаста ба хусусияти фаъолият ба кормандони Намояндаги супоришхои мушаххас дод.

            Намояндагии Вазорати меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират.

Иловагӣ

Миқдори ҳозирон

004453292
Имруз
Дируз
Хамин хафта
Хафтаи гузашта
Хамин моҳ
Моҳи гузашта
Хамаги
2408
3776
13213
4417814
52153
132562
4453292

IP шумо 164.132.161.51
Алъон: 2017-08-16 17:09:09

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
Ду Се Чо Па Чу Шб Як
31 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ

(USD)  7.9019

(EUR)  8.4953

(RUR) 0.1296