1. Skip to Menu
  2. Skip to Content
  3. Skip to Footer
FacebookGoogleLivejournalTwitterYoutubeFeed
  • Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Имзои Созишнома

    Имзои Созишнома

  • Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

    Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

  • Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва  нақшаҳои минбаъдаи он

    Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва нақшаҳои минбаъдаи он

  • ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

    ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

  • Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

    Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

  • Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

    Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

  • Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

  • Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

    Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

  • Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

    Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

  • Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

    Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

  • Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

    Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

  • Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Муҳоҷирати экологӣ - мавзўи мубрами рўз

Масъалаҳои муҳоҷирати экологӣ яке аз муҳимтарин самти сиёсати иҷтимоии ҷомеаи навини мо мебошад ва пайваста дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Дар ин замина, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 2016, №506 “Дар бораи Нақшаи муёнамуҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ барои солҳои 2017-2020” қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 02 июни соли 2017, №310 ба тасвиб расид. Аз мафҳуми муҳоҷирати экологӣ бармеояд; -“ҷараёни маҷбурии кўчидани шаҳрвандон дар ҳудуди давлати худ вобаста ба вайрон гардидани вазъи муҳити зист ё фалокатҳои экологӣ”(Қ.ҶТ аз 12.01.2010с, №591) ва баъд аз муроҷиати расмии шаҳрванд, сокини яке аз маҳаллаҳои аҳолинишин (маъмури)-и ҷумҳурӣ, тибқи тартиби муқарраршуда ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷири экологӣ эътироф карда мешавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар мавсими зимистону баҳори соли 2017 бориши зиёди барфу борон, ки ин омилҳо яке аз заминаҳои ба вуқўъ пайваста шудани ҳолати экологӣ мебошад, ба қайд гирифта шудааст. Соли ҷорӣ бо дарназардошти гуфтаҳои боло чанд нафар шаҳрвандони шаҳри Душанбе ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Шоҳмансуру Исмоили Сомонии пойтахт ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе бо аризаю дархостҳои худ муроҷиат намуданд. Бо сабабҳои зикргардида зиёд шудани шумораи муҳоҷирони экологӣ дар соли 2017 аз эҳтимол дур нест. Ин аст, ки дар давоми моҳҳои апрел ва майи соли 2017 чанд аризаи шаҳрвандон, сокинони маҳаллаи Сурхоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва барои қабули қарори дахлдор маводҳои зарурӣ ва хулосаҳои расмии мақомоту сохторҳои шаҳри Душанбе ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе манзур гардиданд. Ҳамзамон, ба маълумоти сокинони шаҳри Душанбе мерасонем, ки фаъолият дар самти мазкур таҳти назорати ҳамарўзаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Давлат Азизов
мудири Бахши муҳоҷирати экологии
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Иловагӣ

Миқдори ҳозирон

004453367
Имруз
Дируз
Хамин хафта
Хафтаи гузашта
Хамин моҳ
Моҳи гузашта
Хамаги
2483
3776
13288
4417814
52228
132562
4453367

IP шумо 54.159.124.79
Алъон: 2017-08-16 17:24:34

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
Ду Се Чо Па Чу Шб Як
31 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ

(USD)  7.9019

(EUR)  8.4953

(RUR) 0.1296