1. Skip to Menu
  2. Skip to Content
  3. Skip to Footer
FacebookGoogleLivejournalTwitterYoutubeFeed
  • Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамъомади тантанавӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Имзои Созишнома

    Имзои Созишнома

  • Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

    Тамошои дастаҷамии паёми Президенти ҶТ ба МО дар сафорати Точикистон

  • Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва  нақшаҳои минбаъдаи он

    Ҷамъбасти фаъолияти Хадамоти муҳоҷират дар соли 2015 ва нақшаҳои минбаъдаи он

  • ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

    ТАҶЛИЛИ 21-УМИН СОЛГАРДИ САРҚОНУН ДАР ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТ

  • Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

    Вохурии Тоҳир Каримзода бо Сардори ҳифзи сарҳади давлатии Латвия Н. Гарбарс

  • Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

    Вохӯрии навбатӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

  • Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

    Ҷамбасти нӯҳ моҳа дар Хадамоти муҳоҷират

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

  • Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

    Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Хадамоти муҳоҷират

  • Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

    Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

  • Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

    Паёми телевизионӣ ба муносибати солгарди 24-уми истиқлолияти давлатӣ

  • Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

    Мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 24 солагии Истиқлолият дар Хадамоти муҳоҷират

  • Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

    Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

  • Нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон

  • Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

    Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Истиқболи Ҷашни Ваҳдат дар Федератсияи Россия

Имсол мо 27 июн 20-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ-Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирем. Соли 1997, яъне расо 20 сол муқаддам дар Тоҷикистон ба ҷангӣ хонумонсӯзи шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи тақдирсоз, ки яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин ҷашнҳои миллиамон ба шумор меравад, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират нақшаи чорабиниҳоро тартиб дода, дар асоси он дар ҳамкорӣ бо Сафорат, консулгариҳо ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии тоҷикистониён дар манотиқи гуногуни Россия силсилаи вохурию мулоқотҳо бо муҳоҷирони меҳнатӣ, конфронсу мизҳои мудаввар ва барномаҳои фарҳангию маърифатиро ташкил ва баргузор менамояд.

Дар чунин як вохурие, ки дар маркази савдои “Москва”-и пойтахти ФР бо ташаббуси Намояндагӣ доир шуд, дар мавзуи Ваҳдати миллӣ ва аҳамияти он дар рушди минбаъади Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан рафт. Зикр шуд, ки маҳз сулҳу осоиш ва Ваҳдати миллӣ, ки миллати тоҷик ба он бо нархи гарон муяассар гашт, заминаи асосии рушду инкишофи давлати мо шуд. Дар ин давра миллати тоҷик, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодиро пасисар намуда, ба дастовардҳои шоён ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати тоҷикон, ба сифати субъекти мустақил дар ҷомеаи ҷаҳони эътироф гардида, ҷойгоҳи худро дар муносибатҳои байналмиллалӣ муайян сохт.

Дар ҷамъомаде, ки бо ибтикори Намояндагӣ ва Ҷамъияти тоҷикони вилояти Новосибирск “Дружба” ба муносибати 20-солагии Ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузор шуд, роҳбарон ва фаъолони ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии минтақа ширкат намуданд. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Новосибирск зимни суханронияш иштирокдорон ва дар шахсияти онҳо ҳамаи ҳамватанонро, ки имрӯз дар минтақа бо кору зиндагӣ мекунанд, табрик намуда, Ваҳдати миллиро яке аз дастовардҳои муҳим барои миллати тоҷик арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки ин ҷашни фархунда бо ташаббус ва ибтикори фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст, бояд аз ҷониби ҳар як фарди ватандӯст бо шукргузорӣ қадрдонӣ шавад ва ҳар як нафар, сарфи назар дар куҷо иқомату зиндагӣ карданаш бояяд таҳкими арзишҳои он саҳмгузор бошад. Иштирокдорони ҷамъомад аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвар сухан намуда, омодагии худро бобати саҳмгирӣ дар таҳкими минбаъади ваҳдату ягонагӣ ва рушду тараққиёти кишвар изҳор намуданд.

Чорабиниҳо бахшида ба солгарди Ваҳдати миллӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург, Санкт-Петербург, Қазон, Краснодар, Хабаровск, Владимир, Твер ва ғ. низ доир мегарданд.

Санаи 27 июн дар шаҳри Москва ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар бо ширкати намояндагиҳои расмӣ, олимону коршиносони хориҷӣ, аҳли зиёи тоҷикони бурунмарзии муқими Россия, ташкилоту созмонҳои ҷамъиятии ҳамватанон ва намояндагони ВАО баргузор мегардад. Чорабинӣ аз ҷониби Сафорати ҶТ дар ФР ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират гузаронида хоҳад шуд.

Намояндагии Вазорати меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Федератсияи Россия
оид ба муҳоҷират

Иловагӣ

Миқдори ҳозирон

004453292
Имруз
Дируз
Хамин хафта
Хафтаи гузашта
Хамин моҳ
Моҳи гузашта
Хамаги
2408
3776
13213
4417814
52153
132562
4453292

IP шумо 164.132.161.51
Алъон: 2017-08-16 17:09:09

Боду ҳаво

Тақвим

Август 2017
Ду Се Чо Па Чу Шб Як
31 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ

(USD)  7.9019

(EUR)  8.4953

(RUR) 0.1296