РОҲНАМОИ МУҲОҶИР

Салом, ҳамватани азиз! Оё нияти сафар кардан ба Федератсияи Россияро доред, вале маълумот пайдо карда наметавонед? Пас, мо ин ҷо маълумоти муфидро барои Шумо омода намудаем. Метавонед савол ё масъали дилхоҳро зер карда, маълумоти пурратар бигиред.

МУҲОҶИРАТ ҚАДАМ БА ҚАДАМ:

Шумо бояд муҳлат ва мақсади сафарро муайян намоед: таҳсил, фаъолияти корӣ, бо мақсади шахсӣ, ки аз он ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо ҷиҳатӣ будубоши  қонунӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия вобастагӣ дорад.

Барои шиносоӣ бо тартиби гирифтани патент Шумо метавонед ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар тамоми вилоятҳо, шаҳруноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед ва ё аз сомонаи расмии Хадамоти муҳоҷират (www.migration.tj)  истифода намоед.

Муҳиммаш: Агар Шумо қаблан ба Федератсияи Россия сафар намуда бошед, боварӣ ҳосил намоед, ки дар Федератсияи Россия ба қонунвайронкунӣ роҳ надодаед: мӯҳлати имконпазири будубошро вайрон накардаед, Шумо аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода набурдаед.

Барои дастрас намудани маълумот оид ба манъ будани воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа ба Федератсияи Россия, метавонед аз сомоноаи расмии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия  (www.fms.gov.ru) истифода баред: «Санҷиши мавҷудияти асос ҷиҳатинадодани иҷозат барои воридшавӣ ба ҳудуди Федератсияи Россия ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа тариқи Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия» ва ё ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намоед, ки он ҷо маҳзани маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки воридшавии онҳо ба Федератсияи Россия манъ карда шудааст, мавҷуд аст.

Муҳиммаш: Ҳангоми ба фурӯдгоҳ ва ё истгоҳи роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон омадан, пур кардани варақаи муҳоҷиратӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баҳисобгирии рафту омади шаҳрвандон зарур аст. Варақаи мазкур пур карда шуда, пеш аз сафар ба намояндаи Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.

 

Дар дохили тайёра ё қатора ва ё дар нуқтаҳои гузариши сарҳади Россия ба Шумо варақаи муҳоҷиратӣ дода мешавад. Он аз ду қисм иборат буда, бояд бо ҳуруфи лотинӣ ё бо забони русӣ пур карда шавад.

Дар баробари воридшавӣ ба қаламрави Россия ба Шумо зарур аст, ки ба намояндагии Хадамоти сарҳадии Россия шиносномаи хориҷӣ в аду қисми пурнамудаи варақаи муҳоҷиратиро пешниҳод намоед: як қисми варақаи муҳоҷиратиро пас аз қайд намудан Шумо бо худ нигоҳ доред.

Муҳиммаш: Варақаи муҳоҷиратӣ, ки онро Шумо бояд ҳамеша якҷоя бо шиносномаи хориҷӣ бо худ дошта бошед, ба Шумо ҳуқуқи дар ҳудуди Россия то 90 рӯз дар давоми 180 рӯз будубош намуданро медиҳад. Дар мавриди гум кардани варақаи муҳоҷиратӣ дар муддати 3 рӯз зарур аст, ки ба мақомоти ҳудудии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия барои гирифтани нусхаи дуюм (дубликат) муроҷиат намуд (ройгон).

Муҳиммаш: Дар муддати 15 рӯз пас аз он, ки Шумо ба Россия омадед, ба Шумо зарур аст, ки дар қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ истед.

Баҳисобгирии муҳоҷиратӣ – ин огоҳ намудани Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба он аст, ки Шумо ба макони будубоши худ дар ҳудуди Россия ҳозир шудаед.

Барои ба қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ истодан, Шумо бояд нусхаи шиносномаи хориҷӣ ва нусхаи варақаи муҳоҷиратиро ба ҷониби қабулкунанда  (соҳибмулк, корфармо) пешниҳод намоед.

Муҳиммаш: Бо диққат буда, шарм накарда аз ҷониби қабулкунанда оид ба тартиботи қайди баҳисобгирии муҳоҷиратӣ пурсон шавед, зеро ҷониби қабулкунанда  ҷавобгари он мебошад.

Пас аз гузаштани баҳисобгирии муҳоҷиратӣҷониби  қабулкунанда ба Шумо қисман ҷудошавандаи огоҳиномаро бо қайди баҳисоб гирифтани Шумо, бармегардонад.

Агар мақсади Шумо машғули фаъолияти меҳнатӣ бошад, он гоҳ Шумо бояд патентро дастрас намоед. Патент ба Шумо имконият медиҳад, ки дар назди шахси юридикӣ ё инфиродӣ фаъолияти корӣ намоед. Патентро Шумо метавонед дар ҳудуди Федератсияи Россия дар мақомоти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дастрас намоед.

Муҳиммаш: Дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ баъди воридшавӣ ба қаламрави Россия ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патент ба мақомти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия Шумо бояд пешниҳод карда шаванд.

Муҳиммаш: Шумо санҷишро барои муайян намудани сатҳи дониши забони русӣ, таърихи ФР ва асосҳои қонунгузории ФР метавонед дар қаламрави ФР ё дар марказҳои аккредитатсияшудаи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия аз ҷумла: Филиали Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе ва филиали Донишкадаи энергетикии ш. Москва дар ш. Душанбе гузаред:

Муҳиммаш:Шумо танҳо дар ҳудуди он субъектҳои Федератсияи Россия машғули кор шуда метавонед, ки дар ҳудуди он ба Шумо патент дода шудааст.

Агар мақсади будубоши Шумо дар Россия дигар бошад (на таҳсил ва на кор), муҳлати будубоши Шумо наметавонад аз 90 рӯз дар давоми 180 рӯз бештар бошад.

То ба анҷом расидани 90 рӯз Шумо бояд сарҳади Россияро тарк намоед, дар мавриди дигар Шумо ба ҷавобгарӣ ҷиҳати  қонунвайронкунии будубош дар Федератсияи Россия, ҳамзамон хориҷ кардани маъмурӣ ва ё депортатсия ба мӯхлати аз 3 то 5 сол кашида мешавад.

Дар хотир доред:

Барои ғайриқонунӣ убур намудани сарҳади давлатии Федератсияи Россия, аз ҷумла надоштани шиносномаи хориҷӣ, инчунин нисбати Шумо маҳдудияти қабулгашта ба ҳуқуқи воридшавӣ ба Федератсияи Россия, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ  шудааст.

Барои бақайдгирии қалбакӣ дар ҷои зист ва ё бақайдгирии қалбакии баҳисобгирии муҳоҷиратӣ, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ  шудааст.

Қасдан харидории ҳуҷҷатҳои  қалбакии иҷозатдиҳӣ, ба  ҷавобгарии ҷиноӣ оварда мерасонад (м. 327 Кодекси ҷиноии Федератсияи Россия).

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ ва ё нофаҳмиҳо нисбат ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, Шумо метавонед ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо муроҷиат намоед:

         Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Дастгоҳи марказӣ, шаҳри Душанбе кӯчаи Айнӣ 121 телефони боварӣ 225-07-19.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе кӯчаи Рӯдакӣ 37, тел:221-08-34;

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ 120, телефон 8-3422-6-51-99;

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон шаҳри Бохтар, хиёбони Ваҳдат 53, телефон 8-3222-2-38-08, 8-3222-2-364-1, 8-3222-2-76-81;

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ленин 36, телефон 8-3522-2-29-76;

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, индекс: 125047, ш. Москва, кӯчаи 2-юми Тверская-ямская 40/3, стр.1. тел/факс: (+992) 44640-19-51, (495) 967-98-44, 8-925-880-80-38, 9-906-724-242, 9-926-255-09-27.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россияро риоя намоед.

ОЁ МЕХОҲЕД БО ТАРТИБИ ГИРИФТАНИ ПАТЕНТ ОШНО ШАВЕД?

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шуғли қонунӣ дар қаламрави ФР, ҳам бо шахсони ҳуқуқӣ (дар ташкилот, ё соҳибкори инфиродӣ) ва ҳам бо шахсо- ни воқеӣ (масалан, соҳибони хонаҳо ва ғайра) бояд патенти кор гиранд.

Шумо метавонед танҳо пас аз расидан ба синни 18 дар Русия кор кунед ва патент гиред.

Дар ҳар минтақаи ФР танҳо як ташкилоти ваколатдор амал мекунад, ки барои ба расмият даровардани патенти кор ҳуҷҷатҳоро қабул менамояд. Шумо бояд ин ташкилотро бидонед ва фавран пас аз бақайдгирии муҳоҷират ба он ҷо муроҷиат кунед

Мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гирифтани патенти кор – 30 рӯз аз лаҳ- заи вуруд ба ФР. Барои вайрон кардани мӯҳлати ба расмият даровардани па- тент ҷарима аз 10000 то 15000 рубл муқаррар карда мешавад (Моддаи 18.20 КҲМ ФР).

Дар асоси патент ихтисоси шаҳрванди хориҷӣ тибқи таснифоти умумии касбҳои Русия нишон дода мешавад. Ихтисос дар патенти кор дар Маскав ни- шон дода намешавад, Шумо метавонед дар ҳама гуна ихтисос кор кунед.

Патент ҳуқуқ медиҳад, ки дар қаламрави минтақаи ФР дар муддати амали он кор кунед ва аз рӯи ихтисоси дар патент нишондодашуда бо ҳама гуна корфар- мо – чи шахси инфиродӣ ва чи ташкилот – дар ҳама гуна ҷои ин минтақа кор кунед.

Кор бидуни патент, инчунин на аз рӯи ихтисоси дар патент нишон додашуда, бо ҷарима дар ҳаҷми аз 5000 то 7000 рубл ва хориҷкунии маъмурӣ аз ФР (моддаи

18.10 КҲМ ФР) ҷазо дода мешавад.

Барои ба расмият даровардани патент зарур аст:

  • ариза дар бораи додани патент (варақаи ариза ва намунаи пур кардани онро метавон дар шӯъбаҳои СРММ ВКД ФР, ё дар сомонаи гувм.вкд.фр ройгон даст- рас кардан мумкин);
  • шиноснома ва нусхаи шиноснома;
  • акс бо андозаи 3х4 ранга, беҷило;
  • огоҳинома дар бораи бақайдгирии муҳоҷират ва нусхаи он;
  • тарҷумаи шиноснома ба забони русӣ ба таври нотариалӣ тасдиқшуда – дар идораи нотариалӣ, ки дар он тарҷумон ҳаст, тайёр карда мешавад;
  • корти муҳоҷиратӣ, ки бо мақсади ишорашудаи вуруд «кор» ва бо мӯҳр дар бораи воридшавӣ ва нусхаи он;
  • хулосаи тиббӣ ва шаҳодатнома дар бораи мавҷуд набудани бемориҳои нашъамандӣ ва сироятӣ, ки ба дигарон хатарноканд, инчунин сирояти ВНМО – дар муассисаи махсуси тиббӣ пас аз гузаштани муоинаи тиббӣ ба расмият дароварда мешавад;
  • шаҳрвандони Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки “хулосаи тиббӣ оид ба коршоямии касбӣ барои иҷрои кори супоридашуда” – маълумотномаи шакли 086/у, ки дар Тоҷикистон ба расмият дароварда шудааст, пешниҳод кунанд;
  • полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (СИТ) барои шаҳрвандони хориҷӣ;
  • ҳуҷҷати тасдиқкунандаи донистани забони русӣ, донистани таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ФР – чунин ҳуҷҷат метавонад шаҳодатнома дар бораи гузаштани санҷиш бошад.
  • расид дар бораи пардохти АДШВ (пешпардохти андоз барои истифодаи па- тент) барои муддати аз 1 моҳ. Пардохт дар ҳама гуна шӯъбаҳои Бонки амонатии ФР амалӣ карда мешавад.

Патентро дар шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии СРММ ВКД Русия дар минтақаи Шумо 10 рӯз пас аз пешниҳоди бастаи ҳуҷҷатҳо гирифтан мумкин аст.

Ҳангоми барасмиятдарории патенти кор ба муҳоҷир РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда) ва РССИШ (рақами суғуртавии суратҳисоби инфиродии шах- сӣ) дода мешавад – ин ҳуҷҷатҳо барои корфармо барои пардохти андозҳо ва пар- дохтҳои иҷтимоӣ зарур мебошанд.

Дар асоси патенти гирифташуда, Шумо метавонед ба таври мунтазам баҳи- собгирии муҳоҷиратиро тамдид кунед – мӯҳлати амали бақайдгириатон.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Дар ФР бисёр миёнаравон (ташкилотҳо, ё шахсони алоҳида) ҳастанд, ки дар гирифтани патент кӯмаки пулакӣ мерасонанд. Эҳтиёт бошед, ки ба фи- реб нахӯред:

  • Ба кӯмаки «шахсони инфиродӣ» – ҳамватанон, бригадирон, миёна- равон муроҷиат накунед, ҳатто агар онҳо шахсан ба Шумо шинос бошанд: худи онҳо аксар вақт ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тайёр мекунанд;
  • Агар Шумо барои кӯмак ба ташкилоти миёнаравӣ муроҷиат карда бо- шед, ҳатман шартномаҳо оид ба расонидани хизматҳо имзо кунед. Ин шартномаҳоро бодиққат хонед – дар онҳо бояд ҳатман намуди хизматра- сонӣ (кӯмак дар омода намудан ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо), нархи хизматра- сонӣ, масъулияти ташкилот барои иҷро накардани ӯҳдадориҳояш нишон дода шуда, мӯҳри ташкилот ва имзои роҳбар монда шуда бошад;
  • То ба даст гирифтани ҳуҷҷатҳоятон, санадҳои хизматрасониро имзо накунед. Бодиққат бошед – чунин санадҳо метавонанд ба матни шартномаи асосӣ дохил карда шаванд;
  • Ҳангоми пардохти хизматрасониҳои миёнаравӣ, ҳатман, расидҳои тас- диқкунандаи қабули маблағи Шумо аз ҷониби ташкилоти миёнаравро та- лаб кунед. Боварӣ ҳосил намоед, ки маблағ дар расидҳо дуруст нишон дода шуда бошад;
  • Ҳатто ҳангоми ба миёнаравон муроҷиат намудан, Шумо бояд ШАХ- САН аз муоинаи тиббӣ, санҷиши донистани забони русӣ, таърих ва қо– нунгузорӣ гузаред.

Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо Шумо бояд аз расмиёти бақайдгирии дактилоскопӣ (гирифтани нақши ангушт) ва аксбардорӣ гузаред. Агар миёнарав инро талаб накунад, ӯ Шуморо фиреб медиҳад;

  • ягон ташкилот, ё шахси воқеӣ ҳуқуқ надорад ба ҷои Шумо ҳуҷҷатҳо қабул кунад. Шумо бояд ҳуҷҷатҳоятонро дар шӯъбаи масоили муҳоҷирати меҳнатии СРММ дар минтақаи худ ШАХСАН қабул намоед.

Дар ҳар минтақаи Русия танҳо як ташкилоти ваколатдор амал мекунад, ки барои ба расмият даровардани патенти кор ҳуҷҷатҳоро қабул менамояд.

  • дар ш. Маскав – Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷирати шаҳри Маскав;
  • дар вил. Маскав – Маркази ягонаи муҳоҷират вилояти Маскав;
  • дар Санкт-Петербург ва вил. Ленинград – КВФД «Хадамоти шинос- номавию раводид»-и ВКД Русия.

Дар аксари минтақаҳои Русия ташкилотҳое, ки бастаи ҳуҷҷатҳо барои ба расмият даровардани патенти кор, қабул мекунанд, дар тобеияти КВФД

«Хадамоти шиносномавию раводид»-и ВКД Русия мебошанд.

Аксар марказҳои муҳоҷират аз рӯи принсипи «равзанаи ягона» кор меку- нанд ва ба муҳоҷир тамоми хизматрасониҳои заруриро пешкаш мекунанд. Арзиши ба расмият даровардани патентҳои кор аз минтақа ва хизматрасонии марбута вобаста аст ва метавонад ба таври назаррас фарқ кунад: масалан, ба расмият даровардани патент дар Маскав 14000-18000 рубл, дар Санкт-Петер- бург ва вилояти Ленинград – 24000-27000 рублро ташкил медиҳад.

Шумо метавонед ҳақиқӣ будани патенти корро дар сомонаи расмии Сар- раёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия тафтиш кунед: https://гувм.мвд. рф дар қисмати «Хизматрасонӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират» – «Тафти- ши аслияти иҷозат барои кор ва патентҳо барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ».

Ҳаҷми пардохтҳои ҳармоҳа барои патенти кор дар минтақаҳои гуногуни ФР фарқ мекунад ва ҳар сол аз ҷониби ҳукумати ҳар як минтақа муқаррар карда мешавад – эҳтиёт шавед, аз тағйирот воқиф бошед.

Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 18 апрели соли 2020 № 274, то 15 сентябри соли 2020 шаҳрвандони ҶТ метавонанд барои гирифтан ва аз нав ба расмият даровардани патенти кор ҳуҷҷатҳоро бидуни назардошти: мӯҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, мақсади ташриф ба ФР, баро- мад ва вуруд ба ФР, пешниҳод намоянд.

 

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • Қонуни федералӣ аз 25 июли соли 2002 N 115-ҚФ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» – моддаи 3. «Хусусиятҳои фаъ- олияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Федератсияи Русия дар асоси па- тент, бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунад, омадаанд»;
  • Фармони ВКД Русия аз 08.2017 с. № 635.

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Русия:

– дар ш. Маскав

https://77.мвд.рф/ms Тел: 8 (495) 587-07-87

– дар вилояти Маскав

https://увм.50.мвд.рф/ Тел: 8 (926) 224-74-28

 

– дар ш. Санкт-Петербург ва вилояти Ленин- град

https://78.мвд.рф/ms Тел: 8 (812) 573-37-22,

8 (812) 573-30-02

Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират:

– дар ш. Маскав

https://mc.mos.ru/ru Тел: 8 (495) 777-77-77

– дар вилояти Маскав

http://emcmo.mosreg.ru/ Тел: 8 (926) 956-33-33

– ш. Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград

http://spb.pvsmvd.ru Тел: 8 (812) 318-01-22

Марказҳои муҳоҷиратӣ – филиалҳои КВФД

«Хадамоти шиносномавию раводид»-и ВКД Русия

 

http://pvsmvd.ru/?q=node/15

Барои омодагӣ ва тасдиқи аслияти патен- ти корро тафтиш намудан сомонаи расмии СРММ ВКД Русия.

http://сервисы.гувм.мвд.рф/ info-service.htm?sid=2060

Барои гирифтани патенти кор ба куҷо муроҷиат карданро, Шумо метавонед дар ин сомона пайдо намоед.

http://migrussia.ru/ дар қисмати «Маълумот дар бораи минтақаҳо»

 

 ПАРДОХТ ВА ТАМДИДИ ПАТЕНТИ КОР   

МАЪЛУМОТИ АСОСӢ

Барои кор бо патент Шумо бояд пешпардохти андози муайяншударо

(АДШВ) барои ҳар як моҳи ояндаи кор пардозед.

Ҳангоми пардохт патент ба таври автоматикӣ ба мӯҳлати пардохтшуда тамдид карда мешавад. Дар сурати сари вақт пардохт накардан, амали патент аз рӯзи аввали гузаронидани мӯҳлат қатъ мегардад. Лутфан таваҷҷӯҳ намоед: сарҳисоби моҳ аз санаи гирифтани патенти кор, ки дар ҳуҷҷат ишора шудааст, пеш бурда мешавад.

Пардохт намудани андоз барои кор аз рӯи патент, ҳам ҳармоҳа ва ҳам якбора барои якчанд моҳ иҷозат дода мешавад – ба мӯҳлати то 12 моҳ пешпардохт аз санаи гирифтани патенти кор.

Дар давоми 2 моҳ пас аз гирифтани патент, Шумо бояд нусхаи шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо ба шӯъбаи масоили муҳоҷирати меҳнатии СРММ ВКД ФР дар минтақаи худ, фиристед. Инро метавонед тавассути почтаи фармоишӣ бо додани огоҳинома дар бораи супоридан амалӣ намоед, ё шахсан ба шӯъбаи СРММ ВКД ФР пешниҳод намоед. Агар чунин накунед – патенти Шумо мета- вонад беэътибор эътироф карда шавад!

Дар охири мӯҳлати амали патент бояд ФР-ро тарк кунед, ё патентро аз нав ба расмият дароред. Барои аз нав ба расмият даровардани патенти кор бояд ба

 

ташкилоти ваколатдор (маркази расмии муҳоҷират) дар мӯҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ то гузаштани мӯҳлати амали патент муроҷиат намоед ва бо худ ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошед:

  • шиносномаи хориҷӣ бо мӯҳлати эътибор на камтар аз 1 сол;
  • патенти амалкунанда;
  • расид дар бораи пардохти патент барои 12 моҳи гузашта;
  • корти муҳоҷират;
  • шартномаи меҳнатӣ;
  • дархост аз корфармо.

Дар ҳолате, ки Шумо бо шахси воқеӣ кор мекунед, ба аризаи тамдиди патенти кор бояд огоҳинома дар бораи имзо кардани муносибатҳои меҳнатӣ бо шахси воқеӣ ва дархост аз корфармои Шумо замима карда шавад.

Аз 4 майи соли 2020, патент барои кор метавонад ба мӯҳлати аз 1 то 12 моҳ такроран аз нав ба расмият дароварда шавад – акнун барои аз нав ба расмият даровардани патент аз ФР баромадан ҳатмӣ нест.

Дар ҳолати гум кардан, ё харобшавии патент Шумо метавонед ба шӯъбаи муҳоҷирати меҳнатии СРММ ВКД ФР бо ариза барои додани нусхаи дуюми патент дар давоми 3 рӯз муроҷиат кунед. Ба ариза бояд замима шавад:

  • шиноснома ва нусхаи шиноснома;
  • корти муҳоҷират ва нусхаи он;
  • расид дар бораи пардохти патент.

ДАР ХОТИР ДОРЕД!

Пешпардохти андоз барои патент дар ҳар минтақаи ФР фарқ мекунад. Масалан, дар соли 2020 дар минтақаҳои гуногуни Русия пешпардохти ҳар- моҳа барои патент чунин аст:

  • дар Маскав: 5341 рубл;
  • дар вилояти Маскав: 5092 рубл;
  • дар Санкт-Петербург: 3993 рубл;
  • дар вилояти Ленинград: 3993 рубл;

 

Пардохт барои патент на дертар аз як рӯз пеш аз ба охир расидани ҳар моҳи кори пардохташуда пардохт карда мешавад: масалан, патенти коре, ки 13 март дода шуда, мӯҳлати амали он 12 апрел ба охир мерасад, бояд на дертар аз 11 апрел барои давраи аз 13 апрел то 12 май, пардохт карда шавад. Патентро саривақт пардохт кунед – ҳангоми ҳатто 1 рӯз гузаштани мӯҳла-

ти пардохт, патенти кор метавонад бекор карда шавад!

Ҳатман мушаххасот барои пардохти патент ва расидҳоро, ки тасдиқку- нандаи пардохти Шумо мебошанд, бо худ нигоҳ: дар асоси патенти пар- дохтшуда метавонед бақайдгирии худро дароз кунед, инчунин мавҷудияти расидҳои пардохтро полис метавонад тафтиш кунад.

Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани патенти кор барои соли оянда, дар ҳолати ба таври қонунӣ бо кор таъмин шудан дар ФР барои музди кории пурра, Шумо метавонед тарҳи андоз гиред – яъне баргардонидани маб- лағи пардохти барзиёди андоз аз даромади шахсони воқеӣ (АДШВ). Инро дар ҳолате анҷом дода мешавад, ки агар Шумо расман тибқи шартномаи меҳнатӣ кор карда бошед, ё эъломияи андоз аз даромадро ба шӯъбаи Ха- дамоти федералии андоз пешниҳод карда бошед. Агар маблағи АДШВ-и аз музди меҳнати Шумо дошташуда аз маблағи пешпардохти андоз барои патент зиёдтар бошад, Шумо метавонед бо ариза муроҷиат намуда, андоз- ҳои барзиёд пардохтшудаи худро ба суратҳисоби бонкии худ, бо муроҷиат намудан ба Хадамоти федералии андоз дар ҷои бақайдгирӣ, баргардонед.

Мутобиқи Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 18 апрели соли 2020 № 274, то 15 сентябри соли 2020 ҳамчунин бо ҳисоб кардани худи ин рӯз, қарор дар бораи бекор кардани патенти кор қабул карда намешаванд.

ҚОНУНГУЗОРӢ

  • Қонуни федералӣ аз 25 июли соли 2002 N 115-ҚФ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Русия» – моддаи 3. «Хусусиятҳои фаъ- олияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Федератсияи Русия дар асоси па- тент, бо тартибе, ки гирифтани раводидро талаб намекунад, омадаанд»;
  • Фармони ВКД-и Русия аз 08.2017 с.№ 635;
  • Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 18 апрели соли 2020 № 274 «Дар бораи чораҳои муваққатӣ оид ба танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия бо сабаби дар робита ба хатари паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус (COVID-19)».

МАЪЛУМОТ БАРОИ ТАМОС ВА МАНБАЪҲОИ ИТТИЛООТ:

Сомонаи Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Русия

https://гувм.мвд.рф/

Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД-и Русия:

– дар ш. Маскав

https://77.мвд.рф/ms

Тел: 8 (495) 587-07-87

– дар вилояти Маскав

https://увм.50.мвд.рф/

Тел: 8 (926) 224-74-28

 

– дар ш. Санкт-Петербург ва вил. Ленинград

https://78.мвд.рф/ms Тел: 8 (812) 573-37-22,

8 (812) 573-30-02

Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират:

– ш. Маскав

https://mc.mos.ru/ru

Тел: 8 (495) 777-77-77

– вилояти Маскав

http://emcmo.mosreg.ru/

Тел: 8 (926) 956-33-33

– ш. Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград

http://spb.pvsmvd.ru/

Тел: 8 (812) 318-01-22

 

– Марказҳои муҳоҷиратӣ – филиалҳои КВФД «Ха-

дамоти шиносномавию раводиди»-и ВКД Русия

http://pvsmvd.

ru/?q=node/15

Сомонаи Хадамоти федералии андози ФР: дар су- рати мавҷуд будани РМА дар хадамоти андоз барои пардохти барзиёди андоз аз даромади шахсони воқеӣ (АДШВ) дар давоми сол Шумо метавонед тарҳи андоз гиред – яъне як қисми пардохтҳои

патентиро баргардонед.

 

 

https://www.nalog.ru

 

БА САВОЛҲОИ ХУД ҶАВОБ НАГИРИФТЕД ВА МЕХОҲЕД БА ДИГАР ҶО МУРОҶИАТ КУНЕД?

Корманди мақомот бо чунин тартиб маълумотро оид ба амалҳои шаҳрванд пеш аз сафар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ,  бояд пешниход намояд:

  1.     Ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ новобаста аз синну сол дар асоси шиносномаи биометрикии хориҷӣ метавонад ба ФР сафар намояд. Мӯҳлати амали шиносномаи хориҷӣ бояд на камтар аз як сол бошад.
  1.     Пеш аз сафар шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузарад. Зеро ҳангоми ошкор шудани касалиҳои вазнини сирояткунанда, ба ӯ ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда барои анҷоми кор дода намешавад ва дар ҳолати анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ бе Патент, роҳи ӯ дар асоси ҳалномаи мақомоти давлатии ФР манъ мешавад.
  1.     Шаҳрванд бояд ҷойи корро пешакӣ муайян намояд, дар бораи корфармо оиди фаъолияташ маълумотҳои саҳеҳ дастрас намояд. Имконият бошад, бо корфармо пешакӣ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба имзо расонад. Дар шартномаи меҳнатӣ ҳамаи ӯҳдадориҳои дутарафа, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои кордиҳанда ба монанди:
  • ному насаби коргар ва номгӯи корфармо;
  • маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти коргар ва корфармо;
  • ҷой ва санаи тартиб додани шарномаи меҳнатӣ;
  • вазифаи меҳнатии коргар;
  • санаи саршавии кор;
  • шартҳои додани маош (ҳаҷми он ва мӯҳлати додани он);
  • тартиби реҷаи корӣ ва истироҳат;
  • таъминоти тиббӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ;
  • дигар масъалаҳои зарурӣ оид ба таъмини фаъолияти пурмаҳсули шаҳрванди хориҷӣ бояд дарҷ гарданд.
  1.     Шаҳрванд бояд кӯшиш намояд, ки шартномаи меҳнатиро бевосита бо корфармо бе миёнаравон ба имзо расонад.
  1.     Пеш аз сафар ба хориҷа ҷойи зисти муваққатиро муайян намояд.
  1.     Ба шахсони тасодуфӣ, ки музди меҳнати баланд ваъда медиҳанд, бовар накунад.
  1.     Дар ҶТ ҳуқуқи бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатиро дар хориҷа танҳо он ташкилот ва ширкатҳое доранд, ки барои ин намуди фаъолият аз ХМ иҷозатнома (литсензия) гирифтаанд.
  1.     Муассисаҳои давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ маълумот ва машваратро оид ба ҷойҳои кории холӣ дар хориҷи кишвар ба шаҳрвандон пеш аз сафар намудан ба муҳоҷирати меҳнатӣ пешниҳод менамоянд. Муассисаҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи ФР аз хоҳишмандон имтиҳони маҷмӯӣ қабул карда, сертификати донистани забони русӣ, таърихи Россия ва қонунгузории ФР пешниҳод менамоянд. Инчунин дар ҳалли мушкилоти ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ФР мусоидат менамоянд.
  1.     Барои дастрас намудани маълумот оид ба манъ будани воридшавии шаҳрвандони ҶТ ба ФР, шаҳрванд метавонад мустақилона аз сомонаи расмии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии ФР (www.fms.gov.ru) истифода барад ё ба Хадамот ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намояд, ки он ҷо маҳзани маълумоти шаҳрвандони ҶТ, ки воридшавии онҳо ба ФР манъ карда шудааст, мавҷуд аст.
  1. Дар фурудгоҳ, истгоҳи Рохи Оҳан ва мошингард аз шахсони ношинос барои расонидан ба шахси дигар амонат ё бағоҷ нагирад.

 

Шаҳрванд ҳангоми ба фурӯдгоҳ ва ё истгоҳи Роҳи Оҳани ҶТ ё мошингард ворид шудан, варақаи дохилии рафту омади шаҳрвандони ҶТ бояд ҳатман пур намояд, ки он барои баҳисобгирии шаҳрвандон зарур аст. Варақаи мазкур пур карда шуда, пеш аз сафар ба намояндаи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии ҶТ супорида мешавад. 

Дар дохили ҳавопаймо ё қатора ва ё нуқтаҳои гузариши сарҳади ФР ба шаҳрванд корти муҳоҷиратӣ дода мешавад. Он аз ду қисм иборат буда, бояд бо забони русӣ пур карда шавад. Шаҳрванд бояд корти муҳоҷиратиро дуруст пур намояд (Замимаи 3. Корти муҳоҷиратӣ).

Агар шаҳрванд бо мақсади анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ ба ФР рафта истодааст, дар корти муҳоҷиратӣ дар қисми мақсади ворид дар зери калимаи “Работа” ҳатман бояд хат кашад.

Пеш аз ворид шудан ба қаламрави Россия шаҳрванд корти муҳоҷиратиро бо шиносномааш бояд ба корманди сарҳадоти Россия супорад, то ин ки дар онҳо муҳр гузошта шавад.

Пас аз гузаштани сарҳадот, шаҳрванд бояд қисми дуюми корти муҳоҷиратиро то бозгашт ба Ватан бо худ нигоҳ дорад.

Дар мавриди гум кардани варақаи муҳоҷиратӣ дар муддати 3 рӯз ба шаҳрванд лозим меояд, ки ба мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ФР барои гирифтани нусхаи дуюм (дубликат) муроҷиат намояд.  Гирифтани дубликат Ройгон аст.

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки бо мақсадҳои шахсӣ, сайёҳӣ ва дигар ба ФР ворид мешаванд, дар асоси қайди муҳоҷиратӣ ҳуқуқи буду бошро то 90 рӯз доранд. То ба итмом расидани ин мӯҳлат шаҳрвандон бояд қаламрави ФР тарк намоянд ва танҳо баъд аз 90 рӯзи дигар ҳуқуқи такроран воридшавиро ба ФР доранд.

   Шаҳрванди ҶТ аз лаҳзаи ворид шудан ба қаламрави ФР дар муддати 15 рӯз бояд худро дар қайди муҳоҷиратӣ гузорад.

  1.     Бақайдгузории муҳоҷиратӣ огоҳ намудани Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР оид ба ҳозир шудани шаҳрванди хориҷӣ ба макони буду боши худ дар қаламрави Россия мебошад.
  1.     Пас аз гузоштан дар қайди муҳоҷиратӣ, шаҳрванд дар ҳудуди ФР ҳуқуқ дорад то 90 рӯз буду бош намояд (агар патент нагирифта бошад) ва то ба охир расидани мӯҳлати 90 рӯза аз қаламрави Федератсияи Россия бояд барояд ва берун аз он 90 рӯз бошад.
  1.     Агар шаҳрванд мақсад гузоштааст, ки дар қаламрави Федератсияи Россия то 15 рӯз буду бош намояд, аз қайди муҳоҷиратӣ озод аст.
  1.     Барои гузоштан дар қайди муҳоҷиратӣ, шаҳрванд дар якҷоягӣ бо ҷониби қабулкунанда (соҳибмулк, корфармо) ба Сарраёсати минтақавӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР рафта, шиноснома ва корти муҳоҷиратиро бояд пешниҳод намояд.
  1.     Пас аз гузаштани қайди муҳоҷиратӣ, ҷониби қабулкунада ба шаҳрванд қисмати ҷудошавандаи огоҳномаро оид ба қайд медиҳад.
  1.     Ҳангоми истиқомат дар меҳмонхона, муассисаҳои иҷтимоӣ ё тиббӣ ин муассисаҳо худашон шаҳрванди хориҷиро ба қайди муҳоҷиратӣ мегузоранд.
  1.     Шаҳрванд бояд ҳамеша бо худ ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошад:
  • шиносномаи хориҷӣ;
  • корти муҳоҷиратӣ;
  • чипта (агар ба сафари хизматӣ омадааст ё ба мӯҳлати кӯтоҳтарин);
  • огоҳинома оид ба қайди муҳоҷиратӣ.

 

  1.     Ҳамчунин, шаҳрванд ҳуҷҷатҳои номбаршударо барои эҳтиёт нусхабардорӣ намуда, онҳоро бояд дар ҷои истиқомат нигоҳ дорад.
  1. Шаҳрванд дар хориҷа бояд ба намуди зоҳириаш эътибор диҳад. Дар хотир дорад, ки муносибати атрофиён бо ӯ ба рафтори шоиста, муоширати бомаърифат ва сару либоси тозаю озода вобастагӣ дорад. Аз истеъмоли машруботи спиртӣ, маҳсулоти тамоку ва ғизо дар ҷойҳои ҷамъмиятӣ ва дар нақлиёт, ба ғайр аз ҷойҳои махсуси бо ин мақсад муқарраршуда худдорӣ намояд.
  1. Дар хориҷа дар ҷойҳои беодам шабона безарурат танҳо гаштугузор накунад. Ҳангоми эҳтимолияти ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои ҷанҷолӣ ҳеҷ гоҳ кӯшиши мустақилона ҳал кардани онро пеш нагирад. Дар чунин вазъият, вобаста ба имконият, ҳатман ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот муроҷиат намояд. Ба урфу одатҳои мардуми таҳҷоӣ ҳамеша бо эҳтиром муносибат намояд.
  1. Ҳангоми ба тарафи шаҳрванд муроҷиат кардани корманди политсия шаҳрванд бояд ба либос ва рақами шахсии ӯ диққат диҳад. Дар асоси талаби шаҳрванд корманди политсия бояд шаҳодатномаи хизматии худро нишон диҳад. Агар ҳуҷҷатҳои шаҳрванд дуруст бошанд корманди политсия ҳуқуқ надорад онҳоро мусодира ё ба гарав гирад. Ҳангоми вохӯрӣ бо кормандони политсия худро озод ҳис кардан лозим аст. Ба саволҳои додашуда бояд бурро ва оромона ҷавоб дод.
  1. Дар ҳудуди ҷои зисти муваққатӣ, танҳо корманди политсия, ки дар шуъбаи корҳои дохилии минтақавӣ кор мекунад,ба шаҳрванди хориҷӣ метавонад муроҷиат намояд.
  1. Бисёр корфармоён муҳоҷирони меҳнатии худро бо манзил, аз ҷумла хобгоҳҳо таъмин менамоянд. Муҳоҷирони меҳнатӣ низ метавонанд манзилро ба иҷора гиранд ва ба агентиҳои махсуси амволи ғайриманқул муроҷиат намуда, бо онҳо шартномаи хизматрасонӣ ба имзо расонанд.
  1. Агар мақсади сафари шаҳрванд ба Федератсияи Россия анҷом додани фаъолияти мехнатӣ бошад, он гоҳ ӯ бояд ҳатман Патент гирад. Патент имконият медиҳад, ки шаҳрванд дар назди шахси инфиродӣ ё юридикӣ фаъолияти меҳнатиро анҷом диҳад.
  1. Патентро шахрванд метавонад дар ҳудуди ФР аз мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Федератсияи Россия дастрас намояд.
  1. Дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ баъди воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Россия шаҳрванд ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани Патент ба мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР бояд пешниҳод намояд.
  1. Барои гирифтани патент шаҳрванд маълумотномаи тиббӣ оид ба надоштани касалиҳои сирояткунанда ва нашъамандӣ, инчунин маълумотнома оид ба надоштани бемории ВНМО, ки аз ҷониби муассисаи тандурустии Федератсияи Россия дода мешавад, бояд пешниҳод намояд.
  1. Мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза ба шаҳрванди хориҷӣ Патент медиҳад. Патент ба мӯҳлати аз 1 то 12 моҳ дода мешавад.
  1. Мӯҳлати амали (давомноки) Патент метавонад чандинкарата ба мӯҳлати як (ва зиёда) моҳ тамдид гардад. Мӯҳлати умумии амали Патент бо дар назардошти тамдид бояд аз 12 моҳ зиёд набошад.
  1. Мӯҳлати амали Патент он гоҳ тамдидгардида ҳисоб мегардад, агар андоз барои гирифтани Патент пардохт гардидааст. Дар ин ҳолат муроҷиат ба мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР зарур нест.
  1. Агар андоз саривақт пардохт карда нашавад, он гоҳ муҳлати амали Патент қатъ мегардад.
  1. Барои гирифтани Патент ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намуд:
  • ариза оид ба гирифтани Патент;
  • шиноснамаи хориҷӣ;
  • варақаи муҳоҷиратӣ бо нишондод оид ба мақсади сафар- “Работа” ва бо қайди мақомоти сарҳадӣ оид ба воридшавӣ ба ФР ё бо нишондоди мақомоти минтақавии Сарраёсати оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР дар бораи дода шудани варақаи муҳоҷиратии мазкур;
  • шартнома (ё полис) оид ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;
  • ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба надоштани касалиҳои сирояткунанда ва нашъамандӣ, инчунин маълумотнома оид ба надоштани бемории ВНМО;
  • ҳуҷҷат дар бораи донистани забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР (Сертификат);
  • ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирӣ дар ҷои истиқомат;
  • расид (квитансия) оид ба супоридани ҷарима аз 10 то 15 ҳазор рубл (дар холати пешниҳоди ариза барои гирифтани Патент баъди 30 рӯзи тақвими аз лаҳзаи воридшавӣ ба ФР).
  1. Патент  ба шаҳрванди хориҷӣ дар асоси муроҷиати шахсиаш бо пешниҳоди шиносномаи хориҷӣ ва расид оид ба супоридани андоз барои гирифтани патент, дода мешавад.
  1. Дар  муддати 2 моҳ аз рӯзи гирифтани Патент, муҳоҷири меҳнатӣ нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шахси-ҳуқуқиро оид ба иҷрои корҳо (пешниҳоди хизматрасониҳо) ба мақомоти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД  ФР, ки Патентро додааст, бояд пешниҳод намояд.
  1. Шаҳрванди хориҷӣ бояд ҳар 3 моҳ барои қайди такрорӣ ба мақомоти минтақавии Сарраёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати ВКД ФР муроҷиат намояд.
  1. Муҳоҷири меҳнатӣ-шаҳрванди ҶТ ҳуқуқ дорад бо корфармои Федератсияи Россия шартномаи меҳнатӣ ё шартномаи шахсӣҳуқуқиро оид ба иҷрои корҳо ба мӯҳлати то 3 сол ба имзо расонад.
  1. Маслиҳат дода мешавад, ки муҳоҷири меҳнатӣ метавонад дар Россия  барои дастгирӣ ва кӯмак гирифтан ба Сафорат ва  Намояндагии ВММША ҶТ дар ФР дар ҳолатҳои зерин муроҷиат намояд, агар:
  • дар давоми буду бош ва анҷом додани фаъолияти меҳнатӣ дар Россия ҳуқуқҳои қонунии ӯ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, корфармо ва дигар шахсони воқеӣ вайрон  карда шаванд;
  • мақомоти судӣ ғайриқонунӣ нисбати муҳоҷири меҳнатӣ қарор дар бораи хориҷи маъмурӣ (депортатсия) аз ҳудуди ФР қабул намудааст;
  • корфармо аз пардохти музди меҳнати муҳоҷири-меҳнатӣ беасос саркашӣ намудааст;
  • шароити мусоиди бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат барои муҳоҷири меҳнатӣ дар ҷойи кор таъмин нашудааст;
  • мушкилот вобаста ба гирифтани Патент, иҷозати иқомати муваққатӣ ва ё дигар намуд ҳуҷҷатҳои лозимӣ пайдо шуда бошад;
  • чиптаи ҳавопаймо ё қатораи гирифтаи муҳоҷири меҳнатӣ қалбакӣ бошад;
  • кӯмаки машваратӣ бо сабаби беморӣ, ҳолатҳои ғайричашмдошт ва бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ лозим шавад;
  • дар вақти ҷамъоварӣ намудани ҳуҷҷатҳои лозимӣ барои гирифтани Патент (супоридани имтиҳон оид ба донистани забони русӣ, таърих, ва қонунгузории муҳоҷиратии ФР; бастани шартнома оид ба полиси тиббӣ; гирифтани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА) мушкилӣ ба миён омада бошад.

– Моддаи 27. Вуруди шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ ба Федератсияи Русия манъ аст, агар:

– 1) барои таъмини мудофиа ё амнияти давлат ё тартиботи ҷамъиятӣ ё ҳифзи саломатии аҳолӣ зарур аст;

– 2) нисбати шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ қарор дар бораи ихроҷи маъмурӣ аз Федератсияи Русия, ихроҷ ё интиқол аз ҷониби Федератсияи Россия ба давлати хориҷӣ тибқи шартномаи байналмилалии Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия қабул карда шуда бошад, – дар давоми панҷ сол аз рӯзи маъмурӣ аз Федератсияи Россия, депортатсия ё интиқоли Федератсияи Россия ба давлати хориҷӣ тибқи шартномаи байналмилалии Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия;- (бо таҳрири Қонуни федералии 23.07.2013 № 224-ФЗ)

– 2.1) нисбати шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ дар бораи баровардани маъмурӣ аз Федератсияи Русия, ихроҷ ё интиқол аз ҷониби Федератсияи Русия ба давлати хориҷӣ мутобиқи шартномаи байналмилалии Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия такроран (ду ва зиёда маротиба) қарор қабул карда шуда бошад, – дар давоми даҳ солҳо аз санаи ихроҷи маъмурӣ аз Федератсияи Русия, депортатсия ё интиқоли Федератсияи Россия ба давлати хориҷӣ тибқи шартномаи байналмилалии Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия;- (бо таҳрири Қонуни федералии 23.07.2013 № 224-ФЗ)

– 3) шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ барои содир кардани ҷинояти қасдан дар қаламрави Федератсияи Русия ё берун аз он маҳкумияти барканоршуда ё барнагардида дошта бошад, ки мутобиқи қонунгузории федералӣ чунин эътироф шудааст;- (бо таҳрири Қонуни Федералии 23.07.2013 № 224-ФЗ)

– 4) шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани раводид мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия пешниҳод накарда бошад – то пешниҳоди онҳо;

– 5) шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд полиси суғуртаи тиббии дар қаламрави Федератсияи Россия эътибордоштаро пешниҳод накарда бошад – ба истиснои (дар асоси мутақобилаи) кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ, аъзои оилаи ин шахсон. ва дигар категорияҳои шаҳрвандони хориҷӣ;

– 6) ҳангоми муроҷиат барои раводид ё гузаргоҳи гузаргоҳи Сарҳади давлатии Федератсияи Русия, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мавҷудияти маблағро барои зиндагӣ дар Федератсияи Россия ва баромади минбаъда аз Федератсияи Русия тасдиқ карда наметавонад ё кафолати пешниҳоди чунин маблағро тибқи тартиби муқарраршуда, аз ҷониби мақомоти ваколатдори федералии иҷроия таъсис дода шудааст;- (бо таҳрири Қонуни Федералии 23.07.2008 N 160-ФЗ)

– 7) нисбати шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд қарор қабул карда шудааст, ки будубош (истиқомат) дар Федератсияи Русия номатлуб аст, аз ҷумла агар ин шаҳрванд ба рӯйхати шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки вуруди онҳо ба Федератсияи Русия манъ аст, дохил карда шавад;- (бо таҳрири Қонуни федералии 28.12.2012 № 272-ФЗ)Зербанди 7 қисми якуми моддаи 27 (таҳрири Қонуни федералӣ) нисбати шаҳрвандони давлатҳое татбиқ карда мешавад, ки қарор кардаанд, вуруди шаҳрвандони Федератсияи Русияро ба қаламрави ин давлатҳо манъ кунанд ва дороиҳои шаҳрвандони Федератсияи Россияро дар асоси ҷалби шаҳрвандони Федератсияи Россия ба вайронкунии ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия (Моддаи 6 Қонуни федералии 28.12.2012 № 272-ФЗ) зербанди 8) – Бекор карда шуд.- (бо таҳрири Қонуни Федералии 23.07.2013 № 224-ФЗ)

– 9) шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода кардааст;(бо таҳрири Қонуни Федералии 23.07.2013 № 207-ФЗ)

– 10) шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ҳангоми будубоши қаблӣ дар Федератсияи Русия аз супоридани андоз ё ҷаримаи маъмурӣ саркашӣ карда бошад ё хароҷоти вобаста ба ихроҷи маъмурӣ аз Федератсияи Русия ё депортатсияро ҷуброн накунад – то он даме ки пардохтҳои дахлдор пардохта шаванд. Тартиби баргардонидани чунин қарзро шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия муайян мекунанд.(бо таҳрири Қонуни Федералии 23.07.2013 № 207-ФЗ)

– 11) шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ дар давоми як сол барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ ё вайрон кардани режими будубош (истиқомат) -и шаҳрвандони хориҷӣ ё ашхоси хориҷӣ такроран (ду ва зиёда маротиба) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошад. бидуни шаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия ё тартиби фаъолияти меҳнатии онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия, – дар давоми панҷ сол аз рӯзи эътибор пайдо кардани қарори охирин дар бораи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан. (бо таҳрири Қонуни федералии 23.07.2013 №24-ФЗ).- Агар вуруди шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ ба Федератсияи Русия бо асосҳои пешбининамудаи зербандҳои 2, 2.1, 3 ва 7 қисми якуми ин модда маҳдуд шуда бошад, мақомоти назорати сарҳадӣ ва мақомоти иҷроияи федералӣ, ки вазифаҳои назорат ва назоратро дар соҳаи муҳоҷират ваколатдор кардаанд , ё мақомоти ҳудудии он дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Федератсияи Россия, дар ҳуҷҷати шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд аломати мувофиқ мегузорад.- (бо таҳрири қонунҳои федералии 18.07.2006 N 121-FZ, аз 10.01.2007 N 4-FZ, аз 23.07.2013 N 224-FZ)- Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки ба Федератсияи Русия бо яке аз асосҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда иҷозат дода намешавад, ба қаламрави Федератсияи Русия иҷозат дода мешавад, агар тасдиқи хаттии мақомоти иҷроияи федералии ваколатдор барои иҷрои вазифаҳои назорат ва назорат дар дар соҳаи муҳоҷират, дар бораи татбиқи тартиби реадмиссия нисбати шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, бо нишон додани сана ва гузаргоҳи пешниҳодшуда аз сарҳади давлатии Федератсияи Русия.(бо таҳрири Қонуни федералии 23.07.2013 № 224-ФЗ)

 

Моддаи 28. Хуруҷ аз шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ аз Федератсияи Русия метавонад дар ҳолатҳои зерин манъ карда шавад, агар онҳо:

1) мутобиқи қонунгузории Федератсияи Русия, онҳо ба гумони содир кардани ҷиноят боздошт ё ба ҳайси айбдоршаванда ҳабс карда мешаванд – то қабули қарор оид ба парванда ё то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд;

2) барои содир кардани ҷиноят дар қаламрави Федератсияи Русия маҳкум шудаанд, – то адои (иҷрои) ҷазо ё то озод шудан аз ҷазо, ба истиснои шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки аз адои ҷазо ба шартан шартан озод карда шудаанд, дар сурати набудани онҳо тибқи қарор суд оид ба ӯҳдадориҳои моддӣ дар назди ҷониби ҷабрдида; (бо таҳрири қонуни федералӣ аз 23.07.2013 № 224-ФЗ).

3) аз иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи суд гузошташуда саркашӣ кунад – то иҷрои ӯҳдадориҳо ё то ба мувофиқа расидани тарафҳо;

4) ӯҳдадориҳои пардохти андозҳои пешбининамудаи қонунгузории Федератсияи Россияро иҷро накарда бошанд – то иҷрои ин ӯҳдадориҳо; (бо таҳрири Қонуни Федералии 10.01.2003 N 7-FZ)

5) мутобиқи қонунгузории Федератсияи Россия барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст – то иҷрои ҷазо ё то озод шудан аз ҷазо.(бо таҳрири Қонуни Федералии 10.01.2003 N 7-FZ)

 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ТАҚВИМ

ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
   1234
567891011
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
       
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
 123456
78910111213
21222324252627
282930    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
31      
  12345
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
242526272829 
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930     
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728   
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
2627282930  
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30      
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
       
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728    
       
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930   
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
       
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031   
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031    
       
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031     
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
29      
       
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31      
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
2425262728  
       
15161718192021
22232425262728
293031    
       
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
       

Эълонҳо