Забон ва касби муносиб ба инсон кӯмак хоҳад расонд!

1,727 просмотров

Кормандони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ба Федератсияи Россия равонанд ҷоннок намуда истодаанд.

Имӯзҳо аз 90 то 120 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба санҷиши маҷбуран берункардан (депортация), иҷозаи кор ва патент дар Россия, вакансияҳои ҷойҳои кори холӣ дар хориҷа, барасмият дарории ҳуҷҷатҳо, оид ба навоварӣ дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия, оид ба пардохти музди меҳнат, бедарак гаштани хешовандони наздик ва овардани онҳо ба Ватан ва ғайра муроҷиат менамоянд.

Ба ғайр аз ин, дар Хадамоти муҳоҷират руйхати беруншудагони шаҳрвандони кишварамон дар маҳзанаи иттилоотии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия (ФМС РФ) ному насабашон ҳар рӯза ворид мешаванд, мавҷуд мебошад, бо тариқи шабакаи интернет-онлайн ба роҳ монда шудааст, ки кори Хадамотро дучанд осон менамояд.

Биёед фикри чанд нафар шаҳрвандонамонро, ки ба Хадамоти муҳоҷират ташриф овардаанд, оид ба доштани касб ва донистани забон, ба хонандагон пешниҳод намоем.

Муҳиддин Абдураҳимов зодаи шаҳри Душанбе. Аз соли 2002 ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Айни замон дар шаҳри Москва ба ҳайси коргари оддӣ дар яке аз сохтмонҳои он кор мекунад. Афсӯс, мехӯрад, ки дар вақташ ягон касбро наомӯхтааст. Ӯ мехоҳад ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ, бахусус ҷавон муроҷиат кунад, ки забон омӯзанд, чунки бе донистани забон дар Федератсияи Россия муошират намудан хеле душвор аст. Ҳастанд ҷавононе, ки дидаву дониста забонро намедонанд, азми сафари Россия мекунанд, ки ин нодуруст аст. Ақалан сӯҳбат намуданро ёдгиранд. Ба ғайр аз ин, ҳар нафари мо бояд касб омӯзем ва дар кишвари будубош кори мувофиқе ба даст орему бо сари баланд меҳнат намоем. Ба Хадамоти муҳоҷират барои санҷишӣ шиносмаи худ омадам. Як бори дигар боварӣ ҳосилн амудам, ки дар назди қонунҳои Федератсияи Россия қарздор нестам, бемалол метавонам ба ин кишвар сафар намоям.

Баҳодур Ишматов истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, соли панҷум аст, ки ба Россия барои муҳоҷирати меҳнатӣ меравад. Ӯ низ дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Москва устои сангчин шуда кор мекунад. Агарчанде ҳуҷҷати касбӣ надошта бошад ҳам, ҳунарӣ сангчиниро дар кишвари Россия омӯхтааст. Маошаш зиёда аз 30 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Дар ширкат се вақт хӯроки бепӯл медиҳанд. Дар ин сохтмон зиёда аз 50 нафар шаҳрвандони тоҷик низ меҳнат мекунанд. Ҳамаи онҳо касби сохтмончиро доранд, яке андовачӣ, дигаре кафшерчии баркӣ, электрик, сангчин, рангуборчӣ ва ғайра мебошанд. Роҳбарияти корхона бо онҳо шартномаи меҳнатӣ бастааст, ки он имконият медиҳад музди меҳнатамонро сари вақт гирем. Ба Хадамоти муҳоҷират барои он омадам, ки як бори дигар аз навовариҳо дар қонунгузории муҳоҷиратии ФР огаҳ бошам.

Иброҳим Шафиев зодаи ноҳияи Файзобод, маротибаи шашум аст, ки дар кишвари Россия кор мекунад. Ӯ дар яке аз коттеджҳои вилояти Москва боғбон шуда кор мекунад. Соҳибхонадон бисёр инсони хуб аст. Алакай се сол мешавад, ки ӯ дар инҷо кор мекунад, маоши хуб ҳам мегирад.

Бояд қайд намоем, ки Иброҳим ошпази хуб ҳам мебошад. Баъзе аз хӯрокҳои тоҷикиро аз қабили оши палав ва хомшӯрборо низ моҳирона мепухтааст, ки ба соҳибхонадон мақул шудааст. Аз кордонӣ ва поксириштии ӯ соҳибхонадон ба вай иҷозат додааст, ки зану фарзандашро низ ҳамроҳ ба Россия биёрад.

Ба Хадамоти муҳоҷират ташриф оварданаш ин аз қонунҳои Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огаҳӣ доштан мебошад. Акнун, ки ӯ дар назди қонунҳои кишвари Россия қарздор нест, метавонад бемалол зану фарзанди худро ҳамроҳ ба кишвари Россия барад.

Хончилди Чориев аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буда, аз соли 2002 инҷониб дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Ҳамасола ӯ дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Астрахан кафшерчии барқӣ ва газӣ шуда кор мекунад. Ин касбро ҳанӯз ӯ дар шаҳри Душанбе дар ОМКТ №52 омӯхтааст. Худи вай мегӯяд, ҳӯҷҷати кафшерчӣ ба ӯ хеле кӯмак намудааст, ки соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидааст. Ӯ мегӯяд, ки ҷавонони тоҷик имконияти касбомӯзиро доранд, ҳама шароит барои онҳо муҳайё аст, танҳо хондан ва касби муносиб омӯхтан аст. Зеро бе касбу ҳунар онҳо хор мешаванду, бесарусомон дар кофтукоби ҷойи кор мегарданд.

Чунин вохӯриҳо бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳамарӯза гузаронида мешавад. Мақсади ташрифи шаҳрвандони мо ба Хадамоти муҳоҷират танҳо як чиз, аз тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федеролии Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ огаҳ будан аст. Бесанҷиши шиносномаи худ ва ҳуҷҷатҳои лозима азми сафари Федератсияи Россияро фаромӯш кунед.

Шаҳрвандоне, ки азми сафар ба минтақаҳои гуногуни Россия доранд ҳатман барои маслиҳат гирифтан ба Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ Хадамоти муҳоҷират Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҶТ омода, аз маслиҳатҳои ҳуқуқии онҳо баҳравард гарданд.

           Дилрабо Саидова
корманди Шуъбаи ташкили ва умумӣ.