Паём ин Роҳнамои фаъолияти Хадамоти муҳоҷират аст!

1,687 просмотров

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми анъанавии Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола чун Роҳнамои фаъолияти худ қабул менамояд ва ҷиҳати татбиқи муҳимтарин нуқтаҳои он тадбирҳои амалӣ меандешад.

Аз ҷумла, 20 январи соли равон дар Хадамоти муҳоҷират шунидани Паёми Президент ба таври муташаккилона ба роҳ монда шуд. Ҳамаи кормандони дастгоҳи Хадамот аз оинаи нилгун дар якҷоягӣ Паёмро гӯш ва суханронии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро тамошо карданд.

Бо мақсади дар сатҳи баландтар омӯхтан ва шинос шудан бо Паёми Сардори давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 январи соли равон масъалаи ташвиқу тарғиб ва омӯзиши давра ба давраи Паём дар маҷлиси машварати назди Сардори Хадамот баррасӣ гардид.

Роҳбарияти Хадамот кормандонро бо мазмуну мӯҳтавои Паём шинос намуданд.

Бояд гуфт, ки матни пурраи Паёми Президент дар тамоми нашрияҳои маҳаллӣ чоп шуда, айни замон фикру мулоҳиза, таклифу пешниҳоди намояндагони табақаҳои мухталифи ҷомеа ба таври васеъ дар воситаҳои ахбори омма ҷой дода мешавад.

Роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират тамоми кормандонро бо матни пурраи Паём таъмин намояд ва омӯзиши амиқи онро талаб карда истодааст. Дар рафти санҷиши донишу малакаи кории кормандон, аттестатсия ва интихоби мутахассисон оид ба Паёми Президент ва муҳимтарин нуқтаҳои он саволу ҷавоб хоҳад шуд.

Мисолҳои мушаххас ва рақамҳои овардаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон низ нишон дод, ки Тоҷикистонро ояндаи дурахшон дар пеш аст. Ғамхориҳои давлату Ҳукумат, шахсан Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаҳои иҷтимоӣ ва табақаҳои ниёзманд, нақшаҳои минбаъдаи рушду нуму ва ҳадафи асосии зикрнамудаашон ба аҳли ҷомеаи меҳнатии Хадамоти муҳоҷират рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Дар маҷмӯъ мо, аҳли меҳнати Хадамоти муҳоҷират якдилона Паёмро маъқул мешуморем, ҷонибдорӣ мекунем ва барои таъмини иҷрои саривақтии вазифагузориҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои танзими раванди муҳоҷират, касбомӯзонию забономӯзонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа, ташвиқу тарғиби дастовардҳои Истиқлолият ва сиёсати давлату Ҳукумат, пешгирии омилҳои номатлуб, бузургдошти забони давлатӣ, дастгирии ниёзмандон ва ғайра мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони касбии мамлакат самтҳои асосии фаъолияту зиндагии кулли тоҷикистониёнро барои як сол ва солҳои минбаъда муайяну мушаххас кард. Хадамоти муҳоҷират баҳри иҷрои саривақтии ҳама вазифагузориҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз имкониятҳо босамар истифода хоҳад бурд.

               Анвар Юсупов
хабаргузори рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират».