Паём – оинаи пешрафти кишвар

1,704 просмотров

Имруз, 20-уми январи соли 2016, дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Миллӣ шунида шуд.

Дар толор, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират, сардорони раёсату шуъба ва дигар кормандон иштирок доштанд.

Қобили зикр аст, ки дар оғози соли навин, Роҳбари Давлат бо қайду эъзоҳ, супориҳои қатъӣ ва ҳидояту маслиҳат ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, кумитаву мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллии вилоятҳои кишвар дода, онҳоро барои иҷрои он муваззаф мегардонад.

Дар имсола баромади Пешвои миллат, оид ба авзои сиёсии ҷаҳон, бархурди давлатҳои абарқудрат, терроризму экстримизми байналмилалӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷаҳон бештар аҳмият дода шуд.

Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот сухан карда, доир ба масъулият ва болоравии ҳуқуқии аҳолӣ изҳори қаноъатмандӣ намуд. Ҳамчунин, қайд кард, ки дар соли гузашта даҳсолаи об барои ҳаёт, 700 солагии мутафаккири тоҷику форс – Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, 3000-солагии Ҳисор бо тантана ҷашн гирифта шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои вобаста ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва сатҳи ҳаёти мардум андешаронӣ ва таҳлил намуда, доир ба Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017 ва бо ҷои кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатие, ки дубора ворид шуданашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст, қайд карда гузашт. Ҷаноби олӣ афзуд, ки соли гузашта ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудани аҳолӣ дар ҷумҳурӣ дар 10 соли охир зиёда аз 1 миллион ҷойҳои кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, танҳо тавассути мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ 315 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд, ки 30 фоизи онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 20 ҳазор нафар дар муассисаҳои таълимии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон касбҳои мухталиф омузонида шудааст.

Барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор ва рақобатпазир будан дар бозори меҳнат, ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки дар муассисаҳои таълими касбӣ ва бозомузии калонсолон стандарти омузиши касбӣ ба таври замонавӣ ва омузиши забонҳои хориҷӣ, аз қабили русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шавад.

Инчунин, дар базаи ҳамаи макотиби оливу миёна ва миёнаи махсуси ноҳияҳои кишвар курсҳои махсуси техникӣ ва касбӣ ҷорӣ карда шавад.

Ҷаноби олӣ махсусан қайд намуданд, ки омўзиши забонҳои англисиву русӣ айни замон афзалиятнок буда, барои баромадан ба сатҳи болои азхудкунии илмҳои замонавӣ ва техникаи муосир зарур ва саривақтӣ мебошанд. Инчунин, ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, то муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба Федератсияи Россия манъ шудааст, бо ҷои кор пурра таъмин намояд.

Ҷаноби олӣ доир ба офатҳои табиии дар давоми сол рухдода, аз ҷумла сардии ҳаво дар вилояти Суғд, селу заминларза дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, як қатор ноҳияҳои водии Рашт ва вилояти Хатлон, ки ба иқтисодиёти мамлакат дар ҳаҷми беш аз 4 миллиард сомонӣ зарар расониданд, қайд намуд. У афзуд, ки Ҳукумат барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Дар навбати аввал манзилҳои зисти аҳолӣ ва иншооти харобгардида, аз ҷумла роҳу пулҳо, мактабу муассисаҳои тиббӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз нав сохта ва барқарор шуда истодаанд.

Ғайр аз ин, Президенти кишвар оид ба рушди соҳаи маориф, соҳаи тандурустӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки рушди Тоҷикистон, аз ҷумла энетгетика, сохтмони роҳҳо, суханронӣ намуда, ба мутасадиёни соҳа супоришҳои мушаххас ва маслиҳатҳо доданд.

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат, идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва ба эътидол овардани хароҷот ҷиҳати иҷрои тадбирҳои пешбининамудаи Паёми соли гузашта дар ин самт аз 1-уми июли соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнат амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 15 фоиз, кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла хона – интернатҳо барои пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо барои собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда 25 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаи меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 20 фоиз баланд бардошта мешавад.

Илова бар ҳамаи гуфтаҳову таҳлилҳо, Ҷаноби олӣ афзуд, ки Тоҷикистон ҳадафи мустаҳкам намудани соҳаи саноатиро дошта, онро пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ номид. Президенти кишвар гуфт, ки дар стратегияи рушди минбаъдаи кишвар саноатикунонии мамлакат пешбинӣ шуда, корҳо дар ин самт тадриҷан амалӣ карда шуда истодааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки бо мақсади суръат бахшидани корҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок ва муайян намудани дурнамои минбаъдаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардида, ҳоло дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад. Ў афзуд, ки дар санади мазкур се ҳадафи миллӣ: истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳо таъмин карда мешавад.

Дар интиҳои суханронии хеш Сарвари давлат бори дигар доир ба ҳаракату гуруҳҳои экстримистӣ ва террористӣ, ки дар ҷаҳон ба оромии аҳолӣ таҳдид намуда, аз номи ислом баромад мекунанд, сахт маҳкум намуда, афзуд, ки маҳз дар ҷаҳон аз дасти чунин қотилон мамолики исломӣ бештар азият дида истодаанд. Ҳамчунон, ў илова намуд, ки маҳз нобасомониҳои солҳои 90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон аз дасти чунин ифротгароёну экстримистон ба миён омада, хатари несту нобудшавии кишварамон таҳдид мекард. Аз ин лиҳоз, ба Прокуратураи генералӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 таҳия ва пешниҳод намояд.

Ҷаноби олӣ гуфт ки дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бояд номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ гардонида, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда шавад.

Дар интиҳо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, аъзоёни Ҳукумат, роҳбарону масъулон, хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохтору мақомоти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсти кишвар, аз ҷумла вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси миллӣ таклиф намуд, ки барои таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон аз ҳарвақта бештар масъулиятшинос бошанд.