Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд!

1,415 просмотров

24 июли соли равон дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

маросими имзои Меморандум байни Хадамоти муҳоҷират ва ширкати русиягии Группа Компаний «Второй дом» баргузор гардид.

Меморандумро Сардори Хадамоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода ва муовини директори генералии ширкати русиягии Группа Компаний «Второй дом» Ирина Матвеева имзо гузоштанд.


Тарафҳо иброз намуданд, ки ҳамкориро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ густариш медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Душанбе Намояндагии ширкати русиягӣ Группа Компаний «Второй дом» бо номи «Хонаи умед» таъсис дода шуд. Мақсад аз ташкилии Намояндагӣ ин дар муддати кӯтоҳ, тез, арзон, қонунӣ бо Сертификати забони русӣ таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад. Дарси забони русӣ бошад бепул гузаронида мешавад.

Анвар Юсупов
хабарнигори рӯзномаи «Шуғл ва муҳоҷират».