Имзои Созишнома

1,459 просмотров

1 августи соли ҷорӣ Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода гуруҳи кориро бо сарварии Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳамкорӣ бо корфармои Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Россия Олга Козлова ба ҳузур пазируфт.

Тарафҳо оид ба ҳамкориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои шаҳри С.-Петербург ва вилояти Ленинград мубодилаи афкор намуданд.

Мақсад аз вохурӣ ташкили Марказҳои равонкунии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонӣ барои кор дар корхонаҳои Санкт- Петербург, муҳокимаи тартиби иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалишгардонии Созишнома доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва савдо, илмӣ –техникӣ ва фарҳангӣ байни Ҳукумати Санкт – Петербург ва Шаҳрдории Душанбе дар самти меҳнат, муҳоҷирати аҳолӣ, ҳамзамон бастани созишномаи сетарафа байни Муассисаи давлатии мухтори «Маркази захираҳои меҳнатӣ» -и Санкт – Петербург, «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар ш. Душанбе ва Донишгоҳи давлати Санкт – Петербург баҳри тестгузаронии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян кардан сатҳи дониши забони русӣ, таърихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР мебошад.

Аз 1 то 4 августи соли ҷорӣ намояндагони Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии С.- Петербурги Фр як қатор вохуриҳои корӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа, Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва Раёсати он дар шаҳри Душанбе вохурӣ доранд.


Дар ҷамъбасти сафар байни МД «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе ва МД «Маркази захираҳои меҳнатӣ»-и ш. С.- Петербург Созишномаи муштарак доир ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонида шуд.

Маркази матбуоти ХМ