Муҳоҷирони дохилӣ соҳиби қитъаи замин шуданд

1,561 просмотров

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2015, №647 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ барои солҳои 2016-2018» дар давоми соли 2016 аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод кӯчонидани 51 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи мазкур Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мунтазам корбарӣ намуд. Чандин маротиба сафари хизматии гурӯҳи кории Раёсат ба ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод ташкил гардид ва дар рафти он масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ниҳоят 5 сентябри соли равон қарори раиси ноҳияи Зафаробод таҳти №583 ба тасвиб расид. Мувофиқи қарори мазкур ҳамаи 51 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бо қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин гардиданд. Ба онҳо тавсия дода шуд, ки ҷиҳати ташкил намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Зафаробод аз заминҳои бекорхобида самаранок истифода намоянд.

Айни замон Раёсат дар самти дастрас намудани маблағи қарзи имтиёзнок барои муҳоҷирони дохилӣ корбарӣ намуда истодааст.

 

                                                              Раёсати ХМ дар вилояти Суғд