Ҳамкориҳои судманд бо ҷамъиятҳои тоҷикони бурунмарзӣ!

1,426 просмотров

12 сентябр Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Тоҳир Каримзода Роҳбари ташкилоти байни минтақавии «Ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониён»-и Новосибирски Федератсияи Русия Исроил Шариповро ба ҳузур пазируфт.

Зимни вохўрӣ Сардори Хадамот иброз намуд, ки Хадамоти муҳоҷират ҳамеша омодааст, ҳамкориро бо ҷамъиятҳои тоҷикони минтақаи Русия боз ҳам густариш диҳад. Ў арз намуд, ки айни замон дар Федератсияи Русия 46 ҷамъиятҳои тоҷикон кору фаъолият менамоянд, ки Хадамоти муҳоҷират бо ҳар кадоми онҳо ҳамкориҳои судманд дорад.

Сардори Хадамот арз намуданд, ки ў омодааст бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони Русия вохўриҳои шиносоӣ баргузор намуда, аз фаъолияти онҳо бохабар бошад. Мақсади мо яктост, ҳар чӣ бештар кўмак расонидан ба шаҳрвандони мо, ки барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия равона мешаванд, – гуфт Т Каримзода.

Дар навбати худ, Роҳбари ташкилоти байни минтақавии «Ҳифзи ҳуқуқи тоҷикистониён»-и Новосибирски Федератсияи Русия Исроил Шарипов барои пазироӣ ба Сардори Хадамот арзи сипос намуда, мухтассар дар бораи фаъолияти ташкилоти худ маълумот пешниҳод намуд. Ў қайд кард, ки бо кўмаки ташкилоти онҳо зиёда аз ду ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби Сертификат гардидаанд. Айни замон кор дар ин самт идома дорад.

Ба ғайр аз ин, Исроил Шарипов арз намуд, ки филиалҳои ташкилоти онҳо ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар минтақаи Сибир кору фаъолият доранд кумакӣ ҳуқуқӣ расонида истодаанд. Ин имконият медиҳад, ки шаҳрвандони мамлакат бе ягон мамоният дар ин минтақаҳои Русия зиндагӣ ва фаъолият намоянд.

Дар фарҷом тарафайн ба хулосае омаданд, ки ҳамкориро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ пурзур намуда, чунин вохўриҳои судмандро бештар намоянд.

                                                                 Анвар Юсупов

                                           хабарнигори рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират»