26- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1,145 просмотров

Чанде пеш бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамаи кормандони Раёсат иштирок доштанд.

Дар он сардори Раёсат ҳамагонро ба ҷашни муборак табрик намуда, аз хизматҳои  шоистаи Пешвои миллат равшанӣ андохта, ҳар яки моро таъкид карданд, ки содиқона, софдилона ба давлату миллати хеш хизмат намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалаф барои осоиштагии давлати мо монеъа эҷод намояд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хама-сола 9-сентябр дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ин санаи бошукўҳро ҷашн мегиранд. Барои мо ҷавонон зарур аст, ки аз ин шароите, ки барои мо муҳайё намудаанд, самаранок истифода бурда, барои тинҷиву осоиштагӣ саҳми худро гузошта, ба насли ояндаи худ хизмат намоем.

Шукронаи давлати ободу зебо намоем ва ба қадри обу хоки Ватан бирасем.

                                                              Н.Фақиров

                    мутахассиси пешбари Шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ

               ба муҳоҷирони меҳнатӣ Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе