Ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ

1,473 просмотров

26 сентябр дар «Маркази машваратии бокортаъминкунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ширкатҳои Санкт-Петербруг»-и Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе ва Курғонтеппа ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид, ки дар он МД «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи автономии давлатии «Центр трудовых ресурсов»-и Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербурги ФР иштирок варзиданд.

Бояд қайд кард, ки омодагӣ ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар асоси созишномаи дуҷониба баста шудааст, ки мувофиқи он ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои пешбурди фаъолияти меҳнатӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия машварат ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба роҳ монда шудааст.

 

Ҳануз моҳи августи соли 2016 бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии сафарбар карда шуда, муккамал кардани тартиби ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ барои пешбурди фаъолияти меҳнатӣ, таъмини имтиёзҳои иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ дар ширкатҳои бокортаъмикунанда  бо Муассисаи мазкур ба созишномаи мазкур тағйироту иловаҳо ворид карда шуд.

Директори Муассисаи автономии давлатии «Центр трудовых ресурсов»-и Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург Алексей Чистяков дар ин ярмарка ҳазор ҷойи кории холӣ пешниҳод намуд. Тибқи талабот ба ин Муассиса асосан мутахассисони соҳибкасб бо касбҳои сохтмонӣ штукатур, токарь, фрезировщик, слесарь, сварщик, монтажник алюминевых витражей ва дигар ихтиссосҳои коргарӣ лозим аст.

Бояд гуфт, ки тибқи супориши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сумангул Тағойзода Марказ бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорат ҳамкории зич ба роҳ мондааст.

Аз ҷумла, аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират ба унвонии роҳбари Агентии мазкур мактуб бо ҷойҳои кории холӣ (вакансияҳо) ҳамарўза равона карда мешавад.

Бояд арз намуд, ки аз ҷониби Агентии бокортаъминкунӣ ва Марказҳо ба ширкатҳои Федератсияи Россия ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешаванд. Суҳбати муҳоҷирони меҳнатӣ бо корфармо тариқи шабакаи Интернет барпо мегардад. Шахсоне, ки ба корфармо ба талаботи он ҷавобгў аст, ҳуқуқи дар ширкатҳои Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ намуданро пайдо мекунанд. Музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ аз 35 то 70 ҳазор рубли россияро ташкил дода, кормандон бо патент, ҷойи зист, хўроки нисфирўзӣ, либоси корӣ, музди меҳнати моҳона, полиси суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ва дигар кафолатҳои иҷтимоӣ таъмин карда мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо маблағи патент, суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ва роҳкирои муҳоҷири меҳнатӣ аз ҷониби корфармо пешпардохт карда мешавад.

Бо мақсади паст намудани хароҷотҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва кутоҳ намудани мўҳлати гирифтани патент дар Федератсияи Россия аз ҷониби Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург шартнома оид ба қабули имтиҳони маҷмўӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар синфхонаи Марказ ва пешниҳоди сертификати донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст. Сертификати мазкур ба рўйхати ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ барои гирифтани патент дохил карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки арзиши сертификати номбурда, ки аз ҷониби Марказ пешниҳод карда мешавад, нисбат ба арзиши он, ки аз ҷониби ширкатҳои Федератсияи Россия пешниҳод мешаванд то 20 фоиз арзонтар буда, мўҳлати гирифтани патентро дар Федератсияи Россия 10-15 рўз кўтоҳтар мекунад. Ҳамзамон шиносоии муҳоҷирони меҳнатӣ бо тестҳои намунавӣ ва фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби Марказ дар синфхонаи Марказ ройгон ба роҳ монда шудааст.

 

                                                                   Анвар Юсупов

                                         хабарнигори рўзномаи “Шуғл ва муҳоҷират”