Вохўриҳо ва сўҳбатҳои муфид бо муҳоҷирони меҳнатӣ

1,036 просмотров

Кормандони Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе» бо муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳангоми сафар ва бозгашти онҳо вохўрӣ ва сўҳбатҳо ташкил менамоянд.

Ҳангоми вохўрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ ёдоштҳо оид ба қонунгузории Федератсияи Русия, донистани забони давлати кабулкунанда, касб, урфу оини онҳо сўҳбатҳо ороста мешавад. Инчунин дар толори интизории фурудгоҳ ҳангоми сафар фитаҳои таблиғотии «Пеш аз сафар бидон» намоиш дода мешавад. Ин амал мунтазам гузаронида шуда, оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ ва камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ба роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки кормандони Шуъба дар фурудгоҳ ҳамарўза ба муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба ҳолатҳои будубош, касбомўзӣ, забондонӣ ва дигар самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ вохўриҳо ва пурсишҳо мегузаронанд. Дар ҷараёни он бо муҳоҷирони меҳнатӣ бештар оид ба доштани касбу ихтисос ва забондонии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар давоми сол аз ҷониби ташкилотҳои ёрирасони хориҷӣ (Бомка, ОБСЕ, Интерпол ва ғайраҳо) бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон, такмили ихтисос ва шиносоии кормандон бо таҷҳизоти муосири замонавӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, чанд маротиба вохўриҳо ва тренингҳо гузаронида шуд, ки кормандони Шуъба фаъолона иштирок намуданд.

Ба ғайр аз ин, барои кўмак ва ёрии амалӣ расонидан ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар фурудгоҳ буклетҳо, овезаҳо ва тағйиру иловаҳо оид ба қонунгузории Федератсияи Русия маълумотҳо пешкаш карда, инчунин телефонҳои боварӣ шабонарўзӣ фаъолият менамояд.

Исмоил Бегаков

сармутахассиси Шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва «Истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ш. Душанбе