Семинари омӯзишӣ барои ҷавонон

948 просмотров

13 август дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари омўзишӣ барои мутахассисони ҷавон оғоз шуд, ки то охири ҳафта идома меёбад.

Ташкилкунандаи чорабинии мазкур Маркази такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони системаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ буда, дар асоси супориши Сардори Хадамоти муҳоҷират аз 10.08.2018 16 нафар мутахассисони ҷавон аз дастгоҳи Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ба омўзиш фаро гирифта шудаанд.

Чуноне ки яке аз иштирокчиёни семинар-мутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Н. Турсунова баён дошт, машғулиятҳо хеле шавқовар ҷараён гирифта, дар баробари масъалаҳои вобаста ба муҳоҷират дигар мавзўъҳои доғи рўзро низ фаро мегиранд.

Баъди анҷоми семинар ба ҳамаи иштирокчиён сертификат дода мешавад.

                                                                             Раёсати Хадамоти муҳоҷират

                                                                                                  дар вилояти Суғд