Суҳбати самимӣ дар ҷамоати деҳоти Лоҳур

980 просмотров

Ҳафтаи сипаригашта як суҳбати самимӣ дар атрофи қонунгузориҳои нави будубоши кишвари Федератсияи Россия бо аҳли ҷамоати деҳоти Лоҳури  ноҳияи Рўдакӣ баргузор гардид.

Дар он мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия, муовини раиси ҷамоати деҳоти Лоҳур, кормандони ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, эмомхатибон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо иштирок намуданд.

Тавре аз бахши Хадамоти муҳоҷират тавассути занги телефонӣ хабар доданд, дар ин вохўрии судманд 60 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳур иштирок намуданд. Зимни баромади хеш онҳо доир ба донистани қонунгузориҳои кишвари қабулкунанда дар бораи тартиби ба қайд гузоштан, омода будан барои гирифтани Сертификати забони русӣ, дар мўҳлати муқарраргардида гирифтани патент, бастани шартномаи меҳнатӣ бо кордиҳанда, инчунин дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро, пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО ва ғайра маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рўдакӣ ба ҳозирин рў оварда таъкид намуд, ки мувофиқи талаботи нави қонунгузории Федерасияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, шурӯъ аз аввали соли ҷорӣ ҳар шаҳрванди хориҷие, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия фаъолият менамояд уҳдадор аст, ки дар давоми 30-рӯз аз лаҳзаи воридшавиаш патентро дастрас накардааст, бояд ҷарима супорад ё қаламрави онро тарк намояд.

Зимнан, шаҳрвандон танҳо баъд аз 90-рӯзи аз санаи хориҷшавиашон аз ҳудуди Федератсияи Россия ҳуқуқи дигарбора бозгашт ба ин кишварро барои фаъолияти меҳнатӣ доранд. Қаблан чунин талабот ҷой надошт ва шаҳрвандон метавонистанд, баъд аз як рӯз аз саннаи хориҷшавиашон ба Федератсияи Россия  бозпас гарданд.

Ҳамзамон, шурӯъ аз аввали соли 2015 барои дастрас намудани патент ҷиҳати ишғоли ҷойҳои корӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия барои шаҳрвандони хориҷӣ санҷиши донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Россия ба роҳ монда шудааст. Яъне, шаҳрвандони хориҷӣ танҳо баъд аз дастрас намудани сертификати санҷиш дар Федератсияи Россия ба кор қабул карда мешаванд, – иброз намуд ў.

Дар фарҷом сокинони ҷамоати деҳот ба ҳар як саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, ҳамзамон ба онҳо буклетҳо доир ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ тақсим карда шуд.

Чунин вохўриҳо оиди будубоши шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба кишвари Россия бо сокинони дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баргузор хоҳанд гардид.

                                                                                           Анвар Юсупов