Семинар-машварат ба фоидаи муҳоҷирон

1,035 просмотров

Бо ташаббуси бахши Хадамоти муҳоҷират дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи К.Исмоилов ва Баҳори шаҳри Ваҳдат семинар-машварат дар мавзўи муҳоҷирати бехатар ва омодагии пеш аз сафар барпо шуд.

Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва мубориза алайҳи бемории сирояти масунияти бадан (ВНМО) баррасӣ гардид ва он бо мубодилаи афкор, яъне саволу ҷавоб байни иштирокчиён ва ташкилкунандагон анҷом пазируфт.

Анвар Юсупов