Дар қасри «Кимиёгарон»- и шаҳри Исфара

1,057 просмотров

Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара чорабинии навбатии иттилоотӣ – маърифатии худро дар қасри «Кимиёгарон» доир намуд. Дар ташкил ва гузаронидани он шуъба бо шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамкорӣ намуд ва дар ин чорабинии муштарак муовини раиси шаҳр М. Бобоиён бевосита иштироку суханронӣ кард.

Чорабинӣ асосан ба мавзўи муқовимат бо экстремизму терроризм бахшида шуда, дар рафти он ба иштирокчиён, ки шумораашон ба 90 нафар мерасид, қоидаҳои муҳоҷирати бехатар ҳам фаҳмонида шуд. Ҳамзамон шуъбаи Хадамоти муҳоҷират онҳоро бо маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ таъмин кард.

Муовини раиси шаҳр М. Бобоиён ва мутахассиси пешбари шуъба М. Ахмедов  дар суханрониҳои худ оид ба оқибатҳои ногувор ва хатарҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ ва тарзи носолими ҳаёт маълумот дода, дар симои аҳли толор аз падару модарон ва насли калонсол даъват ба амал оварданд, ки нисбати тақдиру ояндаи фарзандон ва пайвандони муҳоҷири худ бепарвою бе тараф набошанд ва онҳоро аз хатару офатҳои замони муосир огоҳ намудаистанд. Ҳамзамон ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода шуд, ки пеш аз сафар қоидаҳои муҳоҷирати бехатарро омўзанд ва ҳама ҷиҳата омода шаванд.

 

                                                                           Мардон Қурбонов