Омўзиш чиро нишон дод?

1,169 просмотров

Дар асоси нақшаи кори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби кормандони бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, №530 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012» дар ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ ва Зафаробод мавриди омўзиш қарор гирифт.

Омўзиш нишон дод, ки дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ муҳоҷирати дохилӣ мувофиқи нақшаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ҷараён дорад ва аз минтақаҳои камзамини кўҳистон ва сераҳолӣ ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобида кўчонидани аҳолӣ барои давраи миёнамўҳлат ба роҳ монда шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, №530 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012» бояд аз ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод 220 оилаи муҳоҷирони дохилӣ кўчонида мешуданд. Аммо бо сабабҳои гуногун аз шумораи умумӣ ба ноҳияи Зафаробод то имрўз 190 оила сафарбар гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва масъулини ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ баҳри иҷрои қарори болозикри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида бошанд ҳам, камбудиҳо низ ҷой доранд. Дар ноҳия имкониятҳои мавҷуда ба пуррагӣ истифода бурда нашудаанд.

Зимни сафар барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар деҳаҳои Водиф, Худгифи Эшонҳои Ҷамоати деҳоти Лангар ва деҳаҳои Эсиз, Худгиф, Пастиғав, Ҳадишаҳр, Оббурдон, Дашти Оббурдон, Ревомутк, Рогиф, Имбеф, Андарвашти Ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷик намояндагони Раёсат мулоқот оростанд. Дар онҳо намояндагони ҷамоатҳои деҳоти Лангар, Иван-Тоҷик, раисони кумитаи маҳалҳо ва фаъолони деҳаҳо ширкат варзиданд.

Дар рафти вохўрӣ бо аҳолӣ тартиби муҳоҷирати дохилӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, №467 «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи тартиби муҳоҷирати дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардидааст, фаҳмонида шуд.

Махсус таъкид гардид, ки дар асоси банди 44, банди 9-и низомномаи мазкур муҳоҷирони дохилӣ то муддати 10 сол аз рўзи муҳоҷиршавӣ ба маҳалли нави истиқомат, дар он ҷо фаъолият намуда, манзили худро тарк намекунанд ва ба фурўш намемонанд.

Бо мақсади дақиқ муайян намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ баъдан гурўҳи кории Раёсат ба ноҳияи Зафаробод сафари корӣ анҷом дод.

Чуноне қаблан иттилоъ додем, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, №530 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолии қобили меҳнат аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кўҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2010-2012» аз ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ба ноҳияи Зафаробод кўчонидани 220 оилаи муҳоҷирони дохилӣ ба нақша гирифта шуда буд. Омўзиш нишон дод, ки ҳамаи 220 оилаи муҳоҷирони дохилӣ бо қарори раиси ноҳияи Зафаробод аз 14 августи соли 2010, №362 бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд. Вале зимни азхуд намудани қитъаи заминҳои ҷудогардида ва сохтани хонаҳои истиқоматӣ муҳоҷирон ба як қатор камбудиҳо роҳ додаанд. Аз ҷумла, бинобар даст кашидан аз муҳоҷиршавӣ ва маъқул набудани иқлими ҷойи нави зист барои 49 оилаи муҳоҷирони дохилӣ мутобиқи қарорҳои раиси ноҳияи Зафаробод соҳибмулкони қитъаи замини наздиҳавлигӣ иваз карда шудаанд.

Мутобиқи банди 12, боби 3-и Низомномаи муҳоҷирати дохилӣ сохторҳои зертобеи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо борҳо бо муҳоҷирони дохилӣ вохўрда, моҳияти муҳоҷиркунии аҳолӣ ва имтиёзҳои барои онҳо фароҳамовардашударо фаҳмонида бошанд ҳам, аз тарафи муҳоҷирон риоя нагардидани талабот ба назар мерасад.

Барои муайян намудани сабаби камбудиҳои ҷойдошта гурўҳи корӣ аз маҳаллаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод дидан намуд. Ба ҳайати гурўҳ мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат Зоидов Ҳ., мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияҳои Зафаробод ва Кўҳистони Мастчоҳ Турсунов И. ва Ниёззода М., мутахассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсат Муродов Д. ва раиси маҳалла Ҷўраев Б. шомил буданд. Муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ дар ҳамин маҳаллаи навбунёд истиқомат мекунанд.

Аъзои гурўҳи корӣ баъди омўзиш ва шиносоӣ бо вазъият ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин маслиҳату дастур доданд.

 

                              Мардон Қурбонов