Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ноҳияи Рўдакӣ

1,171 просмотров

Дар асоси ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рўдакӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки бахши Хадамоти муҳоҷират, шуъбаи корҳои дохилӣ, бахшҳои занон ва кор бо оила, ҷавонон ва сайёҳӣ 20 октябр дар ноҳияи Рўдакӣ семинари машваратӣ-иттилоотӣ доир гардид. Мавзӯи асосии чорабинӣ мубориза алайҳи ифротгароӣ ва терроризму экстремизм, ташвиқу тарғиби ҳаёти тарзи солим ва даъват намудани аҳли ҷомеа ба бунёдкорию созандагӣ буд.

Дар назди ҳозирин мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Д.Раҳматуллоев низ баромад карда, ҳамзамон ба саволҳои онҳо вобаста ба масъалаҳои муҳоҷират посух гуфт.

Бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳо дар Ҷамоатҳои деҳотӣ ноҳия то охири моҳи ноябр давом мекунад.

                                                                                          Анвар Юсупов