Ҳунар дорӣ обрўъ дорӣ…

1,207 просмотров

Аҳмад Ҳайдарзода, зодаи ноҳияи Рўдакӣ:

– Ман барои ҳуҷҷатнок намудани касбу ҳунари худ ба Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» -и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудам, барои тасдиқ намудани касби худ тест супорида, дар муддати кўтоҳтарин соҳиби шаҳодатномаи тахасусӣ гардидам.

Абдураҳмон Тавакалов, шаҳри Душанбе:

– Соли ҳафтум аст, ки дар шаҳри Санкт-Петербург бо корҳои таъмири хонаҳои шаҳрвандони рус машғул мебошам. Одӣ карда гўям, панҷ панҷаам ҳунар, вале ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоштам. Пеш аз сафари Санкт-Петербург ба «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» муроҷиат намуда, соҳиби шиносномаи хиштчин гаштам. Акнун бемалол худамро хиштчин муаррифӣ карда метавонам.

Алишер Ҳақзода, зодаи шаҳри Ваҳдат:

        – Дар яке аз ширкатҳои мусофиркашонии шаҳри Екатеринбург ба ҳайси ронандаи автомашинаи «Газел» ба кашонидани мусофирон машғул аст. Ман соли панҷум аст, ки дар ин шаҳр кор мекунам. Шароит хуб аст, ду рўз кор ва як рўз истироҳат дорам, маошам аз 30 то 40 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз тоҷикон дар ин ширкат дигар миллатҳо – арманиҳо, молдованҳо, узбекон ва қрғизҳо якҷоя фаъолият доранд.

Худи ман касби ронандагиро дар муассисаи касби техникӣ №45 ноҳия омўхтам. Ҳоло дар рухсатии меҳнатӣ мебошам, аҳли байти худро хабар гирифта, боз пас мегардам. Вақте баргаштан ҳам омад, алакай чипта харида, ҳамаи он ҳуҷҷатҳоеро, ки ширкат додаст, ҳамроҳи худ гирифтам. Ҳангоми бозгашт ба кор меоянд. Чунки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия дар вокзалҳо ва кўчаҳову бозорҳо пай дар пай ба тафтиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон машғуланд. Агар шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои лозима, аз қабили иҷозаи кор, қайди муваққатӣ, патент, суғуртаи тиббӣ ва шартнома бо кордиҳанда надошта бошанд, аз тарафи онҳо ба маҳками муваққатӣ кашида мешаванд.  Чуноне ки бо чашми сар дидем, рўзҳои охир шумораи чунин рейдҳо ва тафтишҳо хеле зиёд шудааст.

Аз ин рў, аз тамоми шаҳрвандони мамлакат бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ҳангоми азми қаламрави Федератсияи Россия кардан, ҳатман бо ҳуҷҷатҳои лозима худро таъмин намуда, пасон ба сафари корӣ бароянд, то худ ва дигаронро ба ташвиш нагузоранд.

Пас, ба Шумо маслиҳат медиҳем, ки ба Марказҳои таълими калонсолон, ки дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ филиал ва намояндагиҳо доранд, муроҷиат намоед!

                                                                                                Таҳияи

                                                                                            Анвар Юсупов