Иштирок дар конференсияи миллӣ

1,221 просмотров

Татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба муҳоҷират ва “Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020” аз ҷумлаи самтҳои калидии фаъолияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Боиси қаноатмандист, ки Ҳукумати мамлакат ҳамватанони бурунмарзӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатиро ҳамчун шарикони рушди кишвар эътироф намудааст ва ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Конференсияи миллие, ки таҳти унвони “Ҷалби диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ баҳри рушди кишвар” 19 октябр дар шаҳри Душанбе бо ибтикори вазорати мазкур дар ҳамкорӣ бо як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир шуд, бори дигар нишон дод, ки диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз мадди назар дур нестанд ва барои фаъолияти густурдаи онҳо дар Ватани аҷдодӣ низ имкониятҳо фаровонанд.

Дар ин конференсияи бонуфуз сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зайнура Шарифӣ низ иштирок дошт ва зимни мусоҳиба таассуроташро чунин баён кард:

-Ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур, албатта, ба раванди татбиқи “Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2015-2020” такони ҷиддӣ мебахшад. Зеро дар рафти он имконияту таҷриба, роҳҳои нав ва усулҳои босамари ҳамкорӣҷустуҷўву муаррифӣ карда шуданд. Зимни саволу ҷавоб ва кор бо гурўҳҳо иштирокчиён на танҳо донишу маълумоти нав гирифтанд, балки бо таҷрибаи пешқадам ҳам шинос шуданд.

Бино ба иттилои мавсуф конференсияи миллӣ аз ҷониби ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода кушода шуд. Баъдан дар назди иштирокчиён Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода, Роҳбари котиботи Шўрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Президенти кишвар Шараф Шерализода, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла намояндаи Институти “Ҷомеаи Кушода” Бунёди Мадад Нигора Обидҷонова, директори “Ҳайати шафқат” Елена Бурян ва роҳбари намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират Кристина Транка бо сухани ифтитоҳӣ баромад карданд.

Дар идома сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Саидов оид ба ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар, сардори шуъбаи Раёсати репатриатсия ва татқиқоти вазорати диаспораи Ҷумҳурии Арманистон О. Алексанян оид ба нақши диаспора ҳамчун шарикони рушд – ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ: таҷрибаи Ҷумҳурии Арманистон – назария ва амалия, муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати ВММША ҶТ Т. Шарипов оид ба Харитаи роҳ вобаста ба реинтегратсияи муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта дар соли 2018 бо дастгирии шарикони рушд, намояндагони Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет” Ф. Бобоев оид ба дастрасӣ ба иттилооти дахлдори дохилӣ барои ҳамгироӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути пешбурди захираҳои онлайн, ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон” У. Авезов оид ба ҷанбаҳои муҳими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ Б. Ҷононова оид ба беҳтарсозии дастрасии муҳоҷирони ба Ватан баргашта ба хизматрасонии тиббӣ, ташкилоти ҷамъиятии “Иқтисод ва маориф” Т. Маликов оид ба таҳлили рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – натиҷаҳо ва қадамҳои минбаъда, “Ҳайати шафқат” Г. Шайх оид ба Таҷрибаи созмони мазкур дар реинтегратсияи иқтисодӣ, иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта: усулҳо, стратегия ва таҷриба, мушовир вобаста ба грантҳои СБМ дар Тоҷикистон К. Сулаймонов оид ба таҷрибаи ҳамин созмон дар самти ташкили ҷойҳои кор барои муҳоҷирони меҳнатии баргаштаи тоҷик, коршинос доир ба сиёсати муҳоҷирати ВММША ҶТ А.Фай оид ба аҳамиятнокии ҷалби гурўҳи мақсаднок барои идоракунии муҳоҷирати бозгашти муваффақ, директори МД “Паҷўҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и ВММША ҶТ С.Мутиева оид ба истифодаи иқтидори диаспораҳои тоҷик дар ташкил намудани ҷойҳои нави кор ва коршиноси байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Арманистон А. Харутюнян оид ба лоиҳаи “Роҳнамои методӣ барои кор бо муҳоҷирони меҳнатии баргашта” бо мақсади мутобиқшавии иҷтимоӣ ва иқтисодии онҳо ибрози назар карданд.

Аз номи ҳамватанони бурунмарзӣ намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қирғизистон Т. Алимардонова, М. Усмонов, И.Валиев ва Х.Мурзаев оид ба фаъолияти худ дар хориҷа ва дурнамои он гузориш доданд.

Баъдан иштирокчиён ба се гурўҳ тақсим шуданд ва модераторҳо вобаста ба мавзўъҳои алоҳида бо онҳо машғулият гузарониданд.

Пешниҳодҳои аз ҷониби гурўҳҳои корӣ барои таҳияи тавсияҳо манзур гардида пас аз таҳлилу баррасӣ қабул шуданд ва бо ҳамин конференсия ба охир расид.

 

                                                                                   Мардон Қурбонов