Дар мавриди муҳоҷирати бехатар

962 просмотров

Бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Ваҳдат бо аҳолии шаҳр ва фаъолону донишҷўён вохўрӣ барпо намуд. Муҳоҷирати бехатар ва таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо кори муносиб дар щдавлатҳои хориҷа, махсусан дар шаҳрҳои Федератсияи Россия масъалаҳои муҳими вохўрӣ ба ҳисоб рафтанд

Масъулин ба аҳолӣ доир ба ҳуқуқу уҳдадориҳои муҳоҷир, донистани забону маданият бо мисолҳои равшан маълумот доданд. Таъкид шуд, имрўз, ки аксарияти муҳоҷирон бино бар надонистани забон ва ҳуқуқҳои худ дар мамлакати бегона ба мушкилот рў ба рў гаштаву аз он давлатҳо берун шуда истодаанд ва дубора ворид шудани онҳо манъ гаштааст, аз ин хотир онҳо пеш аз сафар бояд бо кормандони Хадамоти муҳоҷират дар тамос бошанд.

Ҳамчунин, зикр шуд, ки дар сурати донистани забон, урфу одат, таърих ва доштани касбу ҳунари мувофиқи талаботи замон муҳоҷир ба ягон мушкилӣ рў ба рў намегардад. Боиси зикр аст, ки муҳоҷирони меҳнатие, ки воридшавиашон ба ФР манъ шудааст, дар Ватани худ таҳти ғамхорӣ гирифта шуда, онҳоро бахши Хадамоти муҳоҷират якҷо бо Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат ба корҳои доимӣ ва мавсимӣ таъмин карда истодаанд. Барои боз ҳам амиқ дарк намудани масъалаҳои мавҷуд ба иштирокдорони вохўрӣ аз ҷониби кормандони бахши Хадамоти муҳоҷират варақаҳои тарғиботӣ вобаста ба омодагӣ ба сафар тақсим карда шуд.

Дар охири чорабинӣ аҳолӣ ба масъулин саволҳои худро пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

                                                                                             Анвар Юсупов