Тоҷикони Шарқи Дур аз ватану миллати асили хеш ифтихор доранд

1,265 просмотров

Муҳаббат ба ватану ифтихор аз миллати асили дорои тамаддуни ҳазорсола ва парчаму ҳар як зарра хоки диёр барои ҳар як ҳамватани дар шаҳри Комсомоли лаби Амури кишвари Шарқи Дур буда, дар мадди аввал меистад. Бо вуҷуди дар масофаи зиёда аз 10 ҳазор км дур будан аз Тоҷикистони азиз ҳамватаноне, ки дар ин шаҳр солҳои зиёд зиндагиву фаъолият мекунанд, тавонистаанд оташи меҳру муҳаббат ба ватан, забони поку ноби тоҷикӣ, расму оину анъанаҳои миллиро, ки таҷассумгари ҳар як халқияту миллат мебошанд, дар қалбҳояшон фурӯзон нигоҳ доранд.

Тоҷикони шаҳри Комсомоли лаби Амур бо сарварии Қосим Абдухолиқов тавонистаанд ҷамъиятеро таъсис диҳанд, ки бо баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ дар сатҳи баланд муаррифгари миллату ватан бошанд. Ҳар як ҳамватани мо, ки орияти баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ дорад, ба хубӣ медонанд, ки маҳз тавассути забону расму оину фарҳанг метавонанд  миёни дигар халқиятҳо маъруф гардидаву мақом дошта бошанд.

Соҳибкорони муваффақи тоҷики ин шаҳре, ки дар солҳои шӯравӣ аз ҷониби ҷавонони тамоми кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар болои ботлоқзор сохта шудааст, доимо кӯшиш мекунанд дар баробари муаррифгари миллату ватан будан нақши сазовори худро дар ободиҳои Тоҷикистони азиз гузоранд.

Тавре зимни суҳбати телефонӣ раиси ҷамъияти тоҷикони  шаҳри Комсомоли лаби Амур Қосимҷон Абдухолиқов иброз дошт, мо дар кадом гӯшаи олам, ки бошем, тоҷик ҳастем ва ифтихор аз он дорем, ки имрӯз давлати мо бо роҳбарии Пешвои миллати тоҷикон  ба як кишвари зебову афсонавӣ табдил ёфтааст ва осон набуд барои Роҳбари муаззами мо Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ ва боз дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки осон нест ҳам роҳи сулҳу ваҳдатро пеш гирифтану ҳам ободиҳо кардан. Дур намеравем, ҳеҷ кас бовар  надошт, ки дар диёри мо боз мардум бо ҳам меоянду ваҳдату оромӣ тантана мекунад.

Бовар кунед, он солҳои 1992-97 мардум орзӯи ёфтани як бурда нонро доштанду дар паи  халосии ҷони худ буданд. Эмомалӣ Раҳмон вақте ба сари давлат омад, ки дар Тоҷикистон на ягон корхонаи обод монда буду на ягон соҳаи дуруст фаъолияткунанда. Бо иқтисодиёте, ки фалаҷ шуда буду ҳама воситаҳои техникаву лавозимоти зарурии кишоварзиро ба яғмо бурда буданд ва боз бар замми ин кашмакашиҳову нооромиҳо руҳияи мардумро,боварии мардумро ба фардои нек шикаста буданд, вале маҳз сиёсати хирадмандонаву одилонаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллату давлати моро боз дубора эҳё кард. Биноҳои боҳашамати ҳам давлативу ҳам инфиродӣ, таъсиси корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, бунёди нақбҳо гувоҳи оромиву осудагии давлати тоҷикон аст.

Мо дар ин шаҳрҳои дури Федератсияи Россия ҳам ки бошем, ҳамаҷониба сиёсати давлату ҳукумати Ватанамонро дастгирӣ мекунем ва мо ҳамаи соҳибкорони тоҷики муқими шаҳри Комсомоли лаби Амурро вазифадор кардаем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон  ҳатман барои мактаб-интернатҳо, барои сохтани роҳҳову мактабҳои Тоҷикистон аз рӯи имкониятҳои мавҷуда саҳмгузорӣ кунанд, зеро мо ҳар куҷое, ки бошем, дар кадом сатҳе, ки бошем як ватан ва як хонаи умед дорем, ки номаш Тоҷикистон аст ва хизмат ба ватан барои ҳар яки мо ҳам қарз ҳасту ҳам фарз.

                                                                                               Анвар ЮСУПОВ