Танҳо ба манфиати муҳоҷирони меҳнати равона карда шудааст!

1,248 просмотров

 

Кормандони шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳиро танҳо ба манфиати шаҳрвандон равона кардаанд.

Қайд кардан ба мавридаст, ки кормандони шуъба дар басти кории худ бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки азми сафари кишвари Россия доранд вохӯриҳо барпо намуда, суҳбатҳои муфид мегузаронанд. Бо ҳар як сокини кишвар дар алоҳидагӣ оид ба будубош, тағйиру иловаҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирӣ ва огоҳкунии воридшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмонҳои ғайриқонунӣ байналмилалии террористӣ ва экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи диниву мазҳабӣ дар кишварҳои хориҷа ва ба бар накардани сарулибоси ба милати мо бегона суҳбатҳо менамоянд. Ба ғайр аз ин, ба онҳо гуфта мешавад, ки пеш аз ҳама, онҳо бояд гирифтани патент ва суғуртаи тиббиро фаромӯш накунанд.

Кормандони шуъба саъю кӯшиш намуда истодаанд, ки кумаки хешро нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони мамлакат дареғ надоранд.

                                                  М.Тоҳиров

мутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Истгоҳи роҳи оҳани Душанбе»-и Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар ш.Душанбе.