Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст!

1,013 просмотров

 

 

 

(изҳороти кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо)

 

Зимни шиносоӣ бо матолиб ва ҳарзаҳои хоинону ватанфурўшон, аз ҷумла собиқ роҳбарону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии Наҳзати исломи Тоҷикистон, ки тариқи расонаҳои интернетӣ пахш мешаванд, беихтиёр ҳикояти зерин ба хотир меояд:

Дар замони зиндагии Абдураҳмони Ҷомӣ бузургтароше худро пайғамбарзода ва аз насли Паёмбари ислом (с) эълон намуда, барои исботи даъвояш шаҷаранома тартиб дод ва дар он рўйхат номи гузаштагонашро пушт ба пушт навишта, то Мустафою Алӣ расонид. Чанд нафар мансабдорони беимону бевиҷдон ба шаҷаранома имзо монда, дурустии он дурўғи маҳзро тасдиқ карданд ва бо ин амали зишт сари бузургтарошро ба осмон расониданд.

Рўзе ў шаҷараномаашро ба назди Абдураҳмони Ҷомӣ овард, то он алломаи даврон ҳам ба он имзои муборакашро гузорад. Шоири ширинадо ба ҷои имзо мондан дар як гўшаи шаҷаранома рубоии зеринро навишт:

Онро, ки бувад нури Набӣ дар башара,

                     Ҳоҷат набувад ба арзу тўли шаҷара.

                     В-онро, ки зи рух натобад ин нури сара,

                     Шаҷра надиҳад ба ғайри лаънат самара.

Яъне бузургию асилзодагии инсон аз рўи дараҷаи илму дониш, касбу ҳунар, имону виҷдон, адолату ростӣ, амалҳои хайр ва хизмати ба халқу Ватан кардааш маълум мешавад. Вагарна дар рўи қоғаз метавон маймунро одам муаррифӣ карду сиёҳро сафед навишт. Зиштро зебо хонду бадро нек гуфт.

Рафтору гуфтор ва амалкарди собиқ раиси ташкилоти террористию экстремистии Наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва думравонаш имрўз монанди бузургтарошии ҳамон нафари бехираду бефарҳангест, ки бо ҳар роҳу васила мехоҳад аз худ инсони бузург, ғамхори давлату миллат, донишманду порсо тарошад. Ва ҳар қадар дасисабозию фаҳшгўии онҳо бештар мешавад, ҳамон андоза дар байни мардум расвотар мешаванд, хиёнаташон ба халқу Ватани азизамон ошкортар ба ҷилва меояд.

Миллати мо дар таърих ҳамчун миллати куҳанбунёду фарҳангсолор, сулҳофару соҳибтамаддун шинохта шудааст. Чандин садсола аз ин пеш Ҷалолиддини Балхиву Саъдии Шерозӣ барин ситораҳои олами илму адаб маҳз аз тоҷик будани худ ифтихор кардаанд. Аллома Муҳаммад Иқбол бошад, забони тоҷикиро аз забони модарии худ болотар мегузорад. Гуфтори садҳо шахсиятҳои шинохтаи олам мавҷуд аст, ки диёри офтобиву миллати адабпарвари мо ва фарзандони барўманди онро ситоиш кардаанд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ватанамон боз ҳам пеш рафт, ободу зеботар гардид, номаш вирди забонҳо шуд, ки ин боиси ифтихори ҳамагон аст. Аммо фарзандони хиёнатпешаи миллат дар симои Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ беш аз 9 миллион сокинони Тоҷикистонро ба қабилаи Аче монанд мекунанд ва ба хотирашон намерасад, ки худашон ҳам аз ҳамин миллат ҳастанд.

16-уми ноябри соли равон, дар Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзую ормони деринаи сокинони диёр, яъне мавриди истифода қарор гирифтани чархаи нахустини Нерўгоҳи барқи обии Роғун, ҷомаи амал пўшид. Оид ба ин рўйдоди муҳиму таърихӣ бонуфузтарин расонаҳои хабарии ҷаҳон гузориш пахш намуданд, зеро бунёди Роғун ба манфиати кулли давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамсоякишварҳое чун Афғонистону Покистон ва Ҳинду Чин аст. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, Роғун умри НБО-и Норакро садсолаҳо дароз мекунад. Баъди пурра ба фаъолият даромаданаш ҳолати мелиоративии беш аз 3 миллион гектар заминҳои кишти минтақа, махсусан дар солҳои камборишию камобӣ, беҳтар мешавад. Муҳимтар аз ҳама, истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон пурра таъмин мегардад, барои бунёди корхонаҳои нав шароит ба вуҷуд меояд, ҳазорон ҷойҳои нави кор арзи ҳастӣ мекунанд. Дар ин радиф нерўи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тозаи изофагӣ ба давлатҳои ҳамҷавору ҳамсоя содирот карда мешавад.

Ҳамагон хуб медонем, ки барои оғози корҳои барқароркунӣ ва баъдан идома додани сохтмони НБО-и Роғун даҳҳо садду монеаҳои сунъӣ вуҷуд дошт. Танҳо ба туфайли истодагарӣ, пофишорӣ, сабру таҳаммул, матонату ҷасорат ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллат ба орзуи деринааш расид. Аммо ин ғалабаи меҳнатӣ ба ҷои шодию нишот бахшидан ва хурсандӣ овардан ба гуфти халқ айши Кабирию собиқ назҳатиҳои бадхоҳро талх кард. Ва имрўз тавассути сомонаҳои кисагии хабариашон ба рўи ҷаҳон ҷор мезананд, ки нерўи барқи дар Роғун истеҳсолшудаю истеҳсолшаванда бехаридор мемонад.

Дар оғози соли нави милодӣ ҳуқуқшинос, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Файзинисо Воҳидова баъди беморӣ вафот кард. Аҳли ҷомеа ўро ҳамчун ҳуқуқшиноси ҳақиқатпарвару адолатҷў мешинохтанд. Марҳума нисбати аксари масъалаҳо нуқтаи назари худро дошт, вале ҳеҷ гоҳ мухолифи давлату ҳукумат набуд. Чун кулли аъзои ҷомеа таманно дошт, ки Ватанамон ҳамеша ободу зебо, сокинонаш хушрўзгору хушиқбол бошанд. Мутаассифона, душманони давлату миллат дар хориҷа истода, аз ҳамин мусибат ҳангома сохтанд, марги ҳуқуқшиносро ғайритабиию сохта хонданд.

Хирадмандон гуфтаанд, ки оббурда ёр металабад. Яъне нафари дар об ғарқшудаистода ҳалокати худро дарк намуда, ба ҳар касу чизи пешомада чанг мезанад, мехоҳад нафари дигареро бо худ ба он дунё барад. Имрўз собиқ сарварону аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии Наҳзати ислом дар чунин ҳолат қарор доранд. Чун дар солҳои 90-уми асри гузашта бо роҳи шиорпартоӣ, даъватҳои бебунёд, пахши изҳороту муроҷиатнома, ташкили чорабиниҳои бадномкунанда ва дасисаю иғвоандозӣ  худро мусичаи бегуноҳ нишон дода, нафарони гумроҳу нодонро ба доми хеш кашидан мехоҳанд. Мутаассифона, на ҳама ҳамватанони мо, аз ҷумла насли наврасу ҷавон ин нуктаи муҳимро дарк мекунанду ба фаҳмаш мераванд.

Зиёда аз ҳазор сол пеш Синои бузург чунин панд дода буд:

Бо душмани ман чу дўст бисёр нишаст,

                 Бо дўст набоядам дигар бор нишаст.

                 Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,

                 Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.

Дар паноҳи хоҷагони хориҷиашон наҳзатиҳо имрўз ҳамон шакари бо заҳр омехтаю магаси бар мор нишастаро мемонанд, ки ҳамнишиниву ҳамкорӣ ва пайравӣ ба онҳо зиндагии ширину гуворои моро талх месозад. Ин қавми ватанфурўш, хиёнатпешаву намакношинос, каззобу дурўя, ки манфиату ғаразҳои шахсиашонро аз тамоми муқаддасоту арзишҳо боло мегузоранд, аз мо нестанд ва чуноне бузургон мегўянд, давидани гўсола то коҳдон аст.

Дар арафаи фарорасии Соли нави мелодӣ Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии фаъолияти аҳли ҷомеаро барои соли 2019 ва солҳои минбаъда муайяну мушаххас кард ва солҳои 2019 – 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни мубораки 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватанамон дар вилояти Суғд низ 1300 рўзи ободонию бунёдкорӣ эълон шудааст. Дар доираи татбиқи чорабиниҳои ҷашнӣ садҳо иншооти нав бунёд мешавад, корхонаҳои нав ба фаъолият сар мекунанд, диёрамон ободтару зеботар ва сатҳи зиндагии мардум баландтар мешавад, ки барои ҳамаи ин шукргузор бояд буд.

Ҳамватанони азиз!

Мо – аҳли ҷомеаи меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо рафторҳои хоинона ва ватанфурўшонаи Муҳиддин Кабирӣ ва пайравону ҳаммаслаконашро сахт маҳкум  мекунем. Дар радифи дигар аъзои ҷомеа намегузорем, ки онҳо мақсадҳои нопокашонро амалӣ созанд.

Даъватамон аз тамоми ҳамватанон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ ин аст, ки дар атрофи Пешвои муаззами миллат боз ҳам зичтар муттаҳид шавем, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, алайҳи бадхоҳон муборизаи беамон барем, диёри ҳамешабаҳорамонро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки абрҳои тира рўи офтоби бахту саодатамонро пўшонанду рўзгори хуррамамонро доғдор созанд.