Мардуми тоҷик меҳнатдӯст аст…

1,213 просмотров

 

 

 

 

Баъди сӯҳбатҳо бо мусофироне, ки аз Федератсияи Русия баргаштанду ё равонаанд, шаҳрвандони ҷумҳурӣ муҳоҷирони меҳнатӣ танҳо ба як мақсад ба ин кишвар сафар мекунанд, кору фаъолият намуда, маблағе ҷамъ намуда, боз ба зодгоҳи худ баргаштан аст.

Дар суҳбати чанде аз онҳо ин гуфтаҳо аён шуд.

Лоиқ Аҳмадзода, зодаи шаҳри Норак. Айни замон дар заводи шишабарории шаҳри Москва сантехник шуда кор мекунад.Маошаш қариб 50 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.

Соли чорум аст, ки ӯ дар ин завод кор мекунад. Ҳамаи ҳуҷҷатҳояш дурустанд. Бемалол дар шаҳри Москва рафтуо мекунад. Агар кормандони ҳифзи ҳуқуқ ӯро доранд, ҳуҷҷатҳои лозимаро ба онҳо нишон медиҳад. Аҳмадҷон  як чизро қайд кард, ки мардуми тоҷик меҳнатдӯстанд, ӯ вақти бекоргардӣ надорад ва бо корҳои ғайриқонунӣ машғул нестанд. Ҳоло ҳамроҳи ӯ 15 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон кор мекунанд, яке аз вилояти Хатлон, дигаре аз водии Ҳисор, сеюмин аз Бадахшон, ҳама аз як гиребон сар бароварда кор карда истодаанд.

Агар душворие, пеш ояд онҳо ба як дигар кӯмак мекунанд. Роҳбарияти корхона ба мардуми тоҷик боварии калон дорад, чун ки муҳоҷирони мо хуб меҳнат мекунанд, ҳалолкоранд, ҳар супорише аз тарафи роҳбарият шавад сари вақт иҷро мекунанд.

Зафар Маҷидов, иқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ. Соли дуюм аст, ки ӯ дар шаҳри Тюмен дар яке аз ширкатҳои сохтмонӣ фаъолият мекунад. Ҳамроҳи ӯ зиёда аз 70 нафар шаҳрвандони тоҷик низ кор мекунанд. Ду соле, ки онҳо ҳамроҳ кор карда истодаанд, ягон бор аз тарафи шаҳрвандони тоҷик қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта нашудааст. ӯ гуфт, мо тоҷикон танҳо як чизро мехоҳем меҳнат кунему, маблағ ҷамъ намуда ба Ватан ба назди аҳли байти худ сиҳат ва саломат баргардем.

Иброҳим Кабиров, сокини ноҳияи Ғарм.  Маротибаи дуюм аст, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Айни замон ӯ ба назди писари амакаш, ки дар яке аз бозорҳои шаҳри Екатеринбург бо савдои сарулибос машғул аст равона аст. Аваз қайд кард, ки як соле, ки дар ин шаҳр будам ва дар бозор савдо мекардам, аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ягон маротиба ҷазо нагирифтаам, чунки ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимаро дорам.

                                                             Рустам Маҳмадов

сардори баст сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирӣ ва  хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-и Раёсати ХМ дар шаҳри Душанбе