Озмун ҷамъбаст шуд, озмун идома дорад

1,278 просмотров

 

 

24 январи соли равон ҷаласаи ҳисоботии Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид, ки дар рафти он ду масъала – натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019, ҳамчунин натиҷаҳои ҷамъбасти озмуни вилоятии “Беҳтарин шуъба ва бахши Хадамоти муҳоҷират” бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баррасӣ шуд.

Ҷаласаи ҳисоботиро бо сухани ифтиҳтоҳӣ сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ оғоз намуда, баён дошт, ки дар интиҳои ин соли таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатиашонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ироа намуданд, ки барои мо ҳам дастури амал ва барномаи роҳнамо ба ҳисоб меравад.

9-ум ва 10-уми январ ҷаласаҳои ҳисоботӣ дар Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардиданд. Дар рафти ин маҷлисҳо фаъолияти Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳо ҳам баҳогузорӣ шуд. Боиси хурсандист, ки фаъолиятамон дар аксари самтҳо қаноатбахш арзёбӣ гардид. Дар ин радиф аз ҷониби роҳбарияти мақомоти болоӣ як қатор вазифагузориҳо шуданд, ки бояд иҷрои онҳоро дар соли 2019 таъмин намоем.

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, супоришу вазифагузориҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Сумангул Саид, сардори Хадамоти муҳоҷират муҳтарам Тоҳир Каримзода ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021, ҳамзамон ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудани 1300 рўзи ободонию созандагӣ аз ҳар нафари мо ҳисси баланди меҳнатдўстию масъулиятшиносӣ ва ташаббускорию ташкилотчигиро тақозо менамояд.

Бояд гуфт, ки дар давоми соли сипаришудаи 2018 низ фаъолияти мо ба татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба муҳоҷират нигаронида шуд. Дар радифи дигар аъзои ҷомеа кормандони Раёсат ва шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳо ҳам дар раванди бунёдкорию созандагӣ ва ободонии Ватан  саҳми худро гузоштанд.

Ҳисоботи Раёсат ва сохторҳои зертобеи он дар шаҳру ноҳияҳоро мудири бахши муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологии Раёсат Ҳусейнҷон Зоидов ба самъи иштирокчиёни маҷлис расонид. Ҳисобот хусусияти таҳлилию танқидӣ дошт ва диққати бештар да дарёфти роҳҳои ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта, боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият равона гардид.

Дар идома оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилоят мутахассиси пешбари шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсат Фаррух Самадов гузориш дод.

Танзими раванди муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ яке аз самтҳои асосӣ ва сермушкилоту сермуаммои соҳаи муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Дар миқёси вилояти Суғд ноҳияи Зафаробод ягона ноҳияи қабулкунандаи муҳоҷирон буда, дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Хуҷанд, Деваштич, Айнӣ, Ашт, Кўҳистони Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров муҳоҷирати дохилию экологӣ роҳандозӣ мешавад. Тибқи қарорҳои Ҳукумати кишвар бояд як қисми муайяни ин муҳоҷирон ба ноҳияҳои Ҷайҳуну Хуросони вилояти Хатлон ва ба таври ихтиёрӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кўчонида шаванд. Пурра фароҳам набудани инфрасохтори зарурӣ, ки бояд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фароҳам оварда шавад, дар роҳи таъмини иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати мамлакат монеа гардида истодааст. Ин нукта дар рафти гузориши музокирачиён – сардорони шуъба ва мудирони бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ Баҳрулло Ғайбуллоев, Зафаробод Илҳом Турсунов, Кўҳистони Мастчоҳ Муҳаммадносир Ниёззода, Ҷаббор Расулов Олимҷон Узоқов ва сармутахассиси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Мустақим Ахмедов махсус таъкид шуд.

Вобаста ба рафти бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷа мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан Алишер Хидиров, оид ба санҷишҳои назоратӣ собиқадори соҳа Абўбакр Ибрагимов ва самти муҳоҷирати меҳнатӣ сардорони шуъба ва мудирони бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Гулистон Фирўз Ҳодиев, Зафаробод Илҳом Турсунов, Истаравшан Ҳабибҷон Ҷумъазода, Истиқлол Фахриддин Ойматов, Бўстон Санҷар Сатторзода, сармутахасисони шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Исфара Мустақим Ахмедов, Мастчоҳ Маҳадбоқӣ Қурбонов ва Шаҳристон Насимҷон Ҳасанов гузориш доданд. Сардори Раёсат вобаста ба дигар самтҳои фаъолият баъди шунидани гузоришҳо аз ҳамаи музокирачиён пурсиш ба амал овард.

Дар рафти маҷлиси ҳисоботӣ масъалаи обуна ба нашрияи соҳавии “Шуғл ва муҳоҷират” ва ташкили санҷишҳои назоратӣ дар корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тамоми сохторҳои зертобеъ ҷиҳати таъмини меъёри муқарраргардидаи обуна вазифадор гардиданд ва ба онҳо то моҳи март муҳлат дода шуд. Ҳамзамон масъулини шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудудашон корхонаҳои муштарак ва ширкатҳои бо ҷалби қувваи кори хориҷӣ фаъолиятбаранда мавҷуданд, ҷиҳати давра ба давра ташкил намудани санҷишҳои назоратӣ ва иштироки фаъолона дар амалиёти махсус бо номи шартии “Нелегал” муваззаф гардиданд.

Қисмати аввали маҷлиси ҳисоботӣ бо вазифагузориҳои сардори Раёсат Зайнура Шарифӣ дар назди ҳар як иштирокчӣ ҷамъбаст гардид.

Аз рўи масъалаи дуюми рўзномаи маҷлис аъзои ҳакамони озмуни вилоятии “Беҳтарин шуъба ва бахши хадамоти муҳоҷират” Мардон Қурбонов суханронӣ кард. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни вилоятии «Беҳтарин шуъба ва бахши Хадамоти муҳоҷират»-ро эълон намуд.

Озмун ба таври кушода баргузор шуда, дар он шуъбаю бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Мақсад аз ташкил ва гузаронидани озмуни вилоятӣ таъмини иштироки фаъолонаи кормандон дар раванди бунёдкорию созандагӣ, тақвият бахшидани фаъолият дар ҳамаи самтҳо, ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта ва минбаъд роҳ надодан ба такроршавии онҳо, дастгирии методию амалии бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират, боз ҳам беҳтар намудани шароити меҳнат барои кормандон ва муайян намудани бахшу шуъбаи беҳтарини Хадамоти муҳоҷират дар миқёси вилоят буд.

Тибқи Низомнома зимни ҷамъбасти озмун фаъолияти бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират дар тамоми самтҳои кор,  аз ҷумла коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ, бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили махзани ягона оид ба муҳоҷирони меҳнатии берункардашуда ва саривақт пешниҳод намудани рўйхати онҳо ба бахшу шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ташкил ва гузаронидани пурсиши сартосарии ҳавлиҳо бо мақсади муайян намудани оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва таҳияи рўйхати ном ба ном, таҳияи рўйхати ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар бо иншоотҳои бунёднамуда ва амалҳои хайри анҷомдодаашон, корҳои иттилоотию маърифатӣ, баррасии муроҷиатҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мувофиқи меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, бо касбу забономўзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳо фаро гирифтани муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, мусоидат ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, дар ҳамкорӣ бо  ташкилоту муассисаҳои дахлдор андешидани чораҳои амалӣ дар самти фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, фаъолият дар самти муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ, боздид аз минтақаҳои барои муҳоҷирон ҷудогардида, мулоқот бо муҳоҷирони дохилию экологӣ, шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва мусоидат ба ҳалли муаммою мушкилиҳои ҷойдошта, иштироки кормандон дар рейдҳои муштарак, амалиётҳои махсус ва санҷишҳои назоратӣ бо мақсади ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва корҳои ҷамъиятӣ, риояи интизоми меҳнат, қоидаҳои одоби хизматчии давлатӣ, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, таъмини меъёри обуна ба рўзномаи «Шуғл ва муҳоҷират» ва дигар нашрияҳои даврӣ, роҳандозии амалҳои хайриявӣ ба назар гирифта шуд.

Ҳамзамон дар рафти ҷамъбаст баҳогузории гурўҳи кории Хадамоти муҳоҷират таҳти сарварии мушовири Хадамоти муҳоҷират Элмурод Турсунов ба фаъолияти сохторҳои зертобеъ, ҳолати утоқҳои корӣ, таҷҳизонидани онҳо, мавҷудияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, дониш ва малакаи касбии кормандон аз рўи натиҷаи озмун, аттестатсия ва баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ дар мадди назар буд.

Барои ҷамъбасти натиҷаҳои озмун таҳти сарварии муовини Раиси вилоят – сарпарасти соҳаи муҳоҷират ҳакамоти босалоҳият ташкил шуда,

Қабл аз ҷамъбаст гурўҳҳои кории Раёсат рафти иҷрои шартҳои озмунро дар шаҳру ноҳияҳо мавриди санҷиш қарор дод.

Қабл аз ҷамъбасти озмун гурўҳи кории Раёсат дар як қатор шаҳру ноҳияҳо рафти иҷрои шартҳои озмунро санҷид. Ҳамчунин аз рўи маълумотҳои пешниҳоднамудаи худи сохторҳои зертобеъ, ташкилу гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳоҷир фаъолияти онҳо баҳогузорӣ шуд ва ғолибони озмун чунин муайян шуданд:

Ҷои аввал шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд

Ҷои дуюм бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич

Ҷои сеюм бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом

Барои ғолибият ва соҳиб шудан бо ҷойҳои ифтихорӣ дар баробари Диплом шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд (Манзурат Саторова) бо як адад роҳхат ба осоишгоҳи «Соҳил», бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Деваштич (Санавбар Баҳодурова) бо таҷҳизоти барқии гарму хунуккунанда ва бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Конибодом  (Боҳирҷон Шарифов) бо ҷевони оҳанин (сейф) мукофотонида шуданд.

Ҳамчунин барои иштироки фаъолона дар озмуни вилоятӣ ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ мудирони шуъба ва бахшҳои Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол Фахриддин Ойматов, Истаравшан Ҳабибҷон Ҷумъазода, Зафаробод Илҳом Турсунов, Ашт Нодира Назарова, Ҷаббор Расулов Олимҷон Узоқов, Кўҳистони Мастчоҳ Муҳаммадносир Ниёззода ва мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан Алишер Хидиров бо Ифтихорномаи Раёсат қадрдонӣ шуданд.

Сардори Раёсат дар рафти табрики ғолибон баён дошт, ки даври навбатии озмуни вилоятӣ бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 соли равон ҳам эълон мешавад ва то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома меёбад.

Дар интиҳои маҷлис номбурда ба ҳамаи иштирокчиён хонаободиву сарбаландӣ таманно кард.

 

Мардон ҚУРБОНОВ