Анҷумани муштараки кулли тоҷикон ва тоҷикистониёни вилояти Иркутски Федератсияи Россия

909 просмотров

9 феврали соли равон дар шаҳри Иркутски Федератсияи Россия анҷумани муштараки кулли тоҷикони ин вилоят баргузор гардид. Ин анҷуманро гурӯҳи зиёиёни тоҷик, ки даҳсолаҳо дар ҳудуди ин минтақа кору фаъолият ва зиндагонӣ доранд, ташкил намуданд. Анҷуман бо садо додани сурудҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оғоз гардид.

Яке аз ҳадаф ва мақсадҳои асосии баргузор намудани ин анҷуман, пеш аз ҳама дар зери парчами миллати тоҷику тоҷикистониён ҷамъу муттаҳид шудан ва ба дӯстию ягонагӣ даъват намудани кулли ҳамватанони бурунмарзии вилояти Иркутски Федератсияи Россия буд.      Аз руйи ин масъалаи рӯзномаи анҷуман Маликшоев Муриват Раҳматович баромад намуда, дар баромадаш ҳамватанонро ба дӯстию ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват намуд. Аз руйи ин масъала Маҳмадбеков Эргаш Шодмонович, Ҳамдамов Шоимардон Алимардонович, Назархудоев Бахтибек Абдуласенович, Азизов Мирседамин Муллоевич, меҳмонон аз ташкилотҳои давлатию ҷамъиятии вилояти Иркутск низ баромад намуданд. Масъалаи дигари асосии рӯзномаи анҷуман бошад, ин ба ҳамватанон фаҳмонида додани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  26 декабри соли 2018 буд.

Аз руйи ин масъала аъзои Раёсати ҷамъият Тошев Абдусаттор Саидович баромад намуда, ба иштирокчиёни анҷуман нуктаҳои асосии Паёмро фаҳмонида дод. Дар рӯзномаи анҷуман инчунин оиди Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти № 1170 аз 02 январи соли 2019 «Дар бораи солҳои 2019-2021 эълон намудани солҳои рушти деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», аз тарафи садри маҷлис Маликшоев М.Р. ба хозирин оиди ин Фармон маълумоти комил доданд. Махсусан дар боби «Рушти деҳот», ба ҳар як ҳамватан муроҷиат намуда, аз вакилон ва иштирокчиёни ин анҷуман хоҳиш намуд, ки ҳар яки мо метавонем, дар деҳоти худамон, ягон иншоот мувофиқи талаботи ҳозираро сохта ба мардуми ҳам деҳа тӯҳфа намоем, ба монанди: боғчаи бачагона, нуқтаи тиббӣ, мактаби таҳсилоти умумӣ, толори варзишӣ ё  майдончаи варзишӣ, агар дар мавриди ин иншоотҳо мавҷуд буданашон, метавонем, ки яке аз ин иншоотҳоро гирифта таъмири замонавӣ намоем. Ё ин ки метавонем, дар деҳоти худамон ягон корхонаи хурди истеҳсолӣ ташкил намуда,чанд нафарро соҳиби ҷойи кор ва музди меҳнат гардонем, ба монанди: корхонаи дуредгарӣ, оҳангарӣ, бофандагию ресандагӣ, либосдӯзӣ, сартарошхона ва ғайраҳо. Ин таклифу пешниҳодҳоро кулли иштирокчиён бо хушнудӣ қабул намуданд.

Бояд гуфт дар анҷуман бори нахуст ҳамзабонон-тоҷикони узбекистонӣ низ фаъолона иштирок ва баромадҳо намуданд.

Дар кори анҷуман меҳмонон аз маъмурияти Губернатор ва Ҳукумати вилоят, аз маъмурияти шаҳри Иркутск, инчунин аз дигар ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ иштирок дошта, дар рафти анҷуман баромадҳо намуданд.

Дар фарҷоми анҷуман вакилон Маликшоев Муриват Раҳматовичро раиси кули тоҷикони вилояти Иркутски Федератсияи Россия интихоб намуданд.

                                                                                            Анвар ЮСУПОВ